ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод бо иштироки раиси ноҳия, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф, фаъолону варзишгарон ва собиқадорони соҳаи варзиш чорабинии идона доир карда шуд.
Раиси ноҳия, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф тамоми варзишгарону собиқадорон ва сокинони ноҳияро ба ин санаи муборак табрик намуда, қайд карданд, ки варзиш омили беҳдошт бахшидани саломатӣ, дӯстию рафоқат ва муаррифгари давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар омавигардониии варзиш нақши муосир гузошта, баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш нақши муассир гузошта истодаанд.
Баҳри дастгирию ҳавасмандгардонии ҷавонону варзишгарон дар кишвар тамоми шароиту имконот фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз мо бояд шукрона аз он намоем, ки дар як фазои сулҳу суббот ва оромии кишвари азизамон фаъолият намуда дорем. Ин самараи истиқлол ва озодӣ аст, ки варзишгарони мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, обрӯ ва шарафи ин Ватанро борҳо баланд бардоштаанд. Мо низ бо чунин ҷавонону варзишгарони бо нанги Ватан ифтихор мекунем.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод як қатор варзишгарону собиқадорони соҳа ба Сипосномва ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|