Главная > Асоси > Бадахшониҳо ба куҷо равонед!

Бадахшониҳо ба куҷо равонед!


13-06-2022, 10:04. Разместил: admin
Бадахшониҳо ба куҷо равонед! Ќайд намудан ба маврид аст, ки имрўзњо бадхоњони ин миллату ин давлат тариќи шабакањои иљтимої санги маломат ба сари падару модар ва бародарону хоњарони хеш мезананд, ки ин боиси нигаронии зиёд аст. Онњо инро бояд донанд, ки теша ба решаи худ мезананд ва фаромӯш насозед, ки таърих чунин рафторњои палидонаю разилонаи бадхоњони миллату давлатро фаромӯш нахоњад кард. Мардуми Бадахшон дониста бошед, ки гуштро аз нохун људо кардан номумкин аст. Мову шумо бародар будем, њастем ва мемонем ба њилаю найрангњои бегонапарастон гуш надињед. Мо бояд ба куљо рафтани хешро дуруст дарк намоем. Зеро њар амалеро, ки анљом медињем подошашро хоњем гирифт. Аммо бузургони гузашта ва имрўзаи мо дар назму наср чунин њикматњои созгору арзанда барои миллати тамаддунофару раиятпарварамон кардаанд. Аммо бузурге фармудааст: Њар, ки бад кардаст ба рўзи бад расад, Некиро некию бадро бад расад! Ё дигар ин, ки мегўянд: Аз мукофоти амал ѓофил машав, Гандум аз гандум бирӯяд љав зи љав! Мардум дуруст дарк бояд намоянд, ки гуруњњои ифротгарою номатлубро мардуму миллат гуфтан ѓалат аст. Мо бояд барои амнияту суботи комили давлату миллат љоннисорї намоем ва дар дифои марзу буми он аз чашми ниятњои нопоки њасудон пуштибонӣ намоем. Зеро ин сарзамину ин миллат аз фарзандони баномуси хеш дифоъ аз разилону палидони найрангбоз мехоњад. Мо дар шабакањои иљтимоӣ бархе аз нафаронеро мебинем, ки нисбати давлату миллат њарфи фањш мезананд онњо яќинан фирефтаи найрангњои бегонагон гаштаанд ва ў нафаронро мо дӯстдорӣ ин халќу ин сарзамин гуфта наметавонем. Зеро онњо барои худ ва падару модар, ёру бародар ва модару хоњари худ чизе накардаанд аз куљо барои мою шумо мекунанд. Яќинан онњо аъзоёни гурӯҳњои террористию экстремистї ва зархарид њастанд. Масалан, Муњамадбоќир Муњамадбоќиров, Улфатхоним Мамадшоева ё Холбаш Холбашов барои миллат не, барои бадахшонињо не барои наздикону пайвандони худ чизе накардаанд. Аз ин рў ба тамоми мардуми Бадахшон аз хурд то бузург гуфтаниям, ки ба умеди кайк пустакро оташ назанед. Аслан мо бояд аз он нафароне дифоъ кунем, ки барои халќу Ватан хизматњои шоиста карда бошанд. На ин, ки барои як гурӯњ авбошону хоинони миллат љомеаро ба ташвиш орем. Ин нуќтаро мехоњам, бори дигар њушдор созам, ки мо њама савораи як завраќем ва амнияти онро дуруст нигоњ доштани мо шарт ва зарур аст. Аз ин рў моро зарур аст, ки мењнату зањмати дигаронро ќадр намоем ва зиндагии орому осудаи мардумро халалдор насозем. Сайњомид Сафаровsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад