Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал – полковник Саймумин Ятимов беш аз як ҳафта бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад.
Манбаъ меафзояд, ки раиси КДАМ Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ду соли вазъияти амниятии вилоятро муқоиса намуда, изҳор намудааст, ки дар қиёс бо моҳи октябри соли гузашта авзои вазъият дар Бадахшон феълан хеле мӯътадил гаштааст.
Гузашта аз ин генерал Ятимов аз иҷрои бармаҳали даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ВМКБ изҳори хушнудӣ намуда, арзи сипоси раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми вилоят расонд.
Саймумин Ятимов аз пайвастани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро махсус ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки баҳри устувории суботи ҷомеа ҳамкории тамоми сохторҳо бо мардум натичаи бисёр хубе ба бор меорад.
Ў ба мардуми Бадахшон барои иқдоми шоистаашон барои саҳми арзанда дар барқарор намудани низому тартибот ва волоияти қонун арзи ташаккур кардааст.