ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Мутахассисон зиёд ва муллоҳо камтар бошанд
Илова кард: adminn26-01-2019, 05:56Асоси
Фаъолияти тахрибкорона ва душманонаи Муҳаммадиқболи Садриддин бар зидди Тоҷикистон идома дорад. Ин дафъа вай дар як матлаби ахиран дар сомонаи ифротии худ нашр кардааш кӯшиш кардааст, ки Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудиро беасос туҳмат кунад ва дар назари хонандагон манфӣ нишон диҳад. Аммо яқинан М.Садриддин ба ин мақсади нопоки худ намерасад, зеро мардуми кишварамон алакай чи махлуқ будану то кадом андоза бадандешу сиёҳдил будани ӯро тавассути навиштаҳояш медонанд. Навиштаҳои ин палидаки мутаасиб танҳо бар зарари Тоҷикистон ва мардуми кишварамон мебошанд.  
Тавре мушоҳида мекунем, вақтҳои охир роҳбарияти аксари кишварҳои арабӣ, хусусан Мисру Арабистони Саудӣ раванди афзоиш ёфтани хатари терроризми байналхалқиро ба назар гирифта, фаъолияти  муассисаҳои таълимӣ - динии кишварҳои худро ба танзим медароранд. Дар доираи чунин фаъолият мақомоти дахлдори ин давлатҳо шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар таълимгоҳҳои динӣ ба таври ғайрирасмӣ таҳсил доранд ё мутаасибу ифротианд,  хориҷ ва ба кишварҳояшон бармегардонанд. Албатта баргардондани донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар таълимгоҳҳои динии Арабистони Саудӣ таҳсил доранд, дар ҳамоҳангӣ бо намояндагии дипломатии Тоҷикистон сурат мегирад. Муайян кардан ва ба ватан баргардондани шаҳрвандоне, ки ғайрирасмӣ дар он кишвар қарор доранду таҳсил мекунанд, яке аз вазифаҳои муҳими намояндагии дипломатӣ мебошад. Аз матлаби мазкур маълум мегардад, ки Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ вазифаи худро дуруст ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ иҷро мекунад. Вай ба муассисаҳои таълимӣ рафта,  бо роҳбарони онҳо ва толибилмони тоҷикистонӣ мулоқот кардааст. Бо онҳо аз наздик сӯҳбат кардааст ва аз роҳи маслиҳату фаҳмондадиҳӣ истифода бурдааст.  Мо дар амали ӯ ягон аломати зурию забардастиро намебинем, ки боиси танқид бошад. Ба Сафири мӯҳтарам ташакур бояд гуфт, ки ҷавонони тоҷикистониро аз роҳи хато ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад. Зеро таҳсил дар таълимгоҳҳои динии кишварҳои бегона аз чанд ҷиҳат хатар дорад. Ташкилотҳои террористию ифротӣ маҳз аз байни толибилмони чунин таълимгоҳҳо сафҳои худро пур мекунанд. Маҳз дар ҳамин гуна таълимгоҳҳо як қисми ҷавонони кишвари мо зери таъсири равия ва мазҳабҳои бегона ва хатарнок қарор мегиранд ва тадриҷан ба нафарони мутаасиби мисли Муҳаммадиқболи Садриддин  табдил меёбанд. Аз ин рӯ, баргардондани ин гуна ҷавонон ба ватан кори савоб ва ниҳоят дуруст мебошад, ки намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.
 Бояд иқрор шуд, ки барои пешгирии тероризм ин амали хуб ва самаранок мебошад, зеро бештари фаъолон ва мубаллиғону эмиссарҳои ташкилотҳои террористӣ маҳз хатмкардаҳо ва толибилмони муассисаҳои динӣ мебошанд. Саҳми ҳаминҳо дар Ҳаракати Толибон, ДИИШ, ҲНИ ва дигар созмонҳои террористӣ аз ҳама зиёд аст.
Ҷавонони тоҷикистонӣ дар Арабистони Саудӣ дар факултаҳои улуми дақиқ, техникӣ ва дигар бахшҳои барои ҳаёти кишварамон муҳим нестанд. Онҳо мутаасифона танҳо дар риштаҳои динӣ таҳсил мекардаанд, ки дар оянда дар ягон ҷо кори мувофиқ пайдо карда наметавонанд.  Фақат мулло мешаванд ва боз яксарияташон муллоҳои мутаасибу тангназар, ки осон ба доми ташкилотҳои террористӣ меафтанд. "Истеҳсоли” муллоҳо дар дохил ва хориҷи кишварамон бе ин ҳам зиёд аст. Дар шароити ҳозира, ки Сарвари давлатамон саноатикунонии кишвар ва рушди энергетикаю деҳоту туризмро дастур додаанд, бояд мутахассисони ҳамин соҳаҳо тарбия карда шаванд. Масалан, дар як деҳа як мулло кифоя аст. Аммо даҳҳо муаллиму духтуру мутахассисони техникӣ ва соҳаҳои саноату кишоварзӣ заруранд. Мо бояд кишварамонро тараққӣ диҳем ва ба пеш ҳаракат кунем, сатҳи зиндагиро баланд бардорем. Бо муллою домулло ин корҳо буд намешаванд. Ҳоло замони ақлу хираду дониш ва пешрафти илмҳои дақиқ аст.
Вале агар мақсад омӯхтани дин бошад,  дар худи Тоҷикистон ин гуна имконяити васеъ мавҷуд аст. Таълимгоҳҳо, аз ҷумла Донишкадаи исломӣ озодона фаъолият дорад. Тамоми хоҳишмандон метавонанд дар ин ҷо таҳсил кунанд. Ягон зарурати ба хориҷа сафар кардан барои таҳсили динӣ гирифтан мавҷуд нест.
Худи ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддин, ки имрӯз дар ҳаққи донишҷӯёни тоҷикистонии муқими кишварҳои арабӣ "ғамхорӣ” мекунад, дар хориҷа таҳсил кардааст. Яъне "маҳсулоти” чунин таълимгоҳҳои динӣ ва намунаи барҷастаи як муллои мутаасиб ва ифротиест, ки имрӯз дар хизмати ташкилоти террористии наҳзатӣ камар бастааст. М.Садириддин бо ақидаи ифротгароёнааш ҳамарӯза ба иғвоангезию туҳамтзании давлату миллати мо машғул аст. Аммо итминон дорем, ки ба ягон ҳадафи нопоки худ намерасад, зеро роҳи душманию бадиро интихоб кардааст.
Парвизи Мирзо,
таҳлилгар

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте