Мо ба терроризм нафрат дорем
Пӯшида нест, ки Тоҷикистони навистиқлол пайдонамударо маҳз ҳамин гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба ҷанг кашиданд, ки дар натиҷа кишвари ободи мо ба харобазор табдил ёфт ва хуни ҳазорон шахси бегуноҳ рехта шуд. Мамлакат даҳсолаҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ба қафо кашида шуда, беҳтарин донишмандону зиёиён ё кушта шудандва ё рӯ ба ғурбат оварданд.
Миллати тоҷик баъд аз ба даст овардани сулҳ ва ризояти миллӣ дар атрофи Пешвои худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, даст ба ободониву созандагӣ заданд ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои шоёни таваҷҷӯҳ ноил гардиданд. Ин ҳама талошу кӯшишҳои бунёдкорона аз ҷониби қудратҳои солими ҷаҳонӣ эътироф гардидаву дастгирӣ ёфтаанд, аммо ҳануз ҳастанд нафароне, ки пешрафти мо ба чашмашон чун хор мехалад ва мунтазири фурсате ҳастанд, ки дубора гулистони моро ба гӯристон мубадал гардонанд.
Ошӯбе, ки дар зиндони шаҳри Ваҳдат сар зад, далели раднашавандаи гуфтаҳои боло мебошанд. Тавре, ки аз тафсилоти воқеа бармеояд, чанд нафар, ки худро узви гурӯҳи «Давлати исломӣ» медонанд, даст ба исён зада, муқобилони ақидавии худро ваҳшиёна ба қатл расонидаанд ва баъди ин хостанд фирор намуда, вазъи кишварро ноором гардонанд, аммо ба ҳадафи худ нарасиданд.
Сокини ноҳияи Муъминобод, собиқ корманди маорифи ноҳия Муъминаи Ибодуллоsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|