ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати ҳалол барои некуаҳволӣ ва ободии Ватан ҳидоят мекунад. Эмомалӣ Раҳмон. Муъминобод, як порча а...
Тақвими хабарҳо;
«    Июль 2019    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Наҳзатиҳо – гурӯҳе сангдилу бешараф
Илова кард: adminn31-01-2019, 01:11Асоси
Мусалламан, инсони солимфикр ва соҳибназар ҳамеша пухтакор аст. Зеро ӯ ҳар суханашро мулоҳиза мекунад ва оқибати ҳар амалашро андеша мекунаду сипас, сухан мегӯяд ё ба иҷроиши амал даст мезанад. Шояд ҳамин тарзи суханронӣ ва амалкардаш бошад, ки атрофиён нисбат ба чунин одамон эҳтироми хосае доранд. Инсонҳои бохирад ва бофазл аслан дилсоф ва хоксор буда, ба зуди ба дилу дидаи мардум ҷой мегиранд. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Бедили бузургвор аст, ки мегӯяд:

Ҳамчу ойина агар соф шавӣ, 
Ҳама ҷо анҷумани дидор аст.

Дар ҷомеа инсонҳои мухталиф бо дидгоҳу ҷаҳонбинӣ ва хираду дониши ба худ хос дар паҳлӯи ҳам кору фаъолият мекунанду умр ба сар мебаранд. Дар баробари инсонҳои худшиносу худогоҳ ва соҳибхираду соҳибназар одамоне низ дар кору пайкор ҳастанд, ки қалбҳои пур аз кинаву адоват, дилҳои пур аз ғараз ва мағзҳои бадшуда бо андешаҳои аҳриманию заҳҳокӣ доранд. Бухл, кина, адоват, нафрат, пастфитратӣ, зиштӣ, тамоми мағзи эшонро тираю босираашонро тангбину дилашонро сиёҳ намудааст. Ин ҳама ғаразу нафрат ва кинаву адоват барои ба даст овардани молу мулк ва мансабу вазифа равона гардида, ба ҷуз зарар, ҳеҷ ҷадидию пешрафте дар ҷомеа надоранд.

Ин қабил одамон бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки дар ҷомеа овозаҳои дурӯғу беасос паҳн намоянд, нифоқ парокананд ва мардумро ба гумроҳа бурда, худ нақшаю ҳадафҳои нопокашонро осон рӯйи кор оваранд. Зеро онҳо дар иҷроиши ин амалҳо таҷрибаи кофии таърихӣ дошта, бунёдгузоронашон бо ҳамин тарзу усул ҷомеаҳоро ба бадбахтию нокомӣ гирифтор менамуданд ва давлатҳову миллатҳои  бузургро низ борҳо ба нобудӣ бурдаанд. Онҳо ҳамеша бо ғайбату бадгӯӣ ва пастзанию бадномкунии табақаи равшанфикру озодандеш ва огоҳу бедори ҷомеа машғул буда, ба ҳар мушкилие набошад ба мақсадҳои нопоки хеш расидан мехоҳанд. Зеро хуб медонанд, ки ин қишри ҷомеа аз ҳиллаю найранг ва амалҳои пасту зишти онҳо зуд огоҳ мегардаду халқро аз бадкирдорию бадрафторӣ нигоҳ медоранд. Дӯздию ғоратгарӣ ва ҷиноякории дар замирашон нуҳуфта ва пайвандашонро фарогирифта, эшонро намегузорад, ки аз ин амалҳои зишту паст ва баду разилона даст бикашанд. Яъне, ин ҳама ба ҳам тавъам омада, ононро ба каждумҳою  морони дар сурати одам табдил додааст, ки хоҳу нохоҳ бояд неш бизананд, заҳр пошанд ва ҳама ҷойро вайронаю валангор бубинанд.  Ҳаққо, ки: «олам аз сангдилон (кӯрдилону тангназарон ва бадхоҳона бадандешон) кӯҳсор аст!».

Ҷамъияти кунунии Тоҷикистон низ аз ин тоифаи одамсуратони каждумпешаю морсиришт орӣ набуда, баръакс миллати кӯханбунёди мо дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияти хеш, на аз дасти аҷнабиёни хунхору ғоратгар, балки аз дасти ҳамин душманони худию дохилӣ дучори бадбахтиҳо ва вартаҳои нобудӣ гардид. Аз ибтидои солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз карда, то ба имрӯз зимоми чунин амалҳои тахрибкоронаю ғайриинсониро аламбардорони онҳо, роҳбарони  ТТЭ ҲНИ ба даст гирифтаанд. Аз рӯзе, ки онҳо ба иҷроиши нақшаҳо ва ҳадафҳои нопоку душманонаи хеш оғоз карданд, ҳамагон гуфтанду мегӯянду, ки  тамоми фаъолияти ин гурӯҳи ҷинояткор бар муқобили арзишҳои миллии Тоҷикистон  равона гардида, душмани ашадии меҳану миллати мо маҳсуб меёбанд.

Аҷиб ин аст, ки ҳамин хоинону душманон, яъне террористони наҳзатӣ ҳам, имрӯз ба хасаконе табдил ёфтаанд, ки дар бораи ватан, ватандӯстӣ, ватандорӣ ҳарф мезананд. Аммо ин гуфторашон ба кирдорашон ҳеҷ мутобиқ накарда, дар ин мавзӯъ сухан кардан бояд барояшон боиси шарму нороҳатӣ бошад. Вале онҳо, ки бешарафу беномус ва пастфитрату тангназаранд, бешармона аз забон ин гуна ҳарфҳо мебароранд. Чунки шахсеро ватандору ватандӯст гуфтан мумкин аст, ки натиҷаи фаъолияташ, натиҷаи ҳар амалаш ба миллату меҳан манфиат орад. Манфиати меҳану миллатро аз манфиатҳои кӯчаки шахсию гурӯҳӣ болою воло донад ва фидоии ватан бошад. Ҳатто, ҳар шахсе, ки дар ҷойи кораш хубу самаранок меҳнат мекунад, дасту дили пок дорад, фарзандони солеҳу меҳнатқарин тарбия менамояд, бешубҳа ватанашро дӯст медорад ва фарзанди асили миллат аст. Миллатдӯстию ватанхоҳӣ амали манфиатовар, меҳнати ҳалолу самаранок баҳри ояндаи ин сарзамини аҷдодист. Ҳақ ба ҷониби устод Лоҳутист, ки фармуда: 

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд аммо намедонам,
Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор ё ҳар ду.

Аз ин амалҳои дар боло зикргардида, кӯчактарин амалу рафтореро дар фаъолияти террористону экстремистони наҳзатӣ дидан амри маҳол аст. Аз ин рӯ, онҳо ҳеҷ гоҳ ватанхоҳу миллатдӯст набуданду нестанд ва баръакс душманону бадхоҳон ва хоинону бадандешони марзу бум буданду ҳастанд.

Имрӯзҳо гурӯҳҳои ҷиноятию фиребгар ва найрангбозе, чун ТТЭ ҲНИ барои ба даст овардани ақли мардум, хусусан ҷавонон, баҳри ба арсаи ҷангу мубориза табдил додан ва ноиттифоқӣ паҳн кардан миёни мардум, пайваста ҷаҳду талош мекунанд.

Дар ин шаке нест, ки роҳбарону намояндагони ТТЭ ҲНИ бар зидди арзишҳои миллату меҳани мо душманӣ мекунанд. Ҳамагон хеле хуб медонанд, ки онҳо ба хотири пулу моли ночиз ҳайсият, шахсият, қадр, қимат ва номуси инсонии хешро осон фурӯхта, ба бешарафтарин, беномустарин, пасттарин ва разилтарин фард табдил ёфтаанд. То ба сатҳе худро пеши хоҷагони хориҷиашон паст задаанду пеши пойи онҳо афтодаанд, ки ба як шайъи нолозиму нодаркор ва иштибоҳу ифлосгарди ҷамъияту табиат табдил ёфтаанд. 

Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Андешаи: AustSoymn17 апреля 2019 08:48
Cialis En Pharmacie Prix Viagra Generika Richtig Propecia Vellus cialis price What Amoxicillin Is Used For Priligy Aus Holland Erfahrungen Mit Cialis Viagra
Андешаи Шумо
Ном:*
E-Mail:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз:
Включите эту картинку для отображения кода безопасности
обновить, если не виден код
Рамзро дохил кунед: