Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро ҳар ҳафта қабули сайёри шаҳрвандонро дар шаҳру ноҳияҳо ташкил кардааст. Арзу муроҷиати шаҳрвандонро вазири маориф ва илм шунида, дар ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат мекунад.
Маҳз ба ҳамин хотир, санаи 17-уми феврали соли 2023 дар маркази ноҳияи Муъминобод қабули шаҳрвандон аз тарафи вазири маориф ва илми кишвар ташкил гардид,ки дар он беш аз 20 нафар шаҳрвандон муроҷиати худро расониданд. Аз ҷумла, омӯзгори собиқадори фанни забони англисии муассисаи таълими рақами 2-и ноҳия Холов Юсуф барои таваҷҷуҳу дастгирӣ ва ташкили қабули шаҳрвандон, аз наздик суҳбат оростани вазир бо омӯзгорону хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.
Сипас, омӯзгори гимназияи "Боғи Ҳабиб" Қурбонов Ҳабиб оид ба фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ ва Шӯроҳои методӣ, шаҳрванд Сайфуллоев Абдулқодир дар бораи сохтмони бинои муассисаи таълимӣ муроҷиати худро расониданд.
Ҳамзамон, сокинони ноҳия Каримов Эмомалӣ, Саҳроев Пирумшо ва Ашуров Умар, Валиева Гулбаҳор, Мусоева Мунира ва дигарон оид ба як қатор масъалаҳои мубрам муроҷиат карданд.
Дар рафти қабул шаҳрвандон дар масъалаҳои таъмири бинои муассиса ва таъмин бо мизу курсӣ, системаи гармидиҳии мактабҳо, идомаи фаъолияти корӣ барои омӯзгорони дар нафақабуда ва дигар мавзуъҳои марбута ба таълиму тарбияи насли наврас муроҷиатҳоро расониданд.
Барои ҳалли мушкилии муроҷиаткунандагон ва дастгирии онҳо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро муовинон, сардорони раёсатҳои марбутаи Вазорати маориф ва илми кишвар, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро масъул намуд. Гуфта шуд,ки ягон муроҷиати шаҳрвандон бе таваҷҷуҳ намемонад ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша баҳри мусоидат дар пешрафти соҳа доиман омода мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|