Главная > Асоси > ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ - ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ - ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ


11-08-2022, 16:34. Разместил: admin
ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ - ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ 05.08.2022 Сиёсати созанда, бунёдкорона ва варзишпарваронари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар боис гашт, ки имрӯз варзиш дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор гирифта, сол то сол рушд намояд. Ҳамин аст, ки мардуми тоҷик варзишро ҳамчун воситаи беҳтар кардани тарзи ҳаёти солим қарор дода, онро яке аз машғулияти асосӣ медонанд. Имрӯз ҷавонону наврасони кишвар вобаста ба имконоту шароити фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар пайваста ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мешаванд, ки ин аз таваҷҷуҳи бештари мардум ба саломатӣ ва тарбияи ҷисмонӣ шаҳодат медиҳад. Мусаллам аст, ки мардуми тоҷик аз қадим барои беҳтар кардани саломатӣ, рушди ҷисмонию маънавӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан пайваста ба варзиш машғул мешуданд. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш на танҳо барои беҳдошти саломатӣ, балки барои рушду пешрафт ва муаррифии давлат, таҳкими дӯстӣ миёни халқияту кишварҳо ва ҷаҳонбинии ҷавонон мусоидат карда метавонад. Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои муаррифиву пешрафти ҳар як давлат муҳим буда, он ҷавонону варзишгарони асил, ватандӯст ва содиқу шуҷоатмандро тарбия менамояд. Беҳуда нест, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосии Ҳукумати кишвар ва Роҳбарияти олӣ, пеш аз ҳама, ба ҷавонон ва рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш нигронида шуд. Ҳамин дастгирию ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҲукумати мамлакат аст, ки дар зарфи 30 сол соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат дониста шуда, барои омавияти варзиш, рушди он дар саросари кишвар ва тарбияи варзишгарони болаёқат баҳри муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ тамоми тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ карда шудааст. Имрӯзҳо боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки варзишгарони мо дар арсаи байналмилаӣ шинохта шуда, борҳо ғолиби мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гашта, бо ин васила обрӯ ва нуфузи кишвари азизамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоштаанд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аз соли 1996 инҷониб варзишгарони мо дар бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва дигар чемпионатҳои ҷаҳонӣ сарбаландона иштирок намуда, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд. Яке аз туҳфаҳои беназир ва ифтихорманд барои тамоми мардуми Тоҷикистон ин медали тиллои қаҳрамони тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейрои Браазилия дар соли 2016 ба ҳисоб меравад. Ҳукумати кишвар то ба имрӯз баҳри пешрафти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастгирию ҳавасмандгардонии ҷавонон ва варзишгарони мамлакат тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҷавонони болаёқатро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд ва сафи парчамбардорону муаррифгарони Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам бештар гардонанд. Маъруф Азимов, директори муассиси давлатии мактаби варзишии ноҳияи Муъминободsilvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад