ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро комилан ташкилоти террористӣ эътироф кардааст Ноябрь 20, 2019 09:27
Илова кард: adminn23-11-2019, 19:21Асоси

ДУШАНБЕ, 20.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Давлатҳои шомили СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ ва СААД Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ ва экстремистӣ (ТТЭ ҲНИ) эътироф карданд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва дигарҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ мебошад, шомил карда шудааст. Дар ин бора сиёсатшинос, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон Муъмин НАЗАР дар мақолаи худ, ки дар сомонаи «ЦентрАзия» нашр шудааст, иброз медорад.

Дар зер матни пурраи мақолаи ӯро пешкаши хонандагон мегардонем.

Давлатҳои шомили СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ ва СААД Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ ва экстремистӣ (ТТЭ ҲНИ) эътироф карданд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ҲНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Қоида», ҳаракати «Толибон» ва дигарҳо таҳти рақами 79 ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ (Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон), бо  масоҳати  умумии  4,4 млн. км2 ва беш аз 3,3 млрд. аҳолӣ, яъне фарогири қариб нисфи аҳолии сайёра (аз 7,6 млрд.) манъ аст, шомил карда шудааст (http://ecrats.org/ru/news/6910). Маҳз роҳбарият ва аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ ба рӯйхати ягонаи шахсони кофтуковшавандаи алоқаманд ба фаъолиятҳои террористию экстремистӣ шомил карда шудаанд.

Ҳамин тавр, дар СМЗТ СҲШ Феҳрасти ягонаи кофтуковӣ таъсис дода шудааст, ки он мунтазам таҷдид мегардад, беш аз 6600 нафар ба чунин категория, аз ҷумла аъзои ТТЭ ҲНИ шомил карда шудаанд. Рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои аъзои СҲШ манъ карда шудааст, ворид карда мешавад. Дар рӯйхат 115 ташкилот, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ мавҷуданд. Бо назардошти аҳамияти махсуси таҳдидҳое, ки ҷангҷӯён-террористони хориҷӣ, ки дар амалиёти ҷангӣ аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии террористӣ иштирок мекунанд, Ҷадвали баҳисобгирӣ таҳия шудааст, ки дар он маълумот дар бораи беш аз 4500 нафар, аз ҷумла аъзои ТТЭ ҲНИ, ки барои ДИИШ ҷангидаанд, таҳия шудааст.

Дар асоси Қарори Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки ба он Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия шомиланд, ТТЭ ҲНИ ба Феҳристи ягонаи ташкилотҳои дар қаламрави кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътирофшуда низ ворид карда шудааст. Феҳристро мақомоти салоҳиятдори онҳо ҳангоми амалиёти  якҷояи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба инобат мегиранд. Илова бар ин, ТТЭ ҲНИ ба Махзани маълумоти умумии МЗТ ИДМ, ки ҳайати васеъро (Беларус, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон) дорост ва бо шарикони худ – Кумитаи зиддитеррористии ША СММ, Интерпол, СМЗТ СҲШ, СААД, Кумитаи коршиносон оид ба мубориза бо терроризми Шўрои Аврупо (CODEXTER), гурӯҳи АвруОсиё барои мубориза бо қонунигардонии дароматҳои ҷиноӣ ва маблағгузории терроризм ҳамгироии зич, инчунин бо созмонҳои байналмилалӣ дар ИА, Исроил, Туркия, Эрон ва Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ дорад, шомил карда шудааст. Яъне  рӯйхати ҷуғрофии давлатҳо, ки дар қаламравашон ҳизби зикршуда террористӣ ва  будубоши аъзои он ғайриқонунӣ маҳсуб меёбад, аз ҳисоби Озарбойҷон, Молдавия, Туркманистон ва кишварҳои хориҷии дури болозикр меафзояд. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъалаи созмони террористӣ эътироф намудани СПИИ-и Эрон, ки ҳамоҳангсози ТТЭ ҲНИ, «Ҳизбуллоҳ», «ҲАМОС», «Ал-Собирин» ва «Гурӯҳи ранҷдиҳандаи Ал-Ақсо» мебошад, баррасӣ мешавад.

Ба ғайр аз ин, дар Қоҳира дар Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ оид ба фаъолияти ташкилотҳои террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Ихвон-ул-муслимин», ки таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти «Ихвон-ул-муслимин» ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ» доир шуд, шабоҳати наздики таърихию идеологии созмонҳои зикршуда, ҳамгироӣ ва умумияти онҳо кӯшиши нооором сохтани субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Миср, инчунин исбот шудани дастгирӣ ёфтани ин ташкилотҳои террористӣ аз ҷониби хадамоти махсуси яке аз кишварҳои исломӣ таъкид шуд.

Имрӯз ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, инчунин хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд, идома медиҳад. Соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи террористиро дар маҳалли ҷойгиршавии ПҲ 201-и Россия дар Душанбе пешгирӣ карданд, ки онро 13 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсионӣ гузаштаанд, мехостанд анҷом диҳанд. 29 июли соли 2018 аъзои ТТЭ ҲНИ нисбат ба сайёҳон аз кишварҳои ИА ва ИМА ҳамлаи ваҳшиёна анҷом доданд. Дар маҷмӯъ, дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ беш аз 150 шаҳрванди хориҷиро, аз ҷумла кормандони созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони ҳуқуқи башар, дипломатҳо, рӯзноманигорон, намояндагони дигар динҳо ва нозирони СММ-ро гаравгон гирифта,  куштанд.

ТТЭ ҲНИ, ки барангезандаи ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд,   ба халқи тоҷик ғаму дарди зиёд овард. Дар ин ҷанги бародаркуши панҷсола зиёда  аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 2 миллион шаҳрванд бе хонаву дар монданд. Қисми зиёди одамон гуреза ва муҳоҷир шуданд. Дар баробари ин талафот, ба иқтисодиёти кишвар ба андозаи 7-10 миллиард доллар зарари моддӣ расид.

Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 30% аъзои ҲНИ ба сохторҳои давлатӣ ва қудратии Тоҷикистон ворид шуданд. Ҳизби мазкур пайваста  дар фикри забт кардани қудрат буд ва барои ин аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, аз манфиатҳои худ ҳимоя мекард. Ҳамзамон аъзои фаъоли он дар Душанбе, Рашт, Хоруғ ва Данғара тахрибкорию амалҳои террористӣ анҷом  медоданд.

Моҳи марти соли 2015 дар  ҷаласаи пинҳонӣ дар Душанбе бо иштироки раиси ҲНИ  М.Кабирӣ, аъзои Шӯрои олии сиёсии ҳизб, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назарзода ва баъзе фармондеҳони саҳроӣ оид ба омодагии мусаллаҳ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ мувофиқа ба даст омад. Бояд зикр намуд, ки  хадамоти махсуси хориҷӣ барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҷиноӣ  маблағи зиёд интиқол дода буданд. Таҳти назорату  роҳбарии бевоситаи Раиси  ҲНИ  М. Кабирӣ зиёда аз 20 гурӯҳи мусаллаҳ ташкил гардида,  ба  А.Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллар дода шуд. Ба хотири  ҳарчи зудтар омода  намудани  исёни мусаллаҳона ва  забт кардани қудрат ҲНИ аз чизе рӯй намегардонд.  Бо мақсади пешгирии фаъолияти ҷиноии аъзои ҲНИ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он зиёда аз 520 яроқи оташфишон ва 11000 лавозимоти ҷангӣ кашф ва мусодира гардид. 38 террорист бо роҳбарии А.Назарзода нобуд карда  шуда, 161 узви ҲНИ  ва шарикони онҳо дастгир  гардиданд. Миёни фаъолони ҳабсшудаи ҲНИ  чанд нафар резидентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ низ буданд.

29 сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ  эътироф  гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Бо мақсади ноором сохтани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020 боз ҳам ҲНИ кӯшишҳои барабасе дорад. Барои амалӣ  кардани ин кӯшишҳо беш аз 40 нафар аъзои ин ҳизби мамнуъ дар  Афғонистон таълими махсуси ҷангӣ меомӯзанд. Ҳамзамон қаноти низомии ҲНИ – «Ҷамоати Ансоруллоҳ» низ он ҷо ҷойгузин аст. Аъзои ҳизби мазкур ният доранд, ки зери парчами ташкилотҳои дигари  байналмилалии террористӣ, аз ҷумла ДИИШ тариқи Афғонистон ба хоки  Тоҷикистон ворид шаванд.

Айни замон ҲНИ бо сарпарастони хориҷиаш  дар се самт амал доранд: пеш аз ҳама, заминаи моддию молиявиашонро ба таври назаррас таҳким медиҳанд, дар васоити ахбори худ ташвиқоти ғаразноки зиддиконститутсионӣ интишор мекунанд ва ба   террористону  тахрибкорон таълими ҷангӣ  меомӯзанд.

Пас аз манъи фаъолияти ҲНИ, роҳбарият ва аъзои фаъоли он ба кишварҳои шарқӣ ва Аврупо фирор карданд. Аз он дам то кунун хадамоти махсуси хориҷӣ  ба таври пинҳонӣ ин ҳизбро сарпарастӣ ва  маблағгузорӣ менамоянд.

Қаламрави мамлакатҳои будубоши онҳо ба сифати минбари ташвиқот ва майдони ҷанги иттилоотӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд. Аз соли 2016 то 2018 сарпарастони хориҷӣ барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ҲНИ  беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардаанд. Ин маблағҳои ҳангуфт барои пешбурди кори иттилоотӣ, таблиғ дар сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии тарафдорон ва ташвиқотчиёни ҳизб истифода мешуданд.

Ҳамин тавр, бо мақсади таблиғот алайҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон студияи телевизионии «Садои Мардум» таъсис дода шуд, ки маблағгузории умумии он 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Инчунин сомонаҳои «Паём.нет», «Востокнюс», «Озодандешон», «Кимиёи Саодат», «Ахбор.ком» ва ғайраҳо созмон дода шуданд, ки  мундариҷаи  маводи онҳо сирф  экстремистӣ  аст. Аз ин рӯ, Суди Олии Тоҷикистон дар асосҳои қонунӣ оид ба баста шудани 40 сомонаи интернетии экстремистӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Аз ҷумла, сайтҳои  марбут ба ҲНИ, ки мубаллиғи  идеологияи террористии он буданд:  Nahzat.org, Vostoknews.org, Kimya Saadat, Isloh.net, Ozodandishon.org, Zindoniyon. com, Payom.net. ва ғайраҳо. Саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва видеоҳояшон дар порталҳои видеоӣ масдуд карда шуданд.

Барои пинҳон  намудани ақидаҳои ҷиноии онҳо, роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳамчун «пардаи дунявӣ» Иттиҳоди Миллӣ таъсис дод, ки фаъолияти он низ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Як қатор мавод дар васоити ахбори омма ба нашр расида, якчанд ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошта шуданд, ки дар онҳо иштирокчиёни бевосита ва шоҳидони ҷиноятҳои ҲНИ суҳбат мекунанд. Онҳо амалҳои зиддиқонунӣ ва гуноҳи аъзои ҳизбро тасдиқ мекунанд. («Решаҳои ноаён», «Ҳамлаи террористӣ – 1996», «Садоқати разолатпӯш» (Фитнаи тахайюлӣ), «Хиёнаткор Абу Усома Норакӣ- узви фаъоли ҲНИ», «Бозгашт аз дӯзах» ва ғайра) тасдиқи ин гуфтаҳоянд.

Фаъолияти ҷиноии  ҲНИ-ро Директори ММЗТ СҲШ Ғиёсов Д.Ф. дар баромади худ зимни ҷаласаи XVIII роҳбарони хадамоти махсус, мақомоти амният ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки моҳи октябр дар Сочи баргузор гардид, ба таври возеҳ баён намуд. Ин роҳбари созмони бонуфузи байналмилалӣ дар бораи шиддат ёфтани зуҳуроти террористӣ, пайдоиши муноқишаҳои доимии мусаллаҳона дар минтақаҳои сайёра сухан ронда, зикр кард: «Дар қатори дигар ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ҲНИ кӯшиши ҷалби  ҷавононро  ба сафи худ идома медиҳад, ки ин амнияти миллӣ ва минтақавиро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳад». Имрӯзҳо дар қаламрави Афғонистон, ба ғайр аз Толибон ва ДОИШ, боз  дигар созмонҳои байналмилалии террористӣ, чун ҲНИ мавҷуданд, ки ҳадафи асосии ҳамлаи  онҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.

Яке аз онҳо Ҷамоати Ансоруллоҳ аст, ки дар музофоти шимолии Афғонистон амалиёти низомӣ анҷом медиҳад. Бояд гуфт, ки  дар ҷалб намудан ва интиқоли ҷангиёнаш ба қаламрави кишварҳои алоҳидаи СҲШ собиқаи беандоза дорад.  Дар ин ҷанба, ҲНИ ба амнияти умум таҳдид мекунад, зеро он бо созмонҳои байналмилалии террористӣ робитаи зич дорад. Ҳадафи асосии он  тавсеа ва густариши  терроризм аз Афғонистон ба Тоҷикистон,  кишварҳои минтақа ва берун аз он  аст.

Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  эътирофи қатъии  ҲНИ ба ҳайси як созмони террористӣ-экстремистӣ, муттаҳидсозии кӯшишҳои муштаракро дар мубориза алайҳи терроризм метезонад. Ҳамзамон ин яке аз омилҳои асосии таъмини амнияту  субот дар минтақа ва умуман ҷаҳон хоҳад  буд. Муҳим аз ҳама, ин ба эҷоди як шабакаи васеи зиддитеррористӣ мусоидат мекунад. Дар он меъёрҳои дугона, аз қабили тақсимоти террористон ба «бад» ва «хуб»  вуҷуд нахоҳанд дошт. Ин  қадами ҷиддиест  барои таҳкими сулҳ, ки дар пойдории субот, амнияти ҷудонопазир ва эҳтироми тарафайн асос меёбад.

Назар МУМИН АБДУҶАЛОЛ,
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи А.Баҳоваддинов,
номзади илми фалсафа

Манбаъ – «ЦентрАзия»

silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.
Скачать кино шаблоны dle и обязательно Джон Картер Смотреть онлайн бесплатно, а ещё все скачать драмы бесплатно на сайте