ДУШАНБЕ, 01.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.
Аз ҷумла, моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.
Аз ин лиҳоз ва бо назардошти бараъло мавҷуд будани таркиби ҷинояти барангехтани кинаву адовати динӣ дар ҳаракатҳои Шарипов Д.А., 28 январи соли 2020 нисбат ба номбурда бо аломатҳои қисми 1-и моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо қарори Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе аз 30 январи соли 2020 ӯ ба ҳабс гирифта шуд.
Маркази матбуоти
< Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
01 феврали соли 2020