ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ Имони пок инсонҳои худоҷӯйро ба меҳнати ҳалол барои некуаҳволӣ ва ободии Ватан ҳидоят мекунад. Эмомалӣ Раҳмон. Муъминобод, як порча а...
Тақвими хабарҳо;
«    Апрель 2021    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

НАВРӮЗИ БОСТОНӢ ВА МАРҲИЛАБАНДИИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ (БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ НАВРӮЗ)
Илова кард: adminn19-03-2019, 15:18Асоси

Наврӯз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва арзишманди таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дӯш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирӯзии навъи башар буда, инсонро ба сӯйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мутамодӣ суннату ойинҳои Наврӯз имрӯз ҳам на танҳо дархӯри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи мутааддади сайёра тавсия дод.

Худшиносӣ эҷоди фардист ва биниши инсониро дар робита бо зиндагӣ, ҳастӣ, кайҳон ва билохира олами инсонӣ ифода мекунад. Ҳар нафар бо назардошти фаросат, фазилат, дарк, хирад ва маърифати худ ба ҷаҳону ҳастӣ менигарад ва ба ин восита ҷаҳони худогоҳию худшиносиашро тавсеа мебахшад.

Наврӯз, қабл аз он ки ба он ҷомаи кишоварзӣ, ахтаршиносӣ, кайҳоншиносӣ пӯшонанд, марҳилаи нахустини шинохту маърифати инсонӣ дар идомаи ҳастӣ будааст. Ин нуктаро донишмандони ватанию хориҷӣ, мисли Дорместетер, Кристенсен, Меҳрдоди Баҳор, Ҳошим Разӣ, Манучеҳри Ҷамолӣ, М. Рӯҳуламинӣ, М. Ҳазратқулов, К. Бекзода, М. Мирраҳим, Рӯзӣ Аҳмад, Д. Раҳимов ва дигарон таъйид кардаанд. Муҳим ин аст, ки Наврӯз ба сифати як ҷашни фарогир, пеш аз ҳама, баёнгари ҳувияти миллӣ дар марҳилаҳои таърихӣ мебошад.

Ба назари мо, раванди таърихии худшиносии миллиро, ки ба Наврӯз иртиботи бевосита дорад, шартан ба чанд марҳила метавон тақсимбандӣ кард:

1.Марҳилаи аввали худшиносии миллӣ, ки ба зуҳури Наврӯз оѓоз меёбад, бо шахсияти устуравии Ҷамшеди пешдодӣ бастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ба шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва ин тавъамӣ ё пайвастагӣ бедалел нест, чаро ки Ҷамшед нахустин шаҳриёри ҳушманди ҷуѓрофиёи фарҳангию сиёсии ориётаборон аст, ки тавассути илму хирад сохтани ҷаҳони навро шурӯъ намудааст. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо овардани Наврӯз марҳилаи аввалини худшиносии миллиро дар ҷаҳони маърифати ориёитаборон оѓоз бахшида, таҷлили онро ҳамчун тантанаи хирад ва адолат (ду бахши муҳими ҳаёти сиёсӣ-давлатӣ ва фарҳангӣ-иҷтимоӣ) саросарӣ намудааст.

Мушкилоти ҷомеаи инсонӣ аз замони зуҳури инсонӣ то ба имрӯз дар як нукта тамаркуз мекунад ва он маргу нестӣ аст. Ҳамин мушкили аввалиндараҷа ва ба истилоҳ, калидӣ дигар мушкилотро ба дунбол дорад. Ин мушкилот (дард, ранҷ, беморӣ, сардӣ ва гармии аз ҳад зиёд, бадбинӣ ва танаффур, дурӯѓгӯйӣ ва амсоли инҳо) пайваста ҳамқадами инсонанд ва ба гумони устурасозони пешин, рафъи мушкилоти фавқ аз ҷониби Ҷамшед ба вуқӯъ пайвастааст ва нахустин маротиба дар таърихи фарҳанги мо (албатта, дар қолаби устура ва боварҳои миллӣ) инсон намиранда мегардад. Дар китоби «Вандидод» (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба достони Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо гуфтааст: «Ман ҷаҳони туро фарохӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг» (ниг.: Вандидод, ҷилди аввал, фаргардҳои 1-8. Тарҷума ва пажӯҳиши Ҳошим Разӣ. Теҳрон, 1385. -С. 425). Ҳаким Фирдавсӣ, бо такя ба асотири куҳани аҷдодӣ дар қолаби достони Ҷам (достон шомили 74 байт буда, дар маҳдудаи абёти 48-55 зуҳури Наврӯз ва тадорукоти Наврӯзӣ ба риштаи тасвир кашида шудааст) аз дарду беморию ранҷурӣ ва марг раҳо гардидани мардумро фоли неки Наврӯзӣ дониста, аз ҷумла таъкид кардааст:

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.

Бузургон ба шодӣ биоростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд...

(ниг.: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.55-56)

Маҳз Ҷамшеди нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ тавонист, ки бо меҳр, хирад ва дод мардумро ба хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ мутамоил кунад. Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшед ва айёми Наврӯзӣ мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳи молӣ мерасанд, хонаҳои бошукӯҳ барпо мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранҷом дар нозу неъмат ѓарқ мешаванд (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. Теҳрон, 1386. -С.156). Ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиши маънавию моддӣ ѓарқ мешаванд, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ, пирию беморӣ ва маргу нестиро аз ёд мебароранд ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебаранд. Фирдавсӣ он давраи пуршукӯҳро тайи 3 байт (достони Ҷам, абёти 56-58) хеле муассир инъикос кардааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нӯш.

(ниг.: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.56)

Албатта, дар даврони салтанати Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ Наврӯз тобиши динӣ касб кард, аммо махсусият ва вижагии ҳувиятии худро гум накард. Дар даврони Сосонӣ маросими иди Наврӯзро байни шаш то сӣ рӯз баргузор мекарданд ва рӯзи шашуми фарвардин ва ё Наврӯзи бузургро Хурдодрӯз меномиданд ва ин рӯзро мутааллиқ ба фариштаи муқаддаси Хурдод медонистанд. Пайравони ойини маздоясно муътақид буданд, ки Зардушт(650 сол пеш аз мелодии Масеҳ) дар ин рӯз зода шуда, дар ҳамин рӯзи муқаддас бо Худованд ба розу ниёз пардохтааст, аз ин рӯ, ин рӯз барои ирониён муқаддас ва муҳтарам шумурда мешудааст. Подшоҳони Сосонӣ низ дар дарбор ойинҳои Наврӯзро бо шукӯҳи хоссе баргузор мекарданд ва шоҳон панҷ рӯзи аввал (ба унвони «Наврӯзи омма»маъруф аст) бори ом медоданд ва ба рафъи ҳоҷатҳои мардум мепардохтанд. Сипас,«Наврӯзи хосса» ё Наврӯзи бузургро, ки аз рӯзи шашуми фарвардин шурӯъ мешуд, ба худ ва наздиконашон ихтисос дода, ба ҷашну шодмонӣ мепардохтанд ва навоҳои хосси Наврӯз дар ин айём дар дарбори подшоҳон навохта мешудааст. Дар айёми ҷашнӣ табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ бо баргузор кардани базму маҳфилҳои вижа соли гузаштаро ёд ва таҳвили соли навро фоли нек дониста, дар таҷаддуди фикрӣ ва маънавӣ мекӯшиданд.

3.Марҳилаи сеюми худшиносӣ, ки реша дар Наврӯзи бостонӣ дорад, ба давраи ҳукмронии сулолаи тоҷикии Сомониён марбут аст. Бояд тазаккур дод, ки дилбастагии мардуми тоҷик ба суннатҳои ниёкон муҷиб шудааст, ки Наврӯз минҳайси рамзи шукӯҳ ва азамати фарҳанги миллӣ дар саросари даврони исломӣ, ҳатто дар давраи хулафое, ки эътиное ба ин русумот надоштанд, барпо мешудааст ва ошноию огоҳии фармонравоёни Уммавӣ ва Аббосӣ аз ойини ҳадя додан ба ҳокимон далеле барои гироиши фармонравоёни араб ба баргузории Наврӯз гардидааст. Бо коҳиш ёфтани қудрату нуфузи хилофати исломӣ бар давлатҳои миллӣ, ҳамчунин эҷоди давлатҳои мустақиле назири Саффориён ва Сомониён суннати таҷлили ҷашнҳои миллию мардумӣ эҳё шуда, иҷрои русумоти миллӣ сабаби шукӯҳу ҷалоли ҷашни Наврӯз дар қаламрави давлатҳои миллӣ гардид.

Дар давраи салтанати Сомониён (874-999) Наврӯз ба сифати ҷашни меҳварӣ мавриди таҷлил қарор мегирифтааст. Амирони хирадпарвари Сомонӣ хуб дарк мекарданд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни кишоварзӣ, балки ҷашни хирадпарварӣ ва инсонсолорию инсонсозист. Ин буд, ки дар давраи салтани амирони Сомонӣ, қатъи назар аз он ки неруҳои зиддимиллӣ фаъол буданд, раванди худогоҳию худшиносии миллӣ тавассути ҷашнгирии саросарии Наврӯз дар манотиқи қаламрави давлат таҳкиму тақвият меёфт (таваҷҷуҳ шавад ба китоби Ноҷӣ Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. -Душанбе, 2012. –С.457-458). Маҳз дар замони салтанати Сомониён дар арафаи Наврӯз, бо такя ба сунати даврони Сосонӣ оташ меафрӯхтанд, мутрибон оҳангҳои ҷашнӣ навохта, ҳофизон суруду таронаҳои Наврӯзӣ месароиданд, сайругашти идонаи мардум аз шом то ба субҳ идома меёфт. Алқисса, ин маросими наврӯзӣ айёми Хусрави Парвизи Сосониро ба лавҳи хотир меовард (ниг.: Маҷаллаи «Ҳунар ва мардум», шумораи навадум, фарвардинмоҳи 1369. -С. 31-34).

Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар замони давлатдории Сомониён худшиносии миллӣ ба марҳилаи сифатан нави таърихӣ расида, раванди таҷлили он тавассути сиёсати фарҳангии давлати миллӣ таҳкиму тавсеа ёфт. Шоирону донишмандон ба тавсифи ин ҷашн кӯшиданд, ашъори рангин суруданд, китобҳо навиштанд (аз ҷумла китобҳои «ал-Ашъор фӣ соири Нийрӯз вал Меҳрҷон»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ, «ан-Нийрӯз вал Меҳрҷон» ва амсоли инҳо ба сифат ва мушаххасоти Наврӯз ихтисос ёфта буданд). Давлати Сомониёнро метавон ба унвони қаламрави фарҳанги Наврӯз муаррифӣ кард.

4.Давраи дигари наврӯзпарастӣ ва арҷгузорӣ аз ин ҷашни хирадмаоб ба охирҳои солҳою ҳафтодуми садаи бистум рост меояд, ки замони салтанати давлати Шӯравӣ буд. Аз охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта як зумра равшанфикрони миллӣ ҷиҳати дар сатҳи иҷтимоӣ таҷлил кардани Наврӯз саъю талоши фаровон варзида, дар ин замина корҳои зиёди фарҳангию маърифатӣ анҷом доданд. Ин давра саҳифаи тозаро дар китоби худшиносии миллӣ боз кард, ки бо таҷлили Наврӯзи бостонӣ дар марҳилаи навини таърихӣ шурӯъ меёбад. Дар он замон заминаҳои рушди маросими миллӣ дар шароити нави таърихӣ гузошта шуд.

5.Марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ уфуқҳои тозаро барои таҷлили саросарии Наврӯзи бостонӣ кушод ва он ба сифати бузургтарин ҷашни аҷдодӣ мавриди таҷлили ҳамагонӣ қарор гирифт. Дар даврони истиқлолият масоили шинохт, таҳқиқ, омӯзиш, арҷгузорӣ ва саросарисозии Наврӯз матраҳ гардид ва дар рушду тавсеаи он шахсиятҳои дараҷаи аввали ҷумҳурӣ, хусусан Сарвари давлати имрӯзаи Тоҷикистон саҳм гузоштанд. Ин иқдомот имрӯз низ идома дорад ва шароити феълӣ аз донишмандону фарҳангиён тақозо менамояд, ки ойинҳои миллиро ба риштаи таҳқиқ бигиранд ва дар хифзу нигаҳдошти онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бубаранд. Мусаллам аст, ки дар марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ тавассути пофишорию ташаббусҳои давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони маориф ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) Наврӯзро ба унвони ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард. Марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ бо худогоҳӣ ва хештаншиносӣ пайванд мехӯрад ва аз фарҳанги Наврӯзӣ реша мегирад. Фарҳанги Наврӯзӣ фарҳанги меҳрпарастӣ, эътидол, саломатӣ, тандурустӣ, хирадварзӣ, огоҳӣ, доноӣ, муҳаббату самимият, таҳаммулу тафаккур ва шарофату адолат аст. Дар доираи фарҳанги Наврӯзӣ тамоми муқаддасоти инсонӣ ва башарӣ, ки тӯли асрҳо озмоиши таърихиро гузаштаанд, ѓунҷоиш ёфтаанд. Наврӯз фарҳанги муколима ва гуфтугӯи инсонҳо буда, мардумро, новобаста аз тааллуқоти нажодӣ, миллӣ, ирқӣ, сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, ақидатӣ ва идеологӣ ба ҳам фаро мехонад ва сари як суфра – хони Наврӯзӣ менишонад.

Ҳамин тариқ, Наврӯз дар силсилаи ойину маросимҳои миллӣ қадимтарину фарҳангитарин ба шумор меояд ва дигар маросим дар домони ин ҷашни инсонпарвар ва ҳувиятсоз парварда шудаанд. Ин аст, ки Наврӯз бо худогоҳию худшиносии миллӣ ба арсаи фарҳангу тамаддуни башарӣ ворид гардида, ба унвони ҳаста (ядро)-и худогоҳию худшиносии миллӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шинохта мешавад. Ин ҷашни бостонӣ дар дарозои таърих аслу ҷавҳари худро, ки бар пояи ҳувиятсозию хештаншиносӣ устувор аст, на танҳо аз даст надодааст, балки онро бо тобишу ҷилоҳои тоза аз давра ба давра, аз марҳила ба марҳила, аз сол ба сол ва аз аср ба аср мунтақил дода, то ба замони мо беосеб оварда расондааст.

Нозим Нурзода,

муҳаққиқ
silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Андешаи: LesEmerie5 июня 2019 14:47
Cialis And Viagra Comparison Buy Cialis Amazon 139 Purchase Plavix Online cialis without prescription Macrobid Best Website Cod Only Rhode Island Medicina Cialis Flagyl By Mail
Андешаи: Franciselate6 июля 2019 07:09
толкование снов

Как я попал сюда

Активатор Windows Vista

Ребятки дело говорят

https://trikolortv-kabinet.ru/trikolor-tv-lichnyy-kabinet/

Вы такое говорите как так то

http://svoboda-karta.ru/

Предлагаю посмотреть данный сайт

выездной или нет

Перейди по ссылке и сам посмотри

купить ричтрак

посмотрите данный сайт

мастерон купить
Андешаи: Mattafede2 февраля 2020 22:55
Propecia Higado canadian cialis Cheap Viagra Buy Pharmacy Online Now Cialis Viagra Et Angor
Андешаи: Stevzera24 февраля 2020 02:19
Kamagra And The Fda cialis Can I Buy Cialis Without Prescriptio Cialis Cialis Online Italia
Андешаи: Janshittee25 марта 2020 21:37
Plavix Discount Canada Cialis Amoxicillin Oral Suspension For Vets Cialis Propecia Problemas
Андешаи: unfampnax7 июня 2020 21:27
Cialis Au Luxembourg Cialis On Line Prescription For Viagra cialis online purchase Sun Exposure Amoxicillin
Андешаи: ydofuNex6 августа 2020 15:30
If you re regularly unable to get or keep an erection that is firm enough to have sex then Viagra might help you.In rare cases, dietary supplements cause. maximum daily dose mirtazapine For the package with 12 tablets will need to give from 780 rubles.It is advisable to use 26th without eating on an empty stomach, for a faster onset of action and quality effect.I carry always these in my wallet.This drug has no effect on the spinal cord. canadian pharmacy online Viagra is a therapeutic agent that uses the active substance sildenafil citrate at a dose of 50 or 100 mg.Expect to be asked about symptoms, your health, and any other medications you might be taking.But few people know how Viagra works, and whether there are side effects in overdose. symptoms of mirtazapine withdrawal There are two types of remedies based on this substance yohimbine hydrochloride and Yohimbe bark extract.The effectiveness of the drug was evaluated globally using the erection diary, the international erectile function index validated questionnaire on the state of sexual function and the interview of the partner.Online Medical Store Mumbai Online Medical Store Bangalore Online Medical Store Chennai Online medical Store Kolkatta Online Medical Store Hyderabad Online Medical Store Ahmedabad Online Medical Store Pune Online Medical Store Rajashthan. https://fastcymbalta.com/canadianpharmacy.php - best online pharmacy Prince Piotr Volkonsky also proposed his plan.I even tried one myself but they had little impact on me they re definitely designed for boys. canadian pharmacies online It can also cause a condition called priapism which can cause permanent damage to your penis.The effects of Viagra vary between people.All you have to do is smear.Among these are conditions such as diabetes, high cholesterol and high blood pressure. impotence Where better to order 2016.Viagra Connect is the first medication for the treatment of erectile dysfunction, which will be available without a prescription.ED is a condition that affects some 18 million men in the U. erectile dysfunction The drug, like other PDE-5 inhibitors, only works against the background of sexual arousal.I wouldn t recommend it, Dr Wadhwa says, You basically don t know what you re getting.Treatment for sexual dysfunction in men may involve medication, hormone therapy, psychological therapy, and the use of mechanical aids. erection pills viagra online
Андешаи: MatthewPiozy24 августа 2020 01:36
buy viagra online
natural viagra
https://canadian-pharmacy-official.com/# - viagra prices
Андешаи: MatthewPiozy24 августа 2020 05:03
100mg viagra
cheap viagra
https://canadian-pharmacy-official.com/# - cialis vs viagra
Андешаи: MatthewPiozy24 августа 2020 08:40
generic viagra
viagra
https://canadian-pharmacy-official.com/# - cheap viagra
Андешаи: MatthewPiozy24 августа 2020 12:15
generic viagra
cialis vs viagra
https://canadian-pharmacy-official.com/# - female viagra pills
Андешаи: MatthewPiozy24 августа 2020 15:51
viagra
viagra pills
https://canadian-pharmacy-official.com/# - generic viagra online
Андешаи: MatthewPiozy24 августа 2020 19:24
viagra online
cheap viagra
https://canadian-pharmacy-official.com/# - viagra vs cialis
Андешаи: MatthewPiozy25 августа 2020 02:02
viagra side effects
viagra prices
https://canadian-pharmacy-official.com/# - female viagra pills
Андешаи: MatthewPiozy25 августа 2020 08:33
viagra buy
viagra 100mg
https://canadian-pharmacy-official.com/# - viagra pill

viagra generic
viagra online
https://canadian-pharmacy-official.com/# - buy viagra
Андешаи: Tinder dating site28 января 2021 10:48
tinder website , tinder dating app
tinder app
Андешаи: buy zithromax15 февраля 2021 08:05
zithromax pills zithromax buy online zithromax oral
Андешаи: StevenFen14 апреля 2021 23:23
senior dating site
local single
Андешаи Шумо
Ном:*
E-Mail:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз:
Включите эту картинку для отображения кода безопасности
обновить, если не виден код
Рамзро дохил кунед: