ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

ПОЯҲОИ МАРДУМСОЛОРИИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ. Андешаҳои раиси комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат оид ба одоби вакилон Файзулло Баротзода
Илова кард: adminn21-03-2020, 11:38Асоси

ДУШАНБЕ, 20.03.20. /АМИТ «Ховар»/. Пўшида нест, ки ҳар як қавму миллат дар тўлу арзи ташаккули фарҳангии худ барои ба ваҷҳи некў ва созгор мўҳрабандӣ намудани сарриштаи кору рафтор бо табиат солшумории муайянеро ихтиёр кардааст, ки ба гардиши офтобу моҳтоб ва ё муҳимтарин рўйдодҳои таърихӣ вобаста будааст. Дар ин робита, ҳамасола ҷашнгирии Наврӯз воқеиятест ба фарорасии тавозуни табиӣ, баробарии шабу рӯз аз оғози рӯзи наву умед ба орзую омоли наҷиб барои оянда инсоният.  

Дар зимн, андешаҳои Файзулло БАРОТЗОДА, раиси комиссияи МН МО ҶТ оид ба одоби вакилон доир ба паҳлӯҳои муҳими пайдошиш, мавҷудият ва ҳамешагии Наврӯзи хуҷастапай  манзури хонандагони АМИТ «Ховар» мегардад.

ЗАМИНАҲОИ БЕҲДОШТИИ ПАЙДОИШ

Аслан ҷашни куҳан будани Наврўз ба замонҳои пеш аз Ҳахоманишинҳо ва Модҳо рафта мерасад, яъне давроне, ки ориёиҳо сарзаминашонро ба ду қисмат ҷудо мекарданд: фасли сармо, ки даҳ моҳ тўл мекашид ва фасли гармо, ки ҳамагӣ аз ду моҳ иборат буд. Ин матлаб дар Авасто низ ёд мешавад. Пас аз ин тағйиротҳои иқлимӣ ба вуҷуд омаданд ва дар асоси далолати Вандидод тобистон ба 7 моҳ ва зимистон ба 5 моҳ баробар гардид. Ҳар яке аз ин фаслҳо дорои ҷашнҳое буданд, ки дар навбати худ оғози соли нав шуморида мешуд. Поягузории ҷашнҳои Наврўз ва Меҳргон дар оғози фаслҳои дугонаи ориёӣ далолат бар он дорад, ки заминаи пайдоиши ҳар ду ҷашн ба бузургдошти як марҳилаи нав, яъне поёни як фасл ва саршавии фасли дигар пайванди қавӣ доштааст.

Бо мурури замон фаҳмиши ҷашни Наврўз аз шакли содаи нуҷумӣ ва ченакшиносӣ берун омада, тадриҷан баъзе тобишҳои динию сиёсӣ ва маросимӣ ба бар кардааст. Дар ниҳояти кор ин пешаи фарҳангсолории аз гузаштагони дур ба ёдгормондаи мо дар оғози бурҷи Ҳамал ҷойи собите ёфт. Ва он ягона ҷашни ҷаҳониест, ки платформаи устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибати муваффақона бо табиатро дар худ ғунҷоиш додааст.

Сазовори гуфтан аст, ки тибқи маълумоти сарчашмаҳо мардуми Бобули бостон низ дар давраҳои бисёр қадим рўзи нахустини солро гўё дар эътидоли баҳор, дар рўзи мутобиқ ба 21 март ҷашн мегирифтаанд. Ин замон ҳамчун фарорасии баҳор, оғози соли нав ва аз хоби зимистон бедор шудани табиат пазируфта мешудааст. Дар асоси омўзиши лавҳаву нигораҳо ва осори боқимонда олими эроншинос Артур Кристенсен чунин хулоса кардааст, ки ин ҷашн тақрибан 2340 сол пеш аз мелод соҳиби шиносномаи худ будааст ва тибқи нигораҳои дар Бесутун будаи даврони Дориюши бузург ҷашни оғози соли нави порснажодон Меҳргон ном дошта, он ба саршавии фасли тирамоҳ рост меомадааст. Бояд гуфта шавад, ки дар Авасто ва адабиёти авастоӣ ҳеҷ ном аз ҷашнҳои Наврўз ва Меҳргон бурда нашудааст. Аз ҷониби дигар дар охири ҳукумати Дорои Бузург сарзамини Эроншаҳр зери таъсири фарҳангҳои Осиёи Сағир (Анозул) ва ҳавзаи баҳри Миёназамин (ҳеллинизм) қарор гирифта буд. Аз ин рў, мардуми эронитабор тақвими қибтиро, ки дар асоси он сол ба 12 моҳи сирўза тақсим мешуд, бипазируфтанд. Ин тақвим 5 рўзи изофиро низ дар назар дошт, ки онро «панҷаи дуздида» ё «хамсаи мустариқа» мегуфтанд ва дар эътидоли баҳорӣ оғоз мешуд. Дере нагузашт, ки ин тартиби солшуморӣ бар асоси тақвими авастоӣ ва зардуштӣ қарор гирифт. Ва рўзи аввали сол дар эътидоли баҳорӣ аввали фарвардин муқаррар гардид, ки онро ҷашни Наврўз мегуфтанд. Як гурўҳи олимон бо назарияи вомгирии Наврўз аз Байнанаҳрайн ва кишвари қибтҳо розӣ нестанд. Ба ақидаи онҳо, ҳанўз се ҳазор сол пеш аз мелод дар Осиёи ғарбӣ ду ид бардавому барқарор будааст: Иди офариниш дар оғози тирамоҳ ва Иди растохезӣ дар саршавии баҳор. Сипас ин ду ид бо ҳам даромехта, ба як ид табдил меёбанд ва он дар оғози баҳор ҷашн гирифта мешудааст. Меҳрдоди Баҳор тахмин мекунад, ки Наврўз пеш аз Ҳахоманишиниён шояд вуҷуд дошта будааст, ки дар Авасто аз он ёд намешавад, зеро ин як ҷашни сирф миллӣ асту Авасто китоби динӣ. Вале бо гузашти айём дини зардуштӣ ҳам Наврўз ва ҳам Меҳргонро андаруни қабои динию эътиқодӣ бармеандозад. Дар ҳамин асос зимни таҷлили Наврўз ҷашни зардуштии фаравардагон пайдо мешавад. Ин ҷашн дар заминаи боварҳои дерини ориёиҳо ба пояҳои аслии Наврўз таъсир гузоштааст. Ҷашни фаравардагон асосан ҷашни фараваҳарҳо буд ва дар он ҳангом даҳ рўзу даҳ шаб баргузор мешуд. Фараваҳарҳо ҳамон арвоҳи мурдагонанд. Ва моҳи фарвардин, ки ба оғози сол рост меояд, аз ҳамин ном реша мегирад. Дар фарвардин-яшт омадааст, ки дар муддати ҷашни фаравардагон фараваҳарҳои мўъминон аз иқоматгоҳҳои худ берун меоянд ва муддати даҳ шаб дар канори мардум боқӣ мемонанд. Ин ҷашн марбут ба бозгашти арвоҳи мурдагон будааст. Замони баргузории ин ҷашн ба ҳисоби гоҳшумории имрўзӣ панҷ рўзи охири исфанд ва панҷ рўзи аввали фарвардинро дарбар мегирифт. Аз гоҳе, ки оғози сол дар эътидоли баҳорӣ таъйин гардид, Наврўз ба шашумин рўзи ин ҷашн рост омад, яъне як рўз ба фарвардагон афзуда шуд. Бад-ин минвол андешаи шукўҳу бузургии рўзи шашумини ҷашн ҳамчун муҳимтарин солрўзи нав дар зеҳни ниёгони мо аз даврони куҳан вуҷуд доштааст, ки дар замони Сосониён ҳам бозтоби некў пайдо карду ҳам ба ваҷҳи писандида ҷобаҷогузорӣ гардид.

