Главная > Асоси > ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ ҲАМОН ТЭТ ҲИЗБИ НАҲСАТ АСТ!

ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ ҲАМОН ТЭТ ҲИЗБИ НАҲСАТ АСТ!


14-07-2022, 14:07. Разместил: admin
ПАЙМОНИ ЗИДДИМИЛЛӢ ҲАМОН ТЭТ ҲИЗБИ НАҲСАТ АСТ! Паймони зиддимилӣ ҳамон ТЭТ ҳизби наҳзат аст. Саркардагони ҳизби наҳзат пас аз инқилоби моҳи сентябри соли 2015 барои наҷоти ҷонашон ба давлатҳои Аврупо гурехтанд. Наҳзатиҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ садҳо ҳазор нафар ҳамватанони моро кушта, давлати моро солҳо ба қафо бурданд. Наҳзатиҳо барои ба даст овардани ҳадафу мақсадҳои нопоки худ, хусусан ғасби ҳокимияти сиёсӣ ва пулу моли Тоҷикистони навистиқлол ба ҷанги бародаркӯшӣ даст заданд. Саркардагону пайравони наҳзатӣ барои ба ин ҳадафҳо расидан аз ҳама роҳу воситаҳои бераҳмиву бешафқатӣ истифода бурданд. Дар дилхоҳ минтақае, ки зери тасарруфи худ медароварданд, мардуми онҷоро зулму таҷовуз мекарданд. Ҳар як нафар метавонад, хабару иттилоотҳои ҳамон солҳоро гирифта мутолиа карда, ба рафтору кирдори ғайриинсонии наҳзатиҳо огоҳ гардад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ саркардагони наҳзатӣ аз худ “Худову Расул” тарошида, худро ҳомии дин ҳисобида мардумро ғулому бечора карда буданд. Ҳатто барои ошкор накардани амалҳои худ рӯшанфикрон ва зиёиёни машҳури ҳамон солҳоро террор карданд. Ҳамаи ин амалҳо ба саркардагону пайравони наҳзатӣ басандагӣ накарда, баъди солҳои дар мансабу вазифаҳо тақсиму тороҷ кардани кишвар бори дигар хостанд, ба ҷанги бародаркӯшӣ даст зананд. Ин маротиба низ саркардагони бераҳми наҳзатиҳо даст ба табаддулот заданд. Вале ҳадафу ниятҳои нопоки онҳо амалӣ нагардида, аксарияташон куштаву зиндонӣ гардиданд. Аммо баъзе саркардагони асосии онҳо, ки тарроҳи инқилоби моҳи сентябри соли 2015 ба ҳисоб мерафтанд, бо аҳлу хешовандон ва пайвандонашон ба давлатҳои Аврупо гурехтанд ва онҷо гӯё паноҳгоҳи амн ёфтанд. Дар асл роҳбарони наҳзатӣ ва як гурӯҳ экстремистону террористон дар Аврупо ҷамъ омадаанд, ки дар чеҳраи худ ниқоби демократу либерал пӯшонда, ҳадафу ниятҳои террористии худро пинҳон карда истодаанд. Барои он, ки аз ҳадафу ниятҳои террористии онҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ нагардад, номи ҳизби террористиашонро ба паймони зиддимиллӣ иваз карданд. Саркардагони наҳзатӣ то ҳамин ҳад беимону бевиҷдонанд, ки барои расидан ба ҳадафҳояшон номи ҳизби динии наҳзатро аз ташкилоташон бардоштанд. Бо ҳамин мақсад се чор нафар зархарид ва фурӯхташудаи душманони давлату миллати тоҷик, мисли М.Кабирӣ, А.Шерзамонов, Т.Варқӣ, М.Садриддин ва дигарон аз худ роҳбар сохта, зану фарзанд ва хешонвандони ифротиву террористии худро атрофи худ ҷамъ оварда, паймони зиддимилиро таъсис доданд. Хуллас, паймони зиддимиллӣ ҳамон ТЭТ ҳизби наҳсат буда, бозичаи дасти душманони миллати тоҷиканд ва бо супоришу ҳидоятҳои онҳо дар Аврупо фаъолияти экстремистии худро идома дода истодаанд. Бояд гуфт, ки назди наҳзатиҳо муқаддасот танҳо доллару евро буда, пайи ба даст овардани грантҳои хоҷагони худ мебошанд. Бо ҳамин мақсад дар шабакаҳои интернетӣ фаъолияти худро идома дода, бо маълумоту дурӯғҳои навбатӣ мехоҳанд мардуми тоҷикро ба доми фиреб афтонанд. Суҳроби Рустамsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад