Главная > Асоси > ВАТАНДӮСТ БОЯД БОШЕМ

ВАТАНДӮСТ БОЯД БОШЕМ


25-08-2020, 14:23. Разместил: adminn

ВАТАНДӮСТ БОЯД БОШЕМ<

Ҳар гоҳе, ки низоъ ва даргириро дар ин ё он гӯшаи олам мебинам, пеши назарам воқеиятҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри ХХ ҷилвагар мешавад.

Чӣдаҳшате буд он солҳо? Тоҷик дар Ватан сарсону саргардон, пайи дарёфти нону сарпаноҳ. Агар ба хонаи ягон хешованд мерафти дараш кушода буду дар чеҳраи хонавода ашк ҷорӣ ва ҳама ғамгин бӯд.

Фарзанд дар суроғи падар мегашту падар дар суроғи фарзанд. Дардашту биёбонҳо мерафт, ки ҷигарбандашро зинда дарёдабад. Дар ин раванд устуворона қадам мондан дар роҳи ваҳдат боифтихори Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифт ва мардумро сарҷаъм намуда ба ватан овард, новобаста аз онеки хиёнаткорони миллати Тоҷик бо сармоягузорони хориҷӣ чи мақсадҳои бад доштанд, ба онҳо мисол шуда метавонад. Кабири, ки ӯ дар Тоҷикистон ба воя расидаву ба миллати худ ба хотири молу сарват чи корҳо карда буд.

Чи тавре, ки тавассути расонаҳо мебинем ин хиёнаткор дар дигар давлат умр ба сар мебарад, дур аз ватану ёру хешу табор. Он азияте, ки ба сари миллати тоҷик оварданд ин нобахшиданист.

Ҳар фарде, ки дар фазои ободу пешрави ва гулгулшукуфоии ватани азизу маҳбубамон саҳм мегузорад дар оинаи таърих бо хатҳои заррин навишта мешавад. Он шахсоне, ки хиёнат кардаанд дар тули садсолаҳо пас дар оинаи сиёҳи таърих лаънатзада мемонанд.

Ҳар як фарди тоҷик бояд ҳамеша ватани худро дӯст дорад.

Азизов Саймуҳаммад

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад