Нақши Пешвои миллат алайҳи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”
Мушоҳидаҳои Пешвои миллат имрӯз ба равшанӣ ин натиҷаро ба зеҳни мо мерасонад, ки ба миллати тоҷик ифротандешиву ифротгароӣ ҳаргиз хос набуду нест. Аз ин сабаб, ба созмону иттиҳодияҳои ифротию тундгаро пайвастани иддае аз ҷавонон маҳсули сатҳи пасти маърифати сиёсӣ, заъфи худшиносии миллӣ ва ноогоҳӣ динист, ки пушаймонӣ ба бор хоҳад оварду халос.
Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки моҳи май дар Шаҳри Душанбе баргузор гардид ифодагари андешаҳои амиқ ва пешниҳодҳои мушахасси Сарвари давлат доир ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз - муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Мавриди зикр аст, ки баргузории ин гуна ҳамоиши бонуфуз дар Тоҷикистон аз мақому манзалати шоистаи давлати мо дар байни кишварҳои олам дарак медиҳад ва ифодагари таваҷҷӯҳи беандозаи Пешвои миллати мо ба тинҷиву осудагии на танҳо Тоҷикистон балки минтақа ва ҷаҳон мебошад. Зеро аз назари Сарвари давлат таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо аз вазифаҳои калидӣ маҳсуб мешавад, ки бе он наметаваон рушди соҳаҳои мухталифи минтақа ва ҷаҳонро тасаввур намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърӯзаи худ аз набзи сайёра сухан оғоз намуда, зикр намуданд, ки “зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст”.
Пешвои миллат ҳамоно ба вокеаву ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя назар намуда, аз он ёд намуданд, ки танҳо давоми соли гузашта дар ин кишвар аз амалҳои терористӣ беш аз 10 ҳазор нафар зарар дид тақрибан 4 ҳазор кас қурбон гаштаанд. Бо овардани ин санад Пешвои миллат бори дигар хотиррасон намуданд, ки ин ё он кишвар наметавонад дар танҳоӣ бо хавфу таҳдидҳои афзояндааи амнияту осоиш муқовимат намояд ва ҳамкориву шарикӣ яке аз усулҳои муҳими мубориза ба ҳисоб меравад.
Ваҳдати миллӣ омили созандаву устувори иттиҳоди миллати тоҷик аст, ки бо баҳрамандӣ ва шинохти арзишҳои куллии ҷаҳонӣ фароҳам меояд. Ваҳдат ҳамеша ва дар ҳар маврид таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ боқӣ монда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистқилол бояд мусоидат кунад. Имрӯз эҳсоси амиқи ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ дар шуури миллати тоҷик маъво ёфтааст, аз ин рӯ, бояд созиш, созандагӣ ва ободкорӣ ҳадафи асосӣ ва муқаддаси ҳар як ватанпарвари асил қарор гирад, ки дастовардҳояш бо суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ иртиботи хос дорад. Ҳаргиз мумкин нест, ки бо пайвастан ба ифротгарӣ ва ифротгароён ба ҷомеаҳои башарӣ мо ранги хираи худамонро намоён кунем.
Ба назари мо, ин амал шармандагӣ дар назди наслҳои оянда аст. Талоши беҳадаф чизе нахоҳад дод, ҳаргиз обрӯи миллӣ нахоҳад афзуд!
Хулоса, гирифтани хусусияти сиёсӣ ва глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки муборизаро бар зидди ин вабои аср пурзӯр намоем. Аввалан ба сарчашмаҳои онҳо зиён расонида, муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намудан зарур аст. Дар акси ҳол талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳони дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ бесамар мебошад. Мамлакатҳои олам дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқо¬ну¬нии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии якдигар бояд бошад. Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Корманди шубаи маорифи
ноҳияи Муъминобод: Фозилов Сsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|