Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Рафтори ноҷо беморист.
Дар ҷаҳонипуртазоду бисёр ҳассоси муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад, баҳсу талошҳои идеологӣ марҳила ба марҳила вусъат меёбад. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлат нисбат ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пойдории фарҳанг ва ҳифзи афзоишҳои миллӣ пайваста саъй менамояд.
Хатари геопалитикии ҷаҳони муосир, паҳншавии фаъолияти терроризм ва экстремизм, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ҳамоно аз мавзӯъҳоимубрами рӯз дар ҷаҳони муосир арзёби мешаванд.
Бо вуҷуди гузаронидани чорабиниҳо миёни сокинон, аз ҷумла ҷавонон, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро аз масъалаҳои ташвишовар боқӣ мемонад. Сабаби асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои даҳшатафкану ифротгаро ҳархела арзёби мешавад, муҳимтарини онҳо сатҳи пасти маърифати диниву ҳуқуқӣ, ҷаҳоншиносиву инсондӯстии онҳо шинохта мешавад.
Имрӯз терроризм ва экстремизм ба тамоми мардуми дунё хатарҳои нав ба нав эҷод карда истодааст. Ба ҳар як фарди Тоҷикистон зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Чунки имрӯз дар ҷомеаи мо ҳизбуҳаракатҳое вуҷуд доранд, ки ин мутолибро сарфи назар карда, мехоҳанд ба осонӣ, тавассути чарбзабонӣ, бо зикри камбудию мушкилоти ҳаёти аҳлиҷомеа ва интиқоди фаъолияти мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб созанд.Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ дар симои роҳбарону одамони фаъоли худ ин роҳи боз ҳам содатарро идома медиҳанд. Махсусан, роҳбариятиҳизби мазкур ба ҳар баҳона ва дуруғҳои нобовар мекӯшанд хешро дар бештар маврид муаррифӣнамоянд. Вале мардуми тоҷик хуб медонанд, ки касоне кори хуб иҷро мекунанд эҳтиёҷ ба таблиғу ташвиқнадоранд, зеро халқдовару дастгири онҳост.
Мутассифона, роҳбариятиҲНИ, ба вижа, Муҳиддин Кабирӣ кӯшиши зиёде ба ҳарҷ медиҳад, ки дар сиёҳ намудани мақомоти давлатӣ аз дигарон пештар гузарад. Онҳо хидматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ки пайваста дар роҳи таъмини шаҳрвандон ба ҷои кор, рушди бемайлони соҳаҳои маорифу тандурусӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус, озодиҳои эътиқодии мардуми мусалмон талош меварзанд , нодида мегиранд. Аъзои ҲНИ хуб медонанд, ки фирефтани як қисми мардум осонтар аст. Зеро як қисми алоҳидаи мардум на ба амал, балки ба сухани болохонадору фиреббандаи роҳбарони ҲНИ зудтар бовар мекунанд. Хурофот ва таасубу ифротгароӣ ҷаҳолат ва торикист, ки ба мардуми Тоҷикистон танҳо бадбахти меорад, на чизи дигар.
Аз ин рӯ, ба андешаи мо, яке аз роҳҳои асосии эмин нигоҳ доштани насли наврас аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти баланди миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардани онҳост. Нагузорем, ки нохалафе ба мо ба чашми бад нигариста, оромию озодии моро халалдор созад.
Директори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 15З.Муҳиддинов
silvenpsp.rusferurezki.ru