Бад-ин минвол аз даврони қадим гузаштагони пурифтихори мо оғози солро бо шодию хурсандӣ пешвоз мегирифтанд ва ин ҷашнкори ниёгонӣ ҳамчун суннати миллӣ комилан берун аз омўзаҳои динӣ ташаккул ёфт. Ҳамин буд, ки пайдоиши ислом дар марзи густариши Наврўз масъалаи муносибати ойини навро доир ба ин ҷашни пуршукўҳи порситаборон ба миён гузошт. Зеро дар оғози ислом ва давраи ҳукмронии хулафои рошидин арабҳо ҳанўз мисли Наврўз иди бонизоме бо ҷумлаи аҷзои табақабандияш надоштанд ва ҳамчунин қудрати казоиеро барои манъ кардани ҷашнҳои мусулмонони ғайриараб молик набуданд. Матлаб иборат аз ин буд, ки оё баргузории ҷашни Наврўз бо арзишҳои исломӣ чӣ бархўрде дошта метавонад. Агар он ҳеҷ ихтилофе бо фармудаҳои динӣ надошта бошад, пас он аз назари ислом ҳам пазируфтанист.

НАВРЎЗ ДАР ДАВРОНИ ИСЛОМ

Сипас дар замони хилофати Умавиён ҳаракати футўҳоти исломӣ барои арабҳо арзишҳо ва анъанаҳои миллии кишварҳои дигарро низ ошкор кард, ки аксари онҳо тавассути тарҷума ба фарҳанги мусулмонӣ таъсиргузор шуданд. Баргардони осори тоисломии порсизабонон низ ривоятҳои зиёдеро дар бораи Наврўз ба забони арабӣ пешниҳод намуд, ки муҳтавои онҳоро тақрибан чунин баён кардан мумкин аст: офаридани Одам гўё дар ҳамин рўз будааст; дар баҳор бояд бисёр ёди растохез кард, зеро ҳамон тавре ки табиат зинда мешавад, инсонхо низ рўзи маҳшар зиндаву маҳшур мешаванд; худро бояд дар маърази бодҳои баҳорӣ қарор дод, то табиат бадани шуморо низ ҷавон кунад; ва баръакс аз бодҳои хазони тирамоҳ дурӣ бояд ҷуст, то бадани шуморо низ пир накунад. Тавзеҳоти фақеҳон ҳам доир ба ин масъала нахуст хайрхоҳона буд: ҳеҷ ҷашни миллӣ аз назари ислом мардуд нест, агар он бо омўзаҳои эътиқодӣ ва динӣ ихтилофи ҷиддие надошта бошад ва ҳамон гуна рафтор писандида аст, ки бо арзишҳои дини ислом созгор бошад.

Сарнавишт чунин қазоват кард, ки Наврўз ҳатто дар ҳамон даврони дури қурунивустоӣ ҳамчун ҷашни шукўҳманди бостонӣ, ки гувоҳи гўёи гузаштаи тобнок ва дурахши фарҳанги барҷастаи мост, пазируфта шавад. Ва имрўз ҳам ҳеҷ як ҷашне дар сатҳи ҷаҳонӣ наметавонад бо Наврўзи тоҷикон ҳамсангӣ кунад, зеро он як чорабинии фармоишию қарордодӣ ва таҳмилию сиёсӣ нест, балки он ҷашни ҷавонии ҷаҳон ва рўзи хуррамию шодмонии Модар-Замин аст. Аслан Наврўз ифодаи пайванди ногусастании инсон бо табиат аст. Абўрайҳони Берунӣ дар посухи «чӣ будани Наврўз» чунин овардааст: «Нахустин рўз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат «рўзи нав» ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст. Ва он чи аз паси ўст аз ин панҷ рўз, ҳама ҷашнҳост ва шашуми фарвардинмоҳ Наврўзро бузург доранд, зеро ки хусравон бад-он панҷ рўз ҳақҳои ҳишам ва гурўҳҳо бигузоридандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ, он гоҳ бад-ин рўзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврўз нахустин он аст, ки аввал рўзе аст аз замона ва бад-ў фалак оғозид гаштан». Дар «Наврўзнома» омадааст, ки сабаби ниҳодани Наврўз он будааст, ки чун донистанд, ки Офтобро ду давр буда – якеи он сесаду шасту панҷ рўз ва рубъе аз он ба аввал дақиқаи Ҳамал бозояд. Ба ҳамон вақт ҳар рўз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Чун Ҷамшед ин дуро дарёфт, Наврўз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Пас аз он подшоҳони дигар мардумон бад-ў иқтидор карданд». Абўрайҳони Берунӣ дар «Осору-л-боқия» менависад: «Бархе аз уламои Эрон мегўянд: сабаби ин ки ин рўзро Наврўз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас соиба (андўҳ) ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, дини худро таҷдид кард ва ин кор хеле бузург ба назар омад ва он рўзро Ҷамшед ид гирифт».

Аммо дар бораи огоҳии мусулмонон доир ба ин ҷашн ривоят мекунанд, ки ба расул (с) ҷоме симин ҳадя оварданд, ки пур аз ҳалво буд. Он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд: «Имрўз Наврўз аст». Гуфт, ки Наврўз чист? Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён». Гуфт: «Оре, дар ин рўз буд, ки Худо аскараро зинда кард». Гуфтанд: «Аскара (сипоҳиён) чист?» Гуфт: «Аскара ҳазорон мардуме буданд, ки аз тарси марг тарки диёр карда сар ба биёбон ниҳода буданд. Ва Худо ба онҳо гуфт: «Бимиред, онҳо бимурданд. Сипас онхоро зинда кард ва абрҳоро бифармуд, ки ба онҳо биборанд, аз ин рўй аст, ки пошидани об дар ин рўз расм шуда. Сипас аз он ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоби худ тақсим карду гуфт: «Кош ҳар рўз бар мо Наврўз будӣ». Ҳамчунин дар ҳадисе аз Анас дар бораи вуҷуд доштани ду рўзи ид дар замони ҷоҳилият хабар додаанд. Ҳангоми дар Мадина будани пайғамбар (с) одамон изҳор кардаанд, ки ин рўзҳоро мардум бо шодию нишот ва барпо доштани бозиҳои гуногун сипарӣ мекардаанд. Ҷавоби пайғамбар (с) чунин будааст: «Ба дурустӣ, Худо барои шумо ин ҳар дуро бо идҳое беҳтар аз онҳо – иди Азҳо ва иди Фитр иваз дод». Вале дар баёни вариантҳои гуногуни ин ҳадис дар ҳеҷ ҷое мазаммати анъанаҳои гузашта аз ҷониби пайғамбар (с) зикр нашудааст. Дар баёни имоми ҳадис Аҳмад Абўбакри Байҳақӣ ҳамин ду иди тоисломӣ Наврўз ва Меҳргон зикр мешавад, ки то ҳудуди Ясриб густариш пайдо кардааст. Афзун бар ин, ҳангоми бемории охирин мардум ба саволи худ дар бораи ба мусулмонон чӣ чизе ба мерос гузоштани пайғамбар (с) чунин посух мегиранд: «Китоби ман ва суннати ман». Боз пурсида мешавад, ки агар маънои матлаберо пайдо накунем, чӣ чора бояд кард?! Дар ин ҳолат таъкид мешавад, ки ба девони шоирони тоисломӣ (даврони ҷоҳилият) муроҷиат кунед. Ин чунин маъно дорад, ки дар аҳодиси набавӣ ҳеҷ гоҳ бадбинию кинатўзӣ ва кароҳият ба гузаштаи ақвоми гуногуни мусулмонон ҷойгоҳе надоштааст. Баръакс, гузашта ҳамчун пуштувонае устувор барои бунёди фарҳанги мусулмонӣ истифода мешудааст.

Футўҳоти Билоду-л-фурс (сарзамини порсизабонон) фуқаҳо ва сипоҳиёни исломиро бо фарҳангу анъана ва ҷашну маросими суннатии онҳо аз наздик ошно кард. Агар ба ривоёти гуногуни ахбори таърихномаҳои Табарӣ, Масъудӣ ва Ибни Асир доир ба густариши ислом дар сарзамини порситаборон (ба хусус қисмати ғарбии он) таваҷҷуҳ намоем, аён мегардад, ки дар оғоз аслан ғозиёни исломовар ба анъанаҳои устувори қавмҳои ғайриараб муносибати муътадил доштаанд. Ҳатто дар пояи анъанаҳои ҳадябахшии Сосониён волиёну амирони иқлимҳои гуногуни исломоварда дар охири ҳукмронии Умавиён ва оғози хилофати Аббосиён ба ҳамдигар ҳадяҳо тақдим мекардаанд. Аввалин касе, ки ба халифагон ҳадяи наврўзӣ овардааст, сипоҳсолори арабӣ Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфи Сақафӣ будааст. Ва сарчашмаҳо таъкид кардаанд, ки нависанда Аҳмад ибни Юсуф ба халифа Маъмун сабаде аз тиллоро тақдим кардааст, ки арзиши онро даҳ миллион дирҳам муайян кардаанд. Илова бар ин, як идда шоирон, ба мисли ал-Буҳтурӣ, Шариф Разӣ, Мутаннабӣ, Ибни Румӣ, Абўтамом, Ибни Муътазз ва дигарон дар ашъори худ доир ба мавзўи иди Наврўз қасидаҳо сурудаанд. Чунин шакл гирифтани муносибатҳо амри табиист, зеро бунёди давлати Аббосиён аслан дар зери таъсири шадиди аносири давлатдории Сосониён таъсис ёфт ва пойтахт аз Димишқ ба Бағдод интиқол шуд. Беҳуда нест, ки ховаршиносони ғарбӣ зуҳури хилофати Аббосиёнро дар фарҳанги мусулмонӣ аслан ҳамчун империяи нави Сосониён (New Sasanid Empire) ба забони арабӣ муаррифӣ кардаанд. Ҳузури унсури эронӣ дар низоми давлатдории хулафои аббосӣ ниҳоят таъсиргузор буд. Барои меросбарони давлати Сосониён бо ҳар роҳу васила нигоҳ доштани ҳангомаҳои империявӣ ҳатто дар матни фарҳанги мусулмонӣ ҳам авлотар аз ҳама чизи дигар буд. Пас, бархўрду ихтилофот дар атрофи платформаи миллию фарҳангии Наврўз дар кадом масъалаи муҳиме реша дорад?

Тавре медонем, оташи бузурги наврўзӣ ҳамроҳи Яздигурд ибни Шаҳриёр ба шаҳри Марв интиқол ёфту ниҳоят бо марги охирин подшоҳи сосонӣ нопадид шуд. Вале бархўрду ихтилофоти арабу аҷам ба масъалаи оғози солшумории ҳиҷрӣ рабт дорад. Тибқи маълумотҳо то замони солшумории ҳиҷриро ҷорӣ намудани халифа Умар ибни Хаттоб гоҳшуморӣ ва боҷситонии наврўзӣ дар олами ислом маъмул будааст. Агар ҳисобҳои нуҷумии наврўзӣ дар асоси гардиши Замин дар атрофи Офтоб табақабандӣ карда мешуд, пас солшумории ҳиҷрӣ дар асоси гардиши Моҳ дар атрофи Офтоб барои дарёфти санаи дурусти оғози идҳои мусулмонӣ муайян мегардид. Тасаллути комили арзишҳои мусулмонӣ дуҳокимиятиро дар масъалаи солшуморӣ ба ҳеҷ ваҷҳ таҳаммул намекард. Аз ҷониби дигар, ба расмият даромадани солшумории ҳиҷрӣ боиси рушди илми нуҷум гардид. Бунёди расадхонаҳо ва интихоби мавзеъҳои баланди кўҳӣ бо ин мақсад барои ошкор намудани асрори нуҳуфтаи фарҳангҳои миллӣ дар иқлимҳои ғайриарабии дору-л-ислом мусоидат кард. Аён гардид, ки тоҷикон дар қаламрави ҷуғрофиёии Мовароуннаҳр таҷрибаи андўхтаи бештаре доир ба шинохти таъсиргузории «сабъа самовотин ва-л-арз» (ҳафт осмону замин) бо табиати фусункор доштаанд ва шинохти паҳлўҳои худвежаи фарҳанги наврўзии тоҷикон ҳангоми футўҳоти исломӣ дар шаҳрҳои Варорўд иттифоқ афтодааст. Дар ин бобат маълумоти арзишмандеро сарчашмаи муҳими хаттӣ бо номи «Таърихи Бухоро» то ба рўзгори мо расонидааст. Ин асар аслан бозгўкунандаи воқеияти бархўрд, шинохт, мутобиқшавӣ ва омезиши хамирмояи тавҳиди исломӣ ва қудсияти Наврўз дар сарзамини ниёгони мо будааст. Ҳамин ду унсур барои сиришти фарҳанги тамоман нави миллӣ дар қабои сабзи наврўзию исломӣ саҳми мондагор гузошта, абадулобод забони тоҷикиро ба абзори муҳими фарҳангсолор дар тамаддуни исломӣ мубаддал сохтааст.

АРЗИШҲОИ НАВРЎЗ ДАР ДОСТОНУ УСТУРА

Аммо ҷамъбасти маълумоти достону устураҳои тоисломиро дар бораи ин ҷашн мухтасар чунин баён кардан мумкин аст: замони баргузории Наврўз оғози фасли баҳор аст ва асрори мантиқии он ҳам ба ҳамин мавсим сахт бастагӣ дорад. Ченаки фарорасии Наврўз аз лаҳзаи эътидоли баҳорӣ оғоз мешавад. Тибқи донишҳои ситорашиносӣ эътидоли баҳорӣ дар нимкураи шимоли замин ҳамон лаҳзаеро ифода мекунад, ки Офтоб аз сафҳаи истивои замин мегузарад ва ба сўйи шимоли осмон меравад. Ин фурсат лаҳзаи аввали бурҷи Ҳамал номида мешавад ва дар тақвими ҳиҷрии хуршедӣ бо нахустин рўзи (ҳурмуз ё урмуздрўз) аз моҳи фарвардин баробар аст. Аз ин нигоҳ вожаи Наврўз дар ду маъно ба кор меравад: Наврўзи умумӣ – рўзи оғози эътидоли баҳорӣ ва оғози соли нав; Наврўзи махсус рўзи шашуми фарвардин бо номи «рўзи хурдод». Суғдиёну хоразмшоҳиён аз Наврўз ба унвони Навсорид (نوسارد), яъне Соли нав ном мебурданд. Маншаъ ва замони пайдоиши ҷашни Наврўз дақиқан маълум набошад ҳам, вале бархе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла «Таърихи Табарӣ» ва «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Ҷамшед ва сарчашмаҳои дигар Каюмарсро поягузори Наврўз муаррифӣ кардаанд. Масалан, падид омадани Наврўз дар «Шоҳнома» чунин ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод, то дар он ҷо барояш тахте гузоранд ва худаш бо тахте заррин бар болои он тахт бинишаст. Ва баробари расидани нури Хуршед ба тоҷи заррини ў ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданду он рўзро рўзи нав номиданд. Дар асоси ҳамин қабил ривоятҳо пайдоиши Наврўзро мансуб ба замони Пешдодиён ва Ҷамшедро бунёдгузори он донистаанд. «Наврўзнома»-и Хайём ҳам пайдоиши Наврўзро ба замони Ҷамшед ҳамчун инсони нахустин дар асотири Маздиясно маънидод кардааст. Ривоятҳои дигари таърихӣ оғози Наврўзро ба Бобулистон ва фарҳанги кишоварзии байни дарёҳои Арванд (Диҷла) ва Фурот нисбат медиҳанд. Бар тибқи ин ривоятҳо ривоҷи Наврўз дар Эроншаҳр ба 538 сол пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Бузург ба Бобул бозмегардад. Ҳамчунин дар бархе аз сарчашмаҳо Зардушт ба ҳайси бунёдгузори Наврўз ном бурда мешавад. Вале дар Авасто (ба хусус дар Готҳо) аз Наврўз номе бурда нашудааст. Нигораҳои зиёде, ки дар тахти Ҷамшед ба ёдгор мондааст, маросими пешкаш кардани ҳадяҳоро ба подшоҳон таҷассум намудааст, ки онро ба Наврўз марбут медонанд. Куруши дуюм, ки асосгузори давлати Ҳахоманишиниён дониста мешавад, соли 538 пеш аз мелод Наврўзро ҷашни миллӣ эълон кард ва дар ин рўз баланд бардоштани рутбаи сарбозон, поксозии ҷойҳои зисти ҳамагонӣ ва хонаҳои мардум ва бахшидани гуноҳи маҳкумонро иҷро менамуд. Ин ойинҳо дар замони подшоҳони дигар низ риоя мешудааст. Ва аз замони подшоҳии Дорои якум баргузории ҷашни Наврўз дар тахти Ҷамшед оғоз гардидааст. Хулосаи муҳақкиқон дар заминаи омўзиши нигораҳо ва сангҳои навиштадор дар тахти Ҷамшед бар он далолат мекунанд, ки мардум дар даврони Ҳахоманишиниён бо Наврўз ошноии комил доштанд ва онҳо ин ҷашнро бо шукўҳу бузургии вежа пешвоз мегирифтаанд. Собит шудааст, ки Дорои якуми ҳахоманишӣ соли 416 пеш аз милод тангаҳои тиллоие сикка задааст, ки дар як тарафи он акси сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҷашни Наврўз дар ин давра рўзҳои 21 исфанд то 19 урдубиҳишт барпо мешудааст. Нигораи маросими пешкаш кардани ҳадяҳо ба подшоҳони ҳахоманишӣ дар тахти Ҷамшед ҳам далели шайъии бузург аст. Таҳлили муқоисавии ҷашнҳои мардумии ориёӣ ва қибтӣ шаҳодат медиҳад, ки ин ду ҷашн ба ҳам таъсиргузор будаанд. Наврўз дар аҳди қадим тавассути Дориюши бузург дар кишвари Қибт ҳам густариш ёфтааст. Дар таҷрибаи гоҳшуморӣ ва шинохту ченаки вақт порсиён аз қибтиён баъзе чизҳоро омўхтаанд ва дар ойинҳои наврўзӣ ҳам таъсири унсурҳое аз қибтиён ворид шудааст.

Ба иттилои муҳаққиқон дар замони ҳахоманишиҳо подшоҳон Наврўзро дар тахти Ҷамшед барпо медоштаанд. Ба ақидаи бостоншиноси фаронсавӣ Гершман дар тахти Ҷамшед ҳама чизи зарурӣ барои бузургдошти Наврўз бино шудааст. Ў нигораи машҳури тахти Ҷамшедро чунин шарҳ додааст: «Пеш аз анҷоми ташрифоти ҷашни Наврўз бузургони шоҳаншоҳӣ ва намояндагони кишварҳо ба тахти Ҷамшед меомаданд ва дар дашти васеи Марвдашт, ки рўди Палвор аз миёни он мегузараду дар қисмати ғарбии тахти Ҷамшед қарор дорад, ҳазорон хайма мезаданд. Дар намои нигораҳои сангии тахти Ҷамшед ашхосе, ки дар ташрифоти Наврўз ширкат доранд, нишон дода шудаанд. Дар ин сангҳои барҷаста намояндагони 23 миллати тобеи шоҳаншоҳӣ ва дарбориёни порсӣ ва модӣ ҳамроҳ бо аспҳо ва гардунаҳои подшоҳӣ ва сарбозони шўшӣ (шустарӣ) дида мешаванд.

Гиромидошти Наврўз дар замони ҳукмронии Ашкониён ва Сосониён низ дар сатҳи зарурӣ таҷлил мешудааст. Дар ин муддат ҷашнҳои зиёде дар тўли сол барпо мегардид, ки дар байни онҳо Наврўз ва Меҳргон ҷойгоҳи сазовор ва барҷастае доштааст. Ҷашнгирии Наврўз дар аҳди Сосониён на камтар аз 6 рўз идома мепазируфт. Сосониён Наврўзро ба ду давра тақсим мекардаанд: Наврўзи кўчак ва Наврўзи бузург. Наврўзи кўчак ё Наврўзи омма панҷ рўз тўл мекашид ва аз 1 то 5 фарвардин гиромӣ дошта мешуд. Ва рўзи шашуми фарвардин – Хурдодрўз ҷашни Наврўзи бузург ё Наврўзи хосса барпо мешуд. Дар ҳар яке аз рўзҳои Наврўзи омма табақае аз табақоти мардум – деҳқонон, рўҳониён, сипоҳиён, пешаварон ва ашроф ба дидори шоҳ меомаданд. Ва шоҳ ба суханони онҳо гўш медод ва барои ҳалли мушкилоти онҳо дастур содир мекард. Дар рўзи шашум шоҳ аз ҳаққи адои мушкилоти табақаҳои гуногун фориғ мешуд ва дар ин рўз танҳо наздикони шоҳ ба ҳузури вай меомаданд.

Ба шаҳодати сарчашмаҳо дар даврони Сосониён солҳои кабиса риоя намешудааст. Бинобар ин Наврўз ҳар чаҳор сол аз мавъиди аслии худ – оғози бурҷи Ҳамал ақиб мемонд. Ва дар натиҷа замони баргузории Наврўз ҳамвора собит нагардида, дар фаслҳои гуногуни сол ҷорӣ будааст. Ардашери Бобакон бунёдгузори силсилаи Сосониён дар соли 230 мелодӣ аз давлати Рум, ки дар натиҷаи ҳуҷуми вай шикаст хўрда буд, дархост намуд, ки Наврўзро дар ин кишвар ба расмият бишиносанд. Ин дархост мавриди пазируфтории румиён қарор гирифт ва Наврўз дар қаламрави Рум бо номи Lupercal маъруф гардид. Ҳамчунин дар аҳди Сосониён 25 рўз пеш аз оғози баҳор дар дувоздаҳ сутун, ки аз хишти хом барпо мекарданд, намунаҳои маҳсулоти ғалладонагӣ – биринҷ, гандум, ҷав, нахўд, арзан ва лўбиёро мекоштанд ва то рўзи 16 фарвардин сабзиши онҳоро назорат мекарданд. Ҳар кадом аз ин гиёҳон, ки бештар нашъунамо мекард, дар он сол ҳатман ҳосили нағз медод. Аз ҳамин вақт ба ҳамдигар об пошидани мардум бомдоди рўзи Наврўз ҳукми анъана гирифт. Ва аз замони Ҳурмузи аввал дар шаби Наврўз оташ равшан кардан ба расмият даромад. Аз замони Ҳурмузи дуюм бошад расми додани тангаи сикка ҳамчун идона роиҷ гардид. Вале аз таҳлилу баррасии сарчашмаҳо пайхас бурдан мумкин аст, ки солҳои футўҳот бархўрди сипоҳиёни ислом бо вежагиҳои устувори наврўзӣ дар қисмати Варорўд бештар ба мушоҳида расидааст.

ЭҲЁИ НАВРЎЗ ДАР АҲДИ СОМОНИЁН

Наршахӣ ҳангоми муаррифии Варахша – яке аз деҳаҳои бузурги Бухоро маълумоти ҷолибе дар бораи кохи ободоне, ки 1000 сол пеш аз ин бино ёфтааст, ёдовар мешавад. Дар замони Исмоили Сомонӣ ин кох вайрону муаттал будааст. Амир мардумони ин деҳаро хонда, чунин пешниҳод мекунад: «Ман бист ҳазор дирам ва чўб бидиҳам ва сохтагии он бикунам ва баъзе иморат бар ҷой аст, шумо ин кохро масҷиди ҷомеъ созед». Он мардумакони деҳа нахостанд ва гуфтанд, ки «масҷиди ҷомеъ дар деҳаи мо рост наояд ва раво набошад» («Таърихи Бухоро», с. 45). Сабаби чунин посух додани мардумро муаллиф чунин шарҳ додааст: «Ва ин деҳаро ҳар понздаҳ рўзе бозор аст. Ва чун бозори охирини сол бошад, бист рўз бозор кунанд ва бисту якум рўз Наврўз кунанд ва онро «Наврўзи кишоварзон» гўянд. Ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисобро нигаҳ доранд ва бар он эътибор кунанд. Ва «Наврўзи муғон» баъд аз он ба панҷ рўз бошад.

Дар фасли «Зикри бозори Мох» бошад муаллиф зикр мекунад, ки дар «Бозори Мохрўз» ҳар сол ду бор ва ҳар боре якрўзӣ бозори калон барпо мешудааст. Дар ин бозор миқдори зиёди бозичаи бачагон ва бут ба маблағи зиёда аз панҷоҳ ҳазор дирам ҳар рўз фурўхта мешудааст. Ин бозорро дар даврони қадим подшоҳи Бухоро бо номи Мох сохтааст ва рўзҳои бозор худаш дар тахт нишаста аз ҷониби мардум харидорӣ шудани бутҳоро назорат мекард. Ин оташхона то ба вақти ислом барҷой будааст ва мусулмонон онро ба масҷид табдил доданд. Имрўз ин мавзеъ қасри Ситораи Мохи Хоса ном дорад.

Дар хабари манзилҳои подшоҳони Бухоро аз қадим будани оташи азим афрўхтан дар шаби сурӣ сухан меравад. Ин ҳамон чоршанбеи сурӣ аст, ки дар чоршанбеи охири моҳи Исфанд ҳар сол ҷашн гирифта мешуд. Мардуми тоҷик гулханҳо афрўхта, аз болои он парида чунин мегуфтанд: «Зардии ман аз они ту сурхии ту аз они ман», ки имрўз низ роиҷ аст.

Тибқи маълумот ҳеҷ осоре аз ҷашни чаҳоршанбесурӣ дар аморати чиҳил сутун доир ба баргузории ойинҳои Наврўз дар замони Умавиён дар даст нест. Вале дар давраи Аббосиён чунин ба назар мерасад, ки хулафо гоҳо барои пазируфтани ҳадяҳои мардум аз Наврўз истиқбол мекарданд. Баробари рўйи кор омадани давлати Сомониён ва оли Бувайҳ ҷашни Наврўз бо густурдагии бештаре баргузор мешуд.

Дар ислом овардани Бухоро Қутайба ибни Муслим ширкати фаъол доштааст. Вале бояд донист, ки бо сабаби сахт устувор будани анъанаҳои миллии наврўзӣ ин шаҳр чаҳор маротиба фатҳ шуда, боз дигарбора озод гаштааст. Чизи муҳими дигар он аст, ки арабҳо иморатҳои ободи оташхона ва коху мавзеъҳои хуррамро асосан ба масҷид табдил додаанд. Чунин рафтор дар оташкадаҳои Ҳулбук, Пули Сангини Хутал ва қалъаи Шумони Ҳисор низ таҳаққуқ пазируфтааст. Аз ин ҷиҳат, вайрон шудани бутҳои хонаи Каъба ва Байту-л-Ҳаром номгузорӣ шудани он дар нимҷазираи Арабистон бо масҷиди ҷомеъ ном гирифтани масҷиду оташкадаҳои тоҷикон як умумияте доранд. Дар бунёди фарҳанги мусулмонӣ арабҳо аз арзишҳои тоисломӣ, ба хусус маълумоти девони шоирони қасидасаро даст накашиданд. Пас табиист, ки таъсири рафтору гуфтор ва анъанаву одатҳои дар муҳити фарҳангии ҳамин маъбаду оташкадаҳо шаклгирифта аз хотираи тоҷикони мусулмоншуда низ зудуда нагардиданд. Густариши ҳукумати амирони сомонӣ дар тамоми қаламрави тоҷикнишин арзишҳои миллии наврўзиро дар муҳити созгори фарҳанги нав аз пештара пурҷилотар кард. Дар платформаи фарҳангии Сомониён муқаддасоти исломӣ бо арзишҳои миллии тоҷикон ҳеҷ зиддияту ихтилофе ба бор наовардааст. Дар як қитъаи тоза пайдошудаи шеъри устод Рўдакӣ, ки ахиран дар матни дастнависи як тафсири Қуръон дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад, шаҳомати таҷлили Наврўз дар дарбори Сомониён бисёр барҷаста тасвир шудааст:

Сухан овардаму шамшеру қалам наврўзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирўзӣ.
Ба сухан май ба забон бошу ба шамшер бирез.
Хуни аъдо, ба тавқеи қалам деҳ рўзӣ.

Ҳамин муқаррарот ва пойдевори устувори фарҳангӣ, ки Сомониён ба мерос гузоштаанд, то ибтидои асри ХХ ҳамчун ҳофизаи миллӣ на танҳо барои тоҷикон, балки барои худшиносии дигар миллатҳои Осиёи Марказӣ низ хидматҳои шоёни таҳсин анҷом додаанд. Аз омўзиши фарҳанги миллии наврўзиҷавҳари тоҷикон ба осонӣ дарёфтан мумкин аст, ки арабҳо як идда суннатҳои мондагори ин ҷашни ниёгони моро, аз қабили дидору боздиди якдигар, яъне ба аёдати ҳам расидан, ба хотири ёди рўҳи гузаштагон ҳозир шудан бар сари қабри мурдагон, мисли Наврўз дар муддати 12 рўз анҷом ёфтани маносики ҳаҷ, силаи раҳм, додани савғоту туҳфаҳои идӣ барин падидаҳои башардўстонаи ин ҷашни покиро дар идроку ахлоқи динию фарҳангии худ бипазируфтаанд. Ин нишонаҳои инсонпарварона аз асолати фарҳангсолории Наврўзи хуҷастапай муждаи ҷовидона медиҳад.

НАВРЎЗ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ

Чун дар оғози асри ХХI Ҷумҳурии Тоҷикистони биҳиштосо дар шароити озодӣ ва соҳибихтиёрӣ андаруни ҷаридаи харитаи сиёсии олам бо хатҳои заррин ҷойгузин шуд, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврўз ин ҷашни мондагори тоҷикбунёди башарият аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт. Пас саволе ба миён меояд, ки чӣ таҳаввуле дар шинохти ин ҷашни хусравонӣ дар даврони рушди технологияҳои баланд ба вуқўъ пайваст, то падидаи тоҷикии Наврўз шуҳрати ҷаҳонӣ касб намояд?! Ин ҷо чандин омилҳои муассире нуҳуфта аст, ки ошкор намудани онҳо барои имкониятҳои илми муосир кори чандон мушкиле нест. Зарур он аст, ки хурду калони қишру табақаҳои гуногуни Ватани азиз бояд аз ҷавҳари табъи худододи ниёгони худ дар дуриҳои дури умқи таърихи башарият огоҳ бошанд. Ба назари мо, ин ҷо якчанд омилҳои барозандаи гузаштаи ташаккули Наврўз нақши меҳварӣ бозиданд:

Якум, соҳибони Наврўз дар заминаи зиндагии заминии худ муқаррар карда тавонистанд, ки Замин дар атрофи Офтоб дар тўли 365 рўз як бор давр мезанад ва ҳар сол ҳангоми чунин гардиш чаҳоряки рўз ё аниқтараш 5 соату 48 дақиқа захира мешавад. Ҳар чаҳор сол ин соатҳои захирашуда тақрибан як рўзи комилро ташкил медиҳанд ва соли як рўзи зиёдатидошта соли кабиса номида мешавад. Ин мушоҳидаҳои ахтаршиносӣ барои дуруст тарҳрезӣ кардани фаъолияти кишоварзӣ, муносибат ба муҳити зист, таъсир нарасонидан ба иқлим ва дар ниҳояти кор таъмини амнияти иқтисодию озуқавории бошандагони олами куҳан мусоидат мекард. Баъдтар дар даврони Ҷалолуддин Маликшоҳи салҷуқӣ як гурўҳ ситорашиносон гоҳшумории хуршедиро дар асоси фаъолияти расадхонаҳо муайян карданд ва оғози Наврўзро дар якум рўзи баробарии фасли баҳор собит сохтанд. Ин гоҳшуморӣ бо номи тақвими ҷалолӣ машҳур аст ва барои собит мондани Наврўз дар оғози баҳор муқаррар намуд, ки ҳар чаҳор сол миқдори рўзҳои солро ба ҷойи 365 рўз 366 рўз дар назар бигиранд. Ин гоҳшуморӣ аз соли 392 ҳиҷрӣ оғоз гардид ва дар айни замон дуруст будани таҷрибаи рўзгори беш аз шаш ҳазорсолаи ниёгони Наврўзсиришти моро илман тасдиқ кард.

Дуюм, ойини Наврўз ба оби равон, захираҳои обӣ ва барфу пиряхҳои кўҳӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Зеро бо мафҳуми об зиндагонии бофароғат, ободонӣ ва обод кардани деҳу шаҳристону шаҳрҳо тавъам аст. Беҳуда нест, ки фарҳанги Наврўз дар соҳили дарёҳои Омўву Сир ва Диҷлаву Фурот ва суннатҳое монанд ба Наврўз дар соҳили дарёи Нил ташаккул ёфтанд. Дуруст донистани рўзи оғозини Наврўз барои муайян кардани сатҳи оби дарё, обхезӣ ва берун андохтани лойи ҳосиловар ба заминҳои шолизори соҳили дарё аҳамият дошт ва ҳосилро афзун мекард. Дар шароити кўҳсор бошад, мардум аз вазъи боқӣ мондан ё об шудани захираҳои барф обу ҳавои деҳаҳои кўҳӣ, нигоҳубини боғистонҳо ва парвариши ҳайвонотро ба нақша мегирифтанд. Таҷриба нишон медод, ки ҳисобу китоби дақиқ дар афзун гардидани ризқу рўзии мардум мусоидат мекард ва ба таъбири имрўза рушди устувори ҷомеаҳои онвақтаро таъмин мекард. Ҳамин ҷиҳати масъала ба қудсият пайдо кардани падидаи Наврўз заминаҳои пурарзиш фароҳам сохтааст.

Сеюм, илми муосир аз баландиҳои технологияҳои пешрафтаи худ ин дастовардҳои Наврўзро ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба поягузорони ин фарҳанги асил эҳтироми махсус қоил гардидааст. Ва ҳар сол дар рўзи 21-уми март ҳамчун Иди байналмилалӣ таҷлил гардидани Наврўз манбаи тафохури миллати тоҷик аст ва моро водор менамояд, ки дар шинохту муаррифии ҳарчи бештари ин ганҷури ниёгон корҳои арзандаи таҳқиқотиро анҷом бидиҳем.

Гоҳо масъалаи таҷлили бошукўҳи Наврўзи хуҷастапай сабаби барангехтани баҳсҳои шадиде байни диндорон, ба хусус пайравони ҷараёнҳои тундгаро бо тарафдорони ҷомеаи шаҳрвандии дунявӣ мегардад. Муносибати булҳавасонаи баъзе намояндагони қишру табақаҳои ҷумҳурии мо ба анҷом додани иду маросими динию мардумӣ дар кишварҳои аврупоӣ, арабию туркӣ, эронию афғонӣ ва ҳиндию синдӣ то андозае хусусияти ифротӣ касб кардааст, ки ҳар сол баробари оғози фасли баҳор ба арзишҳои волои миллию фарҳангии Наврўз ончунон ҳамлаҳои сарсахтонаи иртиҷоӣ ба амал меоранд, ки гўё мавҷудияти ин ҷашни ниёгони мо ба аркони устувори ислом хатару таҳдид мекарда бошад. Ҳамасола посдорони дину эътиқод ва пуштибонони миллату фарҳанг ҳадди ақалл як бор перомуни ин масъала табодули бефоидаи назару андеша менамоянд. Ва ҳар бор исбот карданӣ мешаванд, ки ин иди мусулмонӣ нест. Дуруст мегўянд: Наврўз на танҳо иди мусулмонӣ нест, балки аслан ҷашнест, ки ҳеҷ пайванде бо ҳама гуна арзишҳои динӣ надорад. Гоҳо кор то ҷойе шакли буҳронӣ мегирад, ки бегумон шубҳае ба миён меояд, ки чунин рафтор гўё хусусияти фармоишӣ ва таъсиргузории беруна дошта бошад. Аламовар он аст, ки то вожгун шудани аморати Бухоро ин ҷашни меросӣ бо тамоми ҷузиёти сазовор ба он таҷлил карда мешуд ва фуқаҳову уламои он даврон ҳеҷ гоҳ забони такаллуми шиква дар масъалаи Наврўз накушуда буданд. Дар даврони ҳокимияти шўравӣ дар мушкилтарин шароит ҳам ин ҷашн дар деҳоту шаҳрҳои Тоҷикистон бо содатарин шакл зери номи «Деги дарвешон» ва ё «Дарвешона» баргузор мешуд. Пас, магар дар даврони соҳибистиқлолӣ беҳтар он нест, ки Наврўзро ҳамчун яке аз куҳантарин ҷашнҳои барҷомондае аз даврони бостони ниёгони пурифтихор бо тамоми ҷузиёташ эҳё карда, ба таври писандида ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Охир мо нахуст тоҷик ҳастему пас аз он мусулмон. Ё ба қавли ҳадиси машҳур «А фа ло накуна абдан шакуро» – «Пас чаро бандаи шукргузор набошем», ки чунин ҷашни бостонии мондагор дорем?!

Файзулло БАРОТЗОДА,
раиси комиссияи МН МО ҶТ оид ба одоби вакилон

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте