Главная > Асоси > МО БА ТЕРРОРИЗМ НАФРАТ ДОРЕМ

МО БА ТЕРРОРИЗМ НАФРАТ ДОРЕМ


1-08-2019, 13:07. Разместил: adminn

МО БА ТЕРРОРИЗМ НАФРАТ ДОРЕМ

Миллати тоҷик баъд аз ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар атрофи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон муттаҳид гардида, даст ба ободонивусозандагӣ зананд ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои шоёни таваҷҷуҳ ноил гардиданд. Ин ҳама талошу кӯшишҳои бунёдкорона аз ҷониби қудратҳои солими ҷаҳонӣ эътироф гардидаву дастгирӣ ёфтаанд, аммо ҳануз нафароне, ки пешрафти мо ба чашмамон чун хор мехалад ва мунтазири фурсате ҳастанд, ки дубора гулистони моро ба гуристон мубадал гардонанд.

Пӯшида нест, ки Тоҷикистони нав истиқлол пайдонамударо маҳз ҳамин гуруҳҳои иҷтимоӣ ба ҷанг кашиданд, ки дар натиҷа кишвари ободи мо ба харобазор табдил ёфт ва хуни ҳазорон шахси бегуноҳ рехта шуд. Мамлакат даҳсолаҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ба қафо кашида шуда, беҳтарин донишмандону зиёиён кушта шуданд ва ё рӯ ба ғурбат оварданд.

Кулли омӯзгорони муассисаҳои мо дар атрофи Пешвои миллат ва қувваҳои солими ҷомеа муттаҳид мегарданд ва ғояҳои ватандӯстона ва амалҳои созандагии ҳукумат содиқ мебошанд ва намегузоранд, ки музафариятҳои бадастовардаи миллати тоҷик аз ҷониби қувваҳои сиёҳи хориҷӣ мавриди осеб қарор бигиранд

Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ваҳдати миллӣ поянда бод!

Ҷамила Шарипова,
директори МТМУ №18.



silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад