ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Муроҷиати видеоии Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова ба Илҳом Ёқубов
Илова кард: adminn18-07-2019, 16:22Асоси

Як ду рӯзи охир сомонаҳои интернетии аз қабили "Паём нет”, "Ахбор.ком” ва ғайра, ки зери як бом, яъне Ҳизби наҳзати ислом қарор дошта худро мухолифини тоҷик ном ниҳодаанд, пайваста барои ноором сохтани вазъи имрӯза дар Тоҷикистон талош намуда аз ҳар воқеву ҳодисаҳои дар Тоҷикистон рӯх дода, росту дурӯғ "аз пашша фил” месозанд. Саҳнаи навбатии онҳо додани «Ҷоизаи байналмилалии ба марҳум Файзинисо Воҳидова" ҳуқуқшинос ва адвокати шинохтаи Тоҷикистон. 

Чуноне, ки маълум гардид, ҷоизаи мазкур ба афрод ва созмонҳо дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар, рушди ҳамзистии мазҳабӣ ва қавмӣ, рушди озодии матбуот, мардумсолорӣ, маориф ва фарҳанг, дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ дода мешавад.Ҷоиза ҳар сол ба як пажӯҳишгар дар бахшҳои зикршуда ва низ ба як ниҳоди фаъол дар ҳамин арсаҳо, дода мешавад. Тибқи оинномаи Ҷоиза, он дорои мақоми байналмилалӣ буда, шомили лавҳи тақдир, тандис ва маблағи пулӣ мебошад. 

Ба чунин хулоса омадан мумкин, ки ҷоизаи ҳуқуқи инсон ба марҳум Файзиниссо Воҳидова, ки бо "талошу заҳматҳо”-и Илҳом Ёқубзода, роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи марказӣ ва албатта бо дастуру ҳидоятҳои Ҳизби наҳзати ислом дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Литва сабти ном шудааст. 
Вобаста ба ҳолати мазкур Ғайрат Воҳидов, шавҳари марҳум Файзиниссо Воҳидова дар навории видеоӣ ба Илҳом Ёқубзода муроҷиат намуда чунин гуфтааст: 

Номбурда ба И.Ёқубов бори дигар таъкид менамояд, ки ӯ ба оилааш халал расонида истодааст. У чор фарзанд дорад, барои оилаашон ҳар кор лозим шавад, аз ӯҳдааш баромада метавонанд. Барои ҳамсари ӯ дуову фотиҳа лозим аст. Агар онҳо мусулмон бошанд, медонанд, ки бо ин ҷоизаашон марҳумро ҷаннатӣ намекунанд. Мақсади онҳо несту нобуд сохтани пулҳои гирифтаашон мебошад. Хитоб ба И.Ёқубов намудааст, ки ту мард нестӣ.

Мақсад аз овардани ин сатрҳо дар он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бояд бидонанд, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, бо таъсиси ҳар гуна гурӯҳу гурӯҳчаҳо, аз мавқеи кишварҳои аврупоӣ истода, мехоҳанд аз ҳисоби дигарон ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода намоянд. Ин "мардони дур аз майдон”, ошкорро, ноҷавонмардона аз мавқеи як зан, ки ӯ танҳо барои худ софдилона вазифаҳояшро иҷро намудааст, бе мувофиқа бо наздикону пайвандонаш истифода намуда истодаанд. 

Бори дигар Ҳизби наҳзати исломӣ аз макру ҳиял ва бозиҳои сиёсии пасипардагии худ дарак дода истодаст ва нишон медиҳад, ки онҳо ба чӣ корҳо қодиранд. Агар лозим шавад аз занону модаронамон истифода мекунанд, ҳатто аз мурдагон.

Саид Раҳим, сокини ш.Душанбе

silvenpsp.rusferurezki.ru


Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.