Инак Муҳиддин Кабирӣ баъд аз хиёнат кардан ба Ватан ва паноҳ бурдан ба зери домони хоҷагони худ, дигарбора бидуни хиҷолат сар бадар оварда, мехоҳад чеҳранамоӣ кунад. Дар "Гуфтугуйи ба ном рӯ ба рӯйи М.Кабирӣ”, ки дар шабакаҳои иҷтимоиӣ санаи 18.01.2019с. пахш гардид, ин фарди аз воқеияти рӯзгор фосила гирифта ва ба Тоҷикистон мутлақо бегона, бо худшефтагии ба ӯ хос, табли бечоранавозиро ба роҳ андохтааст. Хост худро тариқи "онлайн” ҳамчун роҳбари «Паймони зиддимиллӣ» муаррифӣ кунад.
Ӯ дар рӯ ба рӯи мардум тасвиреро аз худ мехоҳад ба намоиш гузорад, ки гӯё маъсуму бегуноҳ, поку беолоиш, фарзонаву хирадгаро ва миллатдӯсту ватанпараст аст. Ҳар касе, ки сабти видеоии суҳбати ин нафари риёкорро тамошо мекунад, ба осонӣ пай мебарад, ки ӯ аслан дар андешаи нақшбозӣ аст. Мехоҳад нақши як нафар сиёсатмадори босалобату соҳибтаҷриба ва мардумпарвару ояндабинро офаринад. Ҳамчун як нафар актёр баъд аз ин нақшофаринӣ интизори онро дорад, ки мардум баъд аз анҷоми ҳунарнамоияш кафкӯбиҳои бардавом кунанду ҳаводори ӯ бошанд ва муҳтавои суҳбати хурду бузург дар кӯчаҳову хиёбонҳо танҳо дар бораи вай бошад. Аммо бояд гуфт, ки ин фақат як хобу хаёлест, ки Кабирӣ дар зеҳни худ мепарварад ва як тасвирест, ки танҳо дар тасаввури ӯ ва коргардонҳои намоишномааш вуҷуд дорад. Дар асл Кабирӣ дар ин намоишнома ҳатто натавонист нақши сиёсатмадорро дуруст бозӣ кунад, чӣ расад ба ин ки сиёсатмадори воқеӣ бошад. Ҳар касе дар навор чеҳраи хунуки ӯро, ки мисли як муҷассамаи рангпаридаи зери барфу боронмонда аст, бубинад, ба ёдаш гурбаи дар об афтидае хоҳад расид, ки тоза соҳибаш онро аз ҷӯйбор берун кашидаву таконда дар офтоб гузоштааст. Албатта, гурбае, ки дар об афтидааст, наметавонад хотирпарешон набошад. Аз ин рӯ, Кабирӣ ҳам хотирпарешон буд. Бо вуҷуди он ки тӯли муддати дароз ҳамчун як ҳунарпеша пеш аз намоиш омодагӣ дидаву тамрин карда аст, аммо танини овозаш ҳамоно пур аз ларзиш ва умқи дилаш пур аз ҳаяҷону изтироб буд. Ҳини суханронӣ ӯ наметавонист парешонхотириву изтироби худро бо пӯшишҳое чун тамкини сохта ва таҳаммулгароии маснӯӣ аз назари мардум пинҳон кунад. Мардуми тоҷик, ки сириште латиф ва табъе зариф дорад, дар баёни воқеиятҳои зиндагӣ гоҳе аз таъбирҳои бисёр содаву зоҳиран омиёнае кор мегирад, ки он таъбирҳо беҳтар аз ҳар ташбеҳу истиораи адабӣ метавонанд воқеиятро дуруст ва зебо тасвир кунанд. Дар мавриди намоишномае, ки Кабирӣ дирӯз онро иҷро кард ва дар маърази тамошои умум гузошт, агар бо ин забони сода ва ҳамзамон зарифона изҳори назар кунем, он гоҳ метавон гуфт, ки гуфтугӯи мустақим ва рӯ дар рӯи вай бо мардум бешак чун гуфтугӯи меҳмонест, ки шаб дар бистари худ мезидаасту субҳ дар рӯ дар рӯи соҳибхона қарор дорад. Одатан ин гуна меҳмон аз хиҷолати рӯ дар рӯ бо соҳибхона ҳанӯз субҳ нодамида бидуни хайрухуш хонаро тарк мекунад. Кабирӣ ҳам мисли ҳамин гуна меҳмони камфаросат ва беадаб аст, ки дар Ватан бо вуҷуди он ҳама имконоте, ки ба ӯ дода шуда буд, ба ҷуз расвоӣ аз худ чизе боқӣ нагузошт ва чун паёмади расвокориҳои хешро медонист, аз ин рӯ дар торикии шаб фирор карданро хеле беҳтару муносибтар аз он донист, ки бо соҳибхона рӯ ба рӯ шавад.
Бо вуҷуди ин ҳама парешонӣ ва ноуҳдабароӣ дар нақшофаринӣ Кабирӣ тибқи сенарияи қаблан омодашуда мекӯшид, ки чеҳрасозӣ кунад. Талош мекард, ки бо лафзбозиҳову фазлфурӯшиҳои тӯлонӣ халои маънавӣ ва пӯч будани барномаҳои амали худ ва паймони ғайримиллии худро пур ҷилва диҳад. Аз ин рӯ, вай дар аксар маврид бо баҳонаҳои мухталиф аз посухи саҳеҳ додан ба суолҳои матраҳшуда иҷтиноб меҷуст ва бештар атрофи саргузаштҳои бемантиқи худ ҳарф мезад. Бо фурӯгузории асл ва тафсилоти беҳудаи ҷузъиёт вақтро зоеъ мекард. Аз маҷмӯи вақте, ки сарфи ин намоишномаи беҳунаронаи Кабирӣ шуд, беш аз нисфи он ёдоварии саргузаштҳову хотираҳо ва дар зимн таърифу тавсифи худи ӯ буд. Бинобар ин намоишномаи Кабирӣ хеле дилгиркунанда ва таҳаввуъовар буд.
Амал ва андешаи М.Кабирӣ аз бунёд мантиқӣ нест. Аз ҷумла андешаҳое, ки вай дар мусоҳибаи охири худ баён кардааст, пур аз таноқуз аст.
Қаблан Кабирӣ бо танзу киноя роҳкори сиёсии давлати моро ба роҳкорҳои сиёсатмадори асримиёнагии итолиёӣ Макиавелли мушобеҳ дониста буд, ки ӯ корбурди дурӯғу фитнаву макрро ҳангоми мубориза бар алайҳи душманон муