Главная > Асоси > ҚАРОРИ Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОРИ Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон


17-04-2020, 17:33. Разместил: adminn

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус (-19) дар Тоҷикистон имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №2 қарор ба имзо расонид, ки матни онро дар зер манзур менамоем.

Ин ҳама амалҳои фавриву саривақтӣ танҳо ба хотири ҳифзи саломатӣ ва наҷот бахшидани одамон аз бемории сироятии короновирус мебошад, ки дар ҳақиқат то ба имрӯз ҷони ҳазорҳо нафарро аз байн бурда, садҳо корхонаҳо бекор мондааст. Ба ғайр аз ин мардуми зиёд бо иллати наҷот ёфтан аз офате, ки назирашро инсоният ёд надорад,  дар хонаҳои худ «ҳабс» шуда, умедвори ҳар чи тезтар халос шудан аз ин балоро доранд. Мо низ бояд дар пайи офияти мардум ва ҳимояи шаҳрвандони худ тамоми чораҳоро мавриди истифода қарор диҳем, то аз ин вабои аср худамон, фарзандонамон, падару модарон ва умуман тамоми сокинони мамлакатамонро новобаста аз мазҳабу дин наҷот бахшем ва Ватани азизамонро аз ҳама хатарҳо ҳифз намоем.

Тибқи фармудаҳои шариати Ислом ҳифзи саломатии инсон дар мартабаи аввал меистад. Дар ин маврид дар Қуръони карим омадааст: «Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед» (Сураи Бақара, ояти 195).

Дар чунин вазъият, ки  ҳифзи саломатӣ фарз аст ва намози ҷамоат суннат мебошад, бояд сиҳатии ҳар як бандаи муъмин ҳимоя ва ҳифз шавад. Вобаста ба ин риоя намудани тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб низ муҳим мебошад. Чунонки Худованди таъоло мефармояд: «… 

    Гузоридани намозҳои ҷамоат — панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият аз рӯзи 18 апрели соли 2020 манъ карда шавад.
  1. Тавсияҳои табибон ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми рӯзадорӣ ва дигар маросим қатъиян риоя карда шаванд.
  2. №2 аз 17 апрели соли 2020

    silvenpsp.rusferurezki.ru
    Вернуться назад