Главная > Асоси > Ҳизби наҳзат ҳизби тундраво

Ҳизби наҳзат ҳизби тундраво


15-08-2019, 10:00. Разместил: adminn

Ҳизби наҳзат ҳизби тундраво


 

 

         Тамоми мардуми сайёра ба хуби дарк кардаанд, ки гуруҳҳои алоҳидаи ҷомеъа барои истифодаи мардуми гумроҳу нодон амалҳоеро ба дар ниқоби дини ислом ба анҷом мерасонанд, ки тамоман ба дин ва ё мазҳабҳо марбут нестанд. То даврае, ки мардуми тоҷик ба китоби муқадаси қуръон шинос набуд, мардумро бо ҳар гунна ҳурофотҳои беасосу бемаъно фирефтаи доми худ намуда, онҳоро ба ҳайси ғулом, мурид ва ё шогирд ба доми худ фуру мебурданд. Ҳатто дар байни гуруҳҳои алоҳидаи мардуми камфаҳм аз тахалусҳои мавлавӣ, хоҷа, домулло ва ва дигар унвонҳои иман бе асос худро муаррифи намуда, ба ин роҳу воситаҳо сарват ва моликияти худро ғани мегардониданд.

Баъди бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ, пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонкашр гардидани китоби муқадаси Қуръон, ки боиси ошкор гардидани найрангу дуруғҳои ин гурўҳҳо гардид, онҳо ҷилаби корро ба дигар тараф партофта, аз пайи таъсис додани Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон гардиданд, ки таъсиси ин ҳизб боиси пайдо гардидани ҳар гуна равияҳои дигар дар байни мардум гардид. Вақтҳои охир аниқтараш то даврае, ки қудрати давлати азизамон на он қадар мустаҳкам буд, дар ҳар маъракаю нишастҳои деҳоти гап дар сари ба ҳар гунна роҳу воситаҳо гузоштани намози панҷвақта мерафту. Мардуми зиёд дар ин бора баҳсу мунозира ва ҳатто харҳашаҳо мекарданд. Аз қабили бо пойҳои кушод гузоштани намоз, бардоштани ангушт ва ҳар гунна дигар ҳаракатҳои бегона.

Хонандаи азиз! Ман бо итминони пурра Шумов а дигаронро тбовар мекунонам, ки тинҷиву осудагии кишвар неъмати бебаҳост ва арзон нест. Ин ба осони ба даст наомадааст. Барои барқаро кардани ин сохт чандин ҷавонону пирон ҷон аст додаанд. Биёед ба қадри ин расем ва муҳофизаташ кунем. Нагузоре то ҳар нохалаф ба тинтҷиву осудагии мо ба ҷуз ҳасад дигар кор карда натавонад.

 

 

 

 

 

Сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Карим Эмом.

 

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад