Главная > Асоси > ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ ТАДБИҚ МЕШАВАНД

ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ ТАДБИҚ МЕШАВАНД


14-07-2022, 10:50. Разместил: admin
ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ ТАДБИҚ МЕШАВАНД Бо иштироки масъулини корхона ва идораҳои давлатӣ дар ҷамоату деҳоти ноҳияи Муъминобод бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва муроҷиати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлонро оид ба корҳои созандагию ободонӣ ва истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, бахусус, ғаладонагиҳо, ҷамъоварии меваю сабзавот, пардохти саривақтии ҳаққи нерӯи барқ, об ва андоз инчунин, ҷиҳати тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пешгирии амалҳои номатлуб бо иштироки масъулини кумитаву идораҳои давлатии ноҳияи Муъминобод бо усули “Хона ба хона” вохӯриҳо идома доранд. Дар доираи вохӯрӣ бо сокинони норҳия маълум гардид, ки ҳар як оила дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, кишти такрорӣ ва захираи маводи ғизоиро барои зимистонгузаронӣ омода намуда истодаанд. Зимни мулоқот сокинон иброз намуданд, ки дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии кишвар барои мо ҳамчун дастурамал ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, мо аллакай ҳосили якумро ғундорӣ намуда, кишти такрориро ба роҳ мондаем. Барои кишти такрори мо бештар аз маҳсулоти донагӣ истифода мебарем ва барои захира кардани маҳсулоти тару тоза аз роҳҳои гуногуни нигоҳдориро ба кор мебарем. Дар рафти вохӯрӣ бо ҳар як оила аз ҷониби ҳайати корӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳи зиндагӣ ва истифодаи самараноки замину захираи маводи ғизоӣ тавсияҳои судманд дода шуд.silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад