ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати ҳалол барои некуаҳволӣ ва ободии Ватан ҳидоят мекунад. Эмомалӣ Раҳмон. Муъминобод, як порча а...
Тақвими хабарҳо;
«    Март 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ВАҚТЕ ҲНИ ЖУРНАЛИСТ МЕКУШТ...
Илова кард: adminn15-07-2020, 17:16Асоси

Расо 21 сол пеш, замоне, ки Муҳиддин Кабирӣ узви раёсати ҲНИ буд, бо амри ин ҳизб каллабур-килеронаш дар Душанбе тавонотарин журналисти тоҷикро куштанд. Имрӯз шарм надошта, дар Аврупо, ҳамин нафар даъвои демократияву озодии баён дорад...

 Ҷумъахон Ҳотамӣ кӣ буд?

Ҷумъахон Ҳотамӣ 31 августи соли 1957 дар ноҳияи Шӯрообод ба дунё омадааст. Соли 1974 баъди хатми мактаби миёна ба факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон шомил шуда, соли 1980 онро бомуваффақият хатм кардаст. Мутахассиси забони арабӣ буд. Ӯро муаллимони ин факулта Комил Мусофиров ва Ситам Раҳимов ҳамчун "яке аз беҳтарин донандагони забони арабӣ”  медонистанд.  Дар кишварҳои Ироқ,  Либия ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба сифати тарҷумон адои вазифа кардааст. Ба вежа 2 соли хизмат дар Афғонистон (с.1987-1989) омили асосии рӯ овардани Ҷумъахон ба сиёсат ва сабаби асливу усулии бархостани ӯ ба муборизаи беамон бар муқобили ифротгароёни наҳзатӣ гардид. Зеро, Ҳотамӣ маҳз дар Афғонистон шоҳиди бевоситаи харобсозиву сияҳкорӣ, табаҳсозиву вайронкорӣ, куштору ғорат, хонасӯзиву ваҳшонияти ин гурӯҳи ҷоҳил гашта, аз ҳадафу мақсадҳои нопокашон ба хубӣ огаҳӣ пайдо карда буд.

 Қазияи Ҳунаристони № 58

Ҳотамӣ дастпарвари мактаби замони шӯравӣ буд ва мисли аксари дигар ҳамсолонаш таҳти таъсири идеология ин мактаб бузург шуда, ба Ҳукумати шӯравӣ ва ғояҳои инсонпарваронаи он эҳтироми вежа дошт. Кизбу дурӯғу риёву тӯҳмату иғворо намеписандид. Ҳамеша омода буд, ки бар муқобили хурдтарин беадолативу ноҳақӣ садо баланд кунад. Ҷони худро ба хатар мегузошт, аммо талош мекард, ки ҳақиқат тантана кунад ва ҳақ ба соҳибаш бирасад. Пас аз баргаштанаш аз Афғонистон Ҷумъахон Ҳотамӣ як давраи муайяне дар ҳунаристони № 58 шаҳри Душанбе  дар вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ адои вазифа намуд. Дар ин давра як гурӯҳи худхоҳ, ки усулан адоваташон аз маҳалбозӣ сарчашма мегирифт, бо мақсади беобрӯ сохта, аз вазифа сабукдӯш кардани директори вақти омӯзишгоҳ (хато накунам насабаш Сироҷов буд) бар муқобилӣ ӯ байкот эълон карданд. Сироҷов бошад, инсони бошараф, ростқавл ва поквиҷдон буд. Аз байни ҳамкорон ягона касе, ки бар дифои ӯ бархост ин Ҷумъахон Ҳотамӣ буд, ки ҳамкоронаш ҳанӯз хуб ӯро намешинохтанд. Қазия то куҷоҳое, ки тӯл накашид, вале Ҷумъахон бо хӯю хислати ҷавонмардонаву ҳақбинонаи худ, аз обурӯ ва ҳайсияти директор ҳимоя намуд ва нагузошт, ки аз як тӯдаи худхоҳе ба ин  инсони шарафманд зиёне бирасад. Он гунае, ки худи Ҳотамӣ дар як навиштааш қайд мекунад, ин қазия нахустин ғалабаи комили ӯ бар беадолатӣ буд.

 Ҳикмати сафарҳо

Ҳотамӣ бештар аз 7 соли умри кӯтоҳи худро дар сафарҳо ва дар давлатҳои хорҷӣ гузаронид. Ӯ ҳар куҷое буд, меомӯхт, хулоса мебаровард ва ба муаммоҳои сарбаста ҷавобҳо меҷуст. Сафарҳои пайдарҳами дуру дароз, минтақаву фарҳанг ва сохти гуногун, миллатҳои аз ҷиҳати инкишоф дар сатҳи мухталиф қарордошта, Ҳотамиро ба сафире, сиёсатмадоре, тадқиқгаре табдил доданд. Байни ҳамкорону ҳамхизматон соҳиби эҳтироми вежа буд. Дар ҳалли бисёре аз масоили пайдогашта, маҳз ӯ машваратчии асосӣ ба ҳисоб мерафт. Волии вилоятҳои Ҳироту Ғӯр ва Бодғиси Афғонистон оғои Файз Аҳмади Холиқёр, ки баъдтар Сарвазири Афғонистон таъин шуд, ба Ҷумъахон эҳтироми зиёд дошт. Қумандони ливои 4 қувваи сарҳадии Афғонистон, генерали шаҳид Муъмин, ки худ низ ҷавони шердилу поктинат ва содиқу худфидо буд, бо Ҳотамӣ риштаи дӯстӣ дошта, ӯро бародарвор эҳтиром мекард.  

 "Ихвон-ул-муслимин” –падари ҲНИ

 Хулосабардориҳои Ҳотамӣ

Ҳақ ба ҷониби яке аз ҳамсагарон ва дӯстони наздики Ҳотамӣ - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Носир Назаров аст, ки бораи Ҷумъахон менависанд: "Аз нигоҳи инфиродии ман, Ҳотамӣ нахустин шахсе буд, ки аз зуҳури ин ҷоҳилон бонги хатар зад. Зеро, ӯ мефаҳмид, ки ин деви ҷаҳолат, ки имрӯз дар Тоҷикистон сар бародвардааст, фардо метавонад ҳама хушку тарро ба коми бетагаш фурӯ барад. Агар истеъдоди Ҷумъахон ва қаламу сухани буррояш намешуд, аҷаб набуд, ки мардуми тоҷик ба доми фиреби ашхоси ҷиноятпеша сахт гирифтор мегашт ва вақте ба чунин ҳалқа афтодан табиист, ки аз он раҳо шудан дигар кори осон нест. Хушбахтии халқи тоҷик буд, ки чунин ҷавонмардони фидокор пайдо шуда, қалбашонро чун қаҳрамони ҳикоёти Горкий – Данко машъал сохтанду роҳи наҷоти мардумро дар Тоҷикисон фурӯзон карданд”.

 Ҷасорати Ҳотамӣ

Баробари аз ҷониби асолатбохтагони наҳзатӣ шурӯъ гаштани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва ба харбокориҳои гӯшношунид даст задани онҳо, Ҳотамӣ пурра вориди майдони  мубориза шуд. Зеро ӯ ҷасорату шуҷоати мардонагӣ ва ҳисси баланди Ватандӯстӣ дошт. Имрӯз баромадҳои ӯро тавассути садову симо ва нашрияву маҷаллаҳо ба хотир оварда, ба масале "бадани кас мурғак медамад” ва бори дигар ба далериву шуҷоати он ҳама ҷавонмардоне, ки дар ҳифзи Ватан ва барои суботи кишвар ҷонфидоиҳо кардаанд, аҳсан мехонед. Ӯ дар лаҳзаҳое, ки ҳазорон наҳзатии ақлбохтаи сар то ба по мусаллаҳ, дар паи ҷисман нест карданаш буд, аз гуфтани сухани ҳақ намеҳаросид. Ман имрӯз ҳайрони онам, ки чаро дар ТВҳо, дар радиоҳо, дар газетаву маҷҷалаҳоямон дигар чунин журналистон надорем?! 

Маъзарат, аммо кор то ҷое расидааст, ки Худо нокарда аз дили Аврупо ягон фейке таҳдид кунад, бисёриҳо мисли шутурмурғ сар ба қум пинҳон мекунанд. Ба назар мерасад, чунин гумон  мекунанд, ки худ нодида бигиранд, онҳоро низ намебинанд ва ҳамин тур пушти "Маркази матбуоти ниҳодҳои номаълум” руст мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола аз буҷаи Ҳукумат миллионҳо сомонӣ барои нигаҳдошт ва роҳандозии фаъолияташон ҷудо мегардад. Мутаассуфона, набудани ҳотамиҳо дар ВАО-и имрӯзӣ, майдони баҳсҳои иттилоотиро барои гурӯҳҳои фиротӣ фарохтар намудаст. 

 Қатли Ҳотамӣ

Билохира, рӯзи 4 июли соли 1999 бо супориши роҳбарони гурӯҳи наҳзати исломӣ Ҷумъахон Ҳотамӣ ба қатл расид. Ин куштор дар васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ мавриди таваҷҷӯҳи вежа қарор гирифт ва расонаҳои зиёди байналмилалӣ дар борааш матлабҳо навиштанд. Аз ҷумла, ҳамоҳангсози барномаҳои маркази осиёӣ ва аврупоии Кумитаи байналмилалии ҳифзи рӯзноманигорон- Александр Люпис менависад: "Як гурӯҳ рӯзноманигорони тоҷик, ки 1 ҳафта пас аз куштори Ҷумъахон Ҳотамӣ  ба ҷаласаи Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон ба Ню –Йорки Амрико омаданд, Ҳотамиро барои касбият ва далерияш бисёр боэҳтиромона ёд мекарданд ва ҳамчунон қисса мекарданд, ки худи Ҳотамӣ борҳо дар барномаҳояш ошкоро изҳор кардааст, ки эҳтимолан рӯзе барои интиқом аз раҳбарони гурӯҳҳои ифротгарои наҳзатӣ ва тиҷораткунандагони маводи мухаддиру яроқу аслиҳа, ки номҳояшон дар барномаҳои ӯ ошкоро садо медиҳанд, кушта хоҳад шуд. Азбаски Ҳотамӣ корманди масъули Вазорати корҳои дохилӣ буд, оҷонсиҳои хабарии ғарбӣ, баръакси расонаҳои маҳаллӣ, аз ӯ ҳамчун аз журналист ном намебурданд”.

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Андешаи Шумо
Ном:*
E-Mail:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз:
Включите эту картинку для отображения кода безопасности
обновить, если не виден код
Рамзро дохил кунед: