Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Ба ҷасорат ва ҷуръати шахсии Шарофиддин Гадоев, ки шарофатмандона ба Ватан баргаштааст, таъзим бояд кард, тан бояд дод.
Наҳзатиҳое, ки дар гудоли таърих барои абад ғута задаанду хати сурхи муборизаро шикаста, наворҳои кӯҳнаро ба таври сунъӣ дуруст карда, тавассути журналистони бевиҷдон пешкаши хонанда мекунанд, ки гӯё касе ӯро хилофи иродааш ба Тоҷикистон овардааст. Ин доираҳои меҳанфурӯш ҳоло ҳар чиз мебофанду ҳарос аз он доранд, ки Шарофиддин онҳо мефурӯшад ва нақшаҳои зиддимиллии онҳоро рӯйи об мекунад.
Шарофиддин сидқан ва ихлосан аз кардааш пушаймон аст ва дар назди миллат узрхоҳӣ кардааст, зеро дар давоми солиёни дароз зери таъсири мағзшӯйии ин ҳизби мутаассиб қарор дошт. Ӯ хоин нест, балки шумо наҳзатиҳо хоин ҳастед, ки ҷавононро гумроҳ мекунед ва бо як айёрии муллогӣ гуноҳи худро боз рӯпуш мекунед, ки ҳайфатон бод.
Гадоев ба Ватани худ баргаштааст, ҳамин ҳоло ки ин мақола таҳия мешавад, ӯ дар ноҳияи Фархор қарор дораду ба зиёрати хешутабор ва аъзои оилааш рафтааст. Сари қабри ҳазрати қиблагоҳаш дуову фотиҳа мехонаду садҳо лаънат ба нишонии наҳзатиҳо мефиристад, ки ӯро гумроҳ карда, водор кардаанд, ки 7 соли дароз бар зидди миллату давлат беҳуда қад алам карда буд. Ва табиист, ки ин гуноҳашро мехоҳад ислоҳ менамояд.
Чизе ки баъд аз гуфтаҳои Шарофиддин нашр мешавад, фиреби назар ва дурӯғи маҳз мебошад, зеро бо роҳандозӣ кардани кампанияи зидди Шарофиддин, наҳзатиҳо сиёсати тафриқаандозона ва душманонаи худро рӯпуш карданӣ ҳастанд.
Шарофиддин аз ин ба баъд дар чабҳаи дигар қарор дорад, дар чабҳаи созандагӣ, дар ҷабҳаи миллатсозӣ, ӯ дигар сар медиҳаду сангар не.Роҳи ӯ аз меҳанфурӯшони наҳзатӣ барои абад ҷудост.
Гадоев ба сарзамини худ, пеши модари худ ва хешутабори худ баргаштааст, мисле ки Сатторов Айёмиддин, Саид Иброҳими Назар, Баротов Раҳматулло ва даҳҳо нафари дигар бо изҳори пушаймонӣ аз роҳи интихобкардаашон дар назди наҳзат ба Ватан баргаштанд. Пас аз ин, албатта Кабирӣ рӯз то рӯз заиф гардида, шикаст хоҳад хӯрд. Чун хори марғелон танҳо хоҳад монд.
Машав ёвари марди паймоншикан,
Фирдавсӣ
Салим Мусавиров, сокини н.Фархор, омӯзгор
silvenpsp.rusferurezki.ru