Тайи чанд моҳи охир ҳангоми муошират бо дӯстону ошноён, инчунин мутолиаи бевоситаи маводи таҳлилӣ дар торнамои интернети байналмилалӣ ба чунин натиҷа расидам, ки шукри Худо, ҳар он чи, ки дар шароити пандемия дар кишвари мо Тоҷикистон рух медиҳад, таҳаммулпазир аст. Аз ҷумла, дар муқоиса бо дигарон, агар чунин қиёс бо дигарон, ҳатто кишварҳои рушдёфта, ки қудратҳои азими иқтисодӣ номгузорӣ ва дар ҳаёти сиёсӣ низ бунёдгузори мӯд мебошанд, раво бошад.
Моҳияти суханронии ӯ ин аст, ки "ман бояд дар намакдони хонаам туф кунам ва ба ин ҳаромзода бипайвандам». Аз тарзи суханронӣ ва ҳаракатҳояш ҳангоми сабти навор маълум аст, ки ӯ ҳатто ба ёд намеорад, ки солҳои 90-уми асри гузашта тамоми дастаи роҳзанаш аз мардуми ман на танҳо шаллоқ, балки аз як ҷои дигарашон ҳам барои чунин мафкураи разилашон шатта хӯрда буданд.
Охир, ман дар ин кишвар зиндагӣ мекунам ва аз маҳсули заҳмати ҷомеаи Тоҷикистон истифода менамоям, бидуни тарсу ҳарос аз рӯзи фардои худ ва фарзандонам аз зиндагии худ лаззат мебарам, ба касе кор надорам, касеро муҳокима намекунам, яъне дар кишвари худ зиндагии мӯътадил дорам. Ва Худоро шукр мегӯям! Ман худам, бе Кабирӣ ҳам, камбудиҳои зиёдеро дар ҷомеаи худ ва дар кишвари худ мебинам. Чунин камбудиҳое, ки дар ҳар як оила ба назар мерасанд.
Зиндагии ман чандон хуб нест, на он таврест, ки ман мехоҳам. Аммо ман сабабҳои инро хуб дарк мекунам. Бо дарназардошти ин ки низоми кунунии сиёсӣ ва ҳокимияти иҷроияи Тоҷикистон на 250-300 сол, балки на беш аз 30 сол дорад. Аз он 5 соли тӯлонӣ ба давраи ҷанги шаҳрвандии харобиовар рост меояд, ки дар натиҷаи он мо зиёда аз 150 ҳазор шаҳраванди худро талаф додем, кишварамон ба харобии сартосарии иқтисодӣ мувоҷеҳ гардид ва зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА ба он зарари моддӣ расонида шуд.
Сарфи назар аз тамоми муваффақиятҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, душманони давлати ман бо дастури хадамоти махсуси як кишвари маълуми исломӣ на танҳо гузаштаи халқи худро фаромӯш мекунанд, балки алорағми он, мисли одамоне, ки ягон рӯз ба корҳои фоиданоки иҷтимоӣ машғул нашудаанд, таблиғоти ифоротигароӣ ва бунёдгароии исломро доман мезананд ва падидаҳои манфии Осиёи Марказиро дар маҷмӯъ, аз ҷумла кишвари моро тафсир ва ҷилва медиҳанд. Масалан, Салимпур, ки ман онро нусхабардор ё обчинак меномам. Ва ё С. Муҳаммадбеиқбол, ки аз сояи худ ваҳм мекунад ва ҳатто дар Аврупо ба ҳоҷатхона ҳамроҳи посбонҳо меравад, дар манфурӣ ва палидӣ ба рӯи Салимпур туф кардааст. Ин "қаҳрамонҳо" дар воқеияти аврупоӣ арзишҳо ва роҳнамоҳои худро гум, ва хулқу ҳамҷинсгароии онҳоро пазируфтаанд, мисле, ки дар вуҷудашон осори мардонагӣ боқӣ намонда бошад. Магар, марди соҳибэҳтиром оё ба худ маҷол медиҳад, ки фоҷиаи вобаста ба густариши коронавирусро муғризона истифода ва дар пеши назари ҷомеаи ҷаҳонӣ намояндагони ҷинси латиф - занони ватани манро на ба ҷое, ки воқеан сазовори онҳост, балки ба сангарҳо ба манфиати мафкураи ифротгароии исломии мабнӣ бар ғояҳои ваҳҳобизм, ки М. Кабирӣ тарғибгари онҳост, даъват ва таҳрик намояд. Оё мумкин аст, ки ҷавонмард, мутобиқи фаҳмиши ман, на фаҳмиши Беиқбол, дар чунин давраи ҳассос ба занон бо суханҳои "натарсед, ҳаёт як бор дода мешавад!” муроҷиаат намояд?. Гўё дар ин қарина, ӯ Америкоро кашф мекунад, тавре ки замоне Колумб бори аввал онро кашф карда буд. Гӯё ки мо инро намедонем. Дар ин бора андеша мекунам ва ба чунин хулоса меоям, ки аз рӯи фикррониҳои фалсафиаш ӯ тасаввурот надорад, ки мо на танҳо инро дарк мекунем, балки медонем, ки дар дунё бояд шарофатмандона, ба нафъи Модар - Ватан зиндагӣ бояд кард. Содиқона мегӯям, ки пас аз тамошои видеои Салимпур ва С. Муҳаммадбеиқбол ман онҳоро дар сафи маъюбони маънавӣ ҷой додам. Ба ҳар ҳол, барои авлоди ман дар паси шонаи зан пинҳон шудан ва ҷиҳати расидан ба аҳдофи муғризона истифода намудани зан, амали манфур маҳсуб мешавад. Халқи шарифу сарбаланди ман воқеан чунин одами хашин ва бешармро на танҳо анини (импотент) ҷисмонӣ, балки анини ахлоқӣ - маънавӣ меномад ва ин ба тавзеҳот ва далелҳои иловагӣ ниёз надорад.
Касоне, ки намоишҳо ва бӯҳтонҳои Ш. Гадоевро надидаанд, ки худаш дар зиндагӣ ду калимаро бо мушкиӣ васл мекунад ва бо дарназардошти сатҳи маърифаташ барои ӯ, ки мухолифи чалласаводи зери пошна мебошад, авфпазир аст. Аммо, ман наметавонам густохии ин разили бадзотро авф намоям, чунки ӯ баёнияҳо ва даъватҳои худро, ки бо ЭЛИТАИ СИЁСИИ Ватани ман ҳеҷ умумияте надоранд, аз номи онҳо пахш ва нашр мекунад. Ман аз ту мепурсам, ту кистӣ бачаи ҳаромзода ва навкари фармонбардор, ки ба номи неки одамоне, ки бо заҳмати ҳалоли худ дар арсаи сиёсат, иқтисод, илм, фарҳанг, санъат, маориф ва дин сазовори унвони ЭЛИТАИ СИЁССИИ Тоҷикистон шудаанд, иснод меоварӣ ва сиёҳ мекунӣ?
Дар ниҳояти кор, ҳамаи онҳо - Салимпур, С. Муҳаммадбеиқбол, Ш. Гадоев ва дигарон навкарони ҳалқабаргӯши Кабирӣ мебошанд, ба манфиати ӯ хидмат мекунанд. Мо бо ҳамин иктифо мекунем ва шумо, хонандагони азиз моҳияти сиёсати онҳо ва ҳавову ҳаваси худи Кабириро дарк хоҳед кард.Инак Кабирӣ кист? Ман мегӯям, ки М. Кабирӣ шахсест, ки аз пуштибонии яке аз давлатҳои исломӣ ва кумакҳои маънавӣ – сиёсӣ, молӣ ва ғайраи он баҳравар аст. Аз он ки роҳбарияти сиёсии ин кишвари исломӣ, лабони ӯро навозишкорона мебӯсад ва падарвор ба дунбааш шаппотӣ мезанад, бо итминони садфоиза метавон дар рафтори ӯ нишонаҳоеро, ки суханони яке аз теологҳо – асосгузорони ТТЭ ҲНИ –и дар ҷумҳурӣ мамнӯъ шуда - Аёмуддин Сатторовро тасдиқ мекунанд, пайдо намуд, ки гуфта буд: "ин ҷоҳталаби мазҳабӣ – сиёсӣ М. Кабирӣ як замоне ба мазҳаби шиа гаравида буд ва комилан як лоиҳаи хасмонаи яке аз давлатҳои исломӣ мебошад.
Ду сабаби ин ҳолатро хотирнишон менамоям: а) хиёнат бар асосҳои мазҳаби суннии таълимоти ислом, ки халқ ва аҷдодони ман зиёда аз 12 аср онро бо покии афкор ва имон бар он ҳифз намудаанд; б) мансубияти ӯ ба хадамоти махсуси як кишвари маълуми шарқӣ ба сифати агент. Танҳо шахси дорои ин ду сабаб ва аз муносибати "хоси” давлати маълуми исломӣ бархӯрдор, метавонад чунин имтиёзҳо ва дахлнопазирии "дипломатиро" дар кишвари хориҷӣ касб намояд. Воқеан, ин ҷо сухан дар бораи тасдиқи ватанфурӯшии М.Кабирӣ дар шакли хиёнат ба Ватан, дин ва ватани таърихии худ меравад.
Кишвари бадхоҳ моҳиятан дар симои хоини ватан шахси моҷароҷӯи сиёсиро мебинад, ки ба ҳама гуна қурбониҳои маънавӣ – ахлоқӣ ва сиёсӣ омода аст, танҳо ба шарте, ки ба вай маблағ бидиҳанд ва ӯ битавонад, ки дар назари ом "рӯи об” бимонад.
Вақте ки тамоми коргардонони исломӣ - модернистӣ ва ашхоси тозазуҳури дар домони душманони мо парваришёфта нешҳои заҳрогини худро ба тамоми бемористонҳо, мурдахонаҳо ва қабристонҳо равон карданд, ва мехостанд бо истифода аз ғаму ғуссаи одамон гузоришҳои пурсару садои зидди инсонӣ таҳия намоянд, онҳо аз ҳеҷ чиз парҳез накарданд, дар баъзе мавридҳо, дар вуҷуди хоини Ватан - М. Кабирӣ ва косалесонаш шодиву сурурро мушоҳида мекардам. Дар ин ҳолатҳо ман гумон мекардам, ки онҳо як ҳайвони афсонавии хунхор дар сурати инсонӣ мебошанд ва сарфи назар аз мусибати ба сари одамон омада, онҳо зиёфати худро идома медиҳанд.
Дуввум, ашхоси мисли М. Кабирӣ ҳеҷ гоҳ машғул шудан ба догмаҳои диниро дӯст намедоранд, ба манфиати таълимоти динӣ ва ҷомеа кӯшиш намекунанд. Ин роҳи ӯ - роҳи шахсе, ки ба мазҳаби ниёкони худ хиёнат кардааст - намебошад. Чунон ки мегӯянд, чаро кореро бикунӣ, ки он доимӣ нест. Охир, ӯ аллакай як бор қавонин ва муқаддасоти аҳли суннатро бо шиа иваз намуд буд. Ва кӣ кафолат медиҳад, ки ӯ боз мазҳаби худро намефурӯшад ва мазҳаби яҳудиро намепазирад, агар барояш нархи хубе пешниҳод шавад? М. Кабирӣ аз тоифаи он муллоҳо аст, ки дар ҳақашон мегӯянд, "Гуфтаашро кун, аммо кардаашро не", гарчи аз шӯҳрати ӯ бӯйи гандида меояд.
Илова бар ин будубоши М. Кабирӣ дар қаламрави давлати исломӣ, ки ба манфиати он "заҳмат мекашад" хатарнок аст. Чӣ ҳоҷат аст, ки даст ба таваккал бизанем, чунин фикр мекунанд намояндагони давлати исломӣ. Нашавад, ки М. Кабирӣ ба ҳуш биояд, чашмонаш боз шаванд ва бадтар аз ин, Худо нигаҳ дорад, ин девона сурати воқеиро бинад, ки дар ин кишвар бо ҳуқуқҳои шаҳрвандон чӣ корҳое мекунанд. Аз ин рӯ, барои ҳоҷагон авлотар аст, ки ин хоинони Ватан - агент М. Кабириро мисли сагча дар тавилаи дароз нигоҳ доранд. Ин боэътимодтар аст. Гузашта аз ин, худи ӯ ба ин кор зид нест. Ана ҳамин аст моҳияти сиёсии хоини Ватан - М. Кабирӣ.
Муҳаметов Ғафур Бобоевич,
silvenpsp.rusferurezki.ru