ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Экстремизм ва терроризм: муаммоҳои он.
Илова кард: adminn26-08-2020, 15:38Асоси

Экстремизм ва терроризм: муаммоҳои он.

 

Экстремизм (лот), ифротгароӣ (арабӣ) зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқи ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфта мебошад,ки ба бенизомӣ, тағйири сохти кониститутсионӣ дар мамлакат ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣва динӣ даъват мекунад.

Ифротгароӣ дар сатҳи шахсият ҳамчун зуҳуроти ғоя, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа ҳамчун идеология шинохта шавад. Ифротгароии сиёсӣ зуҳуроти ифротии идеология ва сиёсат дар сатҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ, ки усули ба мақсад ноилшавӣдар ҳолат ва шароити муаян амалҳои зӯроварӣва терроризм мебошад. Дар охири асри 20 ва ибтидои асри 21 падидае бо номи «терроризм» қувват гирифт, ки ба воситаи пурқуввати мубориза барои манфиатҳои сиёсӣ, идеологӣ ва геополитикӣтабдил ёфтааст. Террор (лотинӣ), маънояш таросу ҳарос, даҳшат мебошад. Терроризм сиёсати тарсондан.ба даҳшат андохтан, пахш кардани рақибони сиёсӣ бо роҳи зӯриву даҳшатафканӣ мебошад. Мутахассисон терроризмро ба чунин гурӯҳҳо тақсимбандӣ мекунанд: терроризми давлатӣ, терроризми гурӯҳҳои мухолифи давлат, терроризми байналмиллалӣва дохили давлатӣ. Аз рӯи хислати иҷтимоӣ бошад онро ба терроризми иҷтимоӣ, динӣва этникӣ (халқӣ) тақсим мекунанд.

Террористон одамонро медӯзданд дар ҷойҳои таҷамӯи бомба метарконанд ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ ва ҳизбӣ даст мезананд. Аз рӯи ҳисоботҳои Департаменти давлатии ИМА имрӯз дар ҷаҳон ҳарсола аз 320 то 620 амалиётҳои террористӣ анҷом дода мешавад. Ин департамент рӯйхати «Созмонҳои хориҷии террористиро тартиб додаст, ки дар он зиёда аз 30 созмон дохил шудаанд. Аз ҷумла созмони «Абу-Нидал», гурӯҳи «Абу-Сайёф», «Аум-Сиприкё» (Япония), «Хамас» (Фаластин), созмони баскҳои Испания бо номи «Ватан ва озодӣ» (ЭТА), «Ал-Қоида», «Артиши озодихоҳии миллӣ» (комрибия) ва ғайраҳо.

Баъд аз амалиётҳои террористии сентябри соли 2001 (дар ИМА) дар бораи терроризми Исломӣ сухани зиёд мегӯянд, вале Ислом ба монанди дигар динҳои ҷаҳонӣнисбат ба хушунату зӯроварӣ муносибати манфӣдорад. Ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: «Терроризм дар асоси худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳам давлатҳои мусулмонӣ бо падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣбояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна нирӯҳо аз номи ислом амал намуда,номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳангӣ волои Исломиро пиёда месозанд.

Собиқ муншии умумии СММ дар маърӯзаи худ (2.05.2006) чунин мегӯяд: «Ба террористон ҳеҷгоҳ имкон бояд дода нашавад,ки он барои содир намудани амали террористӣбаҳона пайдо кунанд. Барои кадом мақсаде,ки мубориза накунанд, барои кадом озурдахотирие, ки онҳо ҷавоб намугӯянд,терроризмро барҳақ шуморидан раво нест»

Бинобар ин сабаб мусулмонони Тоҷикистон, махсусан ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки терроризми Исломиро мамлакатҳои Ғарб барои шикасти Ислом, давлатҳои мусулмоннишин равона карданд, то қи сиёсати мастамликадории навро амалӣ намоянд.

 

 

 

 

 

 

Директори маркази дарёфт

ва рушди истеъдодҳои

назди шуъбаи маорифи

ноҳияи Муъминобод Одинаев Худоёр.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.