АСЛИ ВОҚЕЪА.
Хабар дар бораи марги аз истиқоматкунандагони вилояти мухтори куҳистони Бадахшон Муҳаммабокиров Муҳамадбокир рӯзи 25 05.2022 дар тамоми расонаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Ҳар кадоме бо дарки худ дар бораи ин фавту ин фоҷеъа фикрҳои худро иброз доштанд. Касе гумон дорад, ки ӯ аз дасти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гуё кушта бошад. Дигароне дар он ақидаанд, ки ӯро ҳаммаслакони худаш ба қатл расониданд. Умуман дар ин масъала ду рӯз аст, ки баҳсҳои доманадор идома доранд. Вале ҳақиқати ҳол барои ҳеҷ кас ба фикри манн норавшан аст.
Назари ман ҳамчун як фард дар ин бора чуни наст, ки дар тамоми муноқишаҳое, кис ар мезанад амалҳои нопок ва ё кушторҳоро ҳамон миёнаравҳо ба анҷом мерасонанд. Аслан барои нором сохтани вазъ дар Бадахшон таҳи чанд муддат аст, ки бадхоҳони миллати мо кушиш карда, ин лаҳзаҳоро фароҳам овардани буданд. Барои тезондани суръати кор барои онҳо фақат куштори саркардагони гурӯҳҳои омодакардаашон нокифоягӣ мекард. Агар аз баромаду суханрониҳои бадхоҳони миллати мо пештар ёдрас шавем, мақсади аслии онҳо фақат андохтани низо буд. Маблағгузори карданд, нафарони тазоҳуротчӣ дастрас карданд мақсади нопоки худро амали сохтанд. То ҷое тавонистанд, ҷавонони камогоҳро дар атрофии худ ҷамъ намуда, сарварии ин гурӯҳро ба ӯҳдаи яке аз нафарони серғайрати Бадахшонӣ Муҳаммабокиров Муҳамадбокир гузоштанд. Ин гурӯҳ алакай бо истифода аз маводҳои бехудкунанда таёранд ба дилхоҳ кор даст зананд. Чунки онҳо дар ихтиёри худ нестанд. Вақте дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон гурӯҳҳои кори корро оғоз намуданд, тири бадхоҳон хато рафт. Мардум алакай дарк менамуд, ки дар байн гурӯҳҳои бегона кор бурда, ҷавононро гумроҳ месозанд. Акнун нақшаи навбатии ин гурӯҳ, ки сабаби шиддат гирифтани вазъ дар Бадахшон мегардад ин аз байн бурдани Муҳаммабокиров Муҳамадбокир аст. Ин фоҷиъа метавонад боз дар дили мардум шубҳаро зиён намуда, гурӯҳи тазоҳуротчиён ва хархашаро зиёдтар намояд. Агар давлат ва нафаре аз фиристодагон ба вилояти мухтори куҳистони Бадахшон қасди ҷони Муҳаммабокиров Муҳамадбокир медошт, ин ҳодиса кайҳо боз рух дода буд. Аммо мақсади асосӣ, ки аз баромадҳои қариб ҳамаи намояндагон бар меомад, ин фақат таъмини амнияти ҳар як сокини осоишта буд. Мақсади асоси бо роҳи мусолиҳа ба эътидол овардани ин тазоҳурот буд.
Ман ақидаи худро дар бораи ҳодисаи ба амал омада ба пуррагӣ гуфта, аз сокинону мардуми бору номус ва соҳибфарҳанги БАДАХШОН-и азизро даъват менамоям, ки ба ҳилаву найрангҳои бадхоҳони миллат, ки дар хориҷи кишвар нишаста, ба сари осоиши мо санг мепошанд, дода нашаванд. Мо фақат метавонем дар якҷоягва якдигарфаҳми Ватани азизамонро обод ва миллатамонро ҳифзу ҳимоя намоем.
Карим Эмом.silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|