Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Австрия яке аз аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) Шовализода Ҳизбулло Абдулло, соли таваллудаш 1991, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 307(3) қисми 2 (иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ) ва 305 қисми 1 <
Тибқи маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, номбурда соли 2016 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш ба ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ ҷалб шуда, бо мақсади минбаъд содир намудани актҳои террористӣ, ноором гардонидани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2019 дар марказҳои террористии кишвари муайяни хориҷӣ омодагии махсуси террористӣ-тахрибӣ гирифтааст.
Зимни тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати аъзои дар давоми солҳои 2016-2019 дастгиршудаи ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ Кузов А.К., Забичоев Н.М., Ризвонов А.Р., Исмоилов Д.Д., Наврӯзов М.С. ва дигарон далелҳои муътамади даст доштани Шовализода Ҳ.А. ба ҷиноятҳои болозикр дастрас гардидаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи номбаршудагон дар пойгоҳҳои махсуси хориҷи кишвар омодагии ҷангиву диверсионӣ гирифта, бо убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шуда, қасди анҷом додани амалҳои террористӣ доштанд.
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз густариши равобити мутақобилан судманди мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории хешро ба онҳо барои ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ баён менамояд.
Маркази матбуоти
<Прокуратураи генералӣhttp://www.prokuratura.tj/news-tj/1091-alasai-ayati-mushovara-dar-prokuraturai-general-357.htmlsilvenpsp.rusferurezki.ru