Главная > Асоси > «ДУШМАНИ АСЛИИ МО ВИРУС НЕ, БАЛКИ ҲАРОС, ВОҲИМА ВА СТИГМАТИЗАТСИЯ АСТ*». Бо чунин изҳорот ширкати «Фаровон-1» имрӯз ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуд

«ДУШМАНИ АСЛИИ МО ВИРУС НЕ, БАЛКИ ҲАРОС, ВОҲИМА ВА СТИГМАТИЗАТСИЯ АСТ*». Бо чунин изҳорот ширкати «Фаровон-1» имрӯз ба аҳолии мамлакат муроҷиат намуд


5-03-2020, 19:40. Разместил: adminn

ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Душмани аслии мо вирус не, балки ҳарос, воҳима ва стигматизатсия аст»,  омадааст дар муроҷиати ширкати саноатии «Фаровон-1» ба аҳолии мамлакат, ки имрӯз дар саҳифаи ширкат дар Facebook гузошта шуд. Дар муроҷиатнома, аз ҷумла омадааст:

Нуқтаҳои тиҷоратии хусусии мо маъмулан дар тамоми шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати бисёрсоҳаи тиҷоратию истеҳсолии «Фаровон» тӯли 15 сол аст, ки яке аз ширкатҳои пешрафта маҳсуб ёфта, фаъолияташ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. «Фаровон» рӯз аз рӯз фаъолияти мураккабу ҳаётан муҳимро таъмин намуда, ҳоло яке аз ширкатҳои босуръат рушдёбандаи Тоҷикистон мебошад.

ДАР АКСҲО: анборҳои ширкати «Фаровон-1». Аксҳо аз сомонаи ширкат

*Стигматизатсия —  аз ҳад гузаронидан дар хулосабарорӣ ва муносибат ба чизе, як навъ ифрот;  гузаштани баъзе сифатҳои манфӣ аз намояндагони алоҳида ба аъзои дигари ҷомеа    (тавз. АМИТ «Ховар»).

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад