АЗ РОҲУ ВОСИТАҲОИ ШОМИЛШАВӢ БА ГУРӮҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Терроризм ва экстремизм барои амалӣ сохтани ниятҳои номатлуби хеш аз бисёр роҳу воситаҳо истифода бурда, мехоҳанд бештар ҷавононро шомили гурӯҳҳои худ гардонанд.
Дар замони имрӯза Интернет ягона роҳи истифода ва ҷалби ҷавонон ба ин ҳаракатҳои террористӣ гаштааст. Интернет воситаи амн ва мутмаини тарғибу ташвиқи адабиёт ва матолиби савтиву видеоии созмонҳои экстремистиву террористӣ шуда, на фақат роҳнамои афроди алоҳида ба сӯйи майдонҳои набард дар Ховари Миёна ва Афғонистон аст, балки дар худи Аврупои демократӣ фазои мусоиди фаъолият барои онҳоро ба вуҷуд овардааст.
ТАШКИЛОТҲО ВА СОМОНАҲОИ ФАЪОЛИ ТЕРРОРИСТӢ
Яке аз ташкилоти фаъоли онҳо Ал- Қоида мебошад, ки соли 1988 ташкил шуда, барои шомил кардани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аз ҳама роҳу воситаҳо истифода мебарад. Ал-Қоида якумин ташкилоти машҳури экстремистие мебошад, ки интернетро бо ҳама хусусиятҳояш фаъолона истифода бурда метавонад. Онҳо ҷавононро тавассути интернети онлайнӣ, ва сомонаҳои иҷтимоӣ - «Facebook», «Bконтакте», «Twitter», «Youtube», «Одноклассники», «Телеграм»,ки роҳи аз ҳама осон аст, ба дастаҳои худ шомил месозанд.
ҶАЛБИ ҶАВОНОН ТАВАССУТИ СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ
Имрӯзҳо ҷалби ҷавонон ба созмонҳои террористӣ тавассути Интернет дар қиёс ба солҳои қабл бамаротиб зиёд шудааст. Зиёда аз 88 фоизи ҷавонон тавассути шабакаи Интернет ба «ДИИШ» пайвастаанд: 45 фоиз тариқи матну видеоҳои тарғиботӣ ва 43 фоиз ба воситаи қасамҳои онлайнии Интернет ҷалб карда шудаанд. Ташкилотҳои террористию экстемистӣ дар аксари сомонаҳои иҷтимоӣ, ки истифодабарандагонш зиёд аст, саҳифаҳои худро доранд. Масалан, сомонаи «Twitter» зиёда аз 16 млн хонанда дорад,ки аксарияташро ҷавонон ташкил медиҳад. Ташкилотҳои терористӣ низ дар ин сомона гурӯҳҳо, блогҳо ва порталҳои махсуси худро доранд...silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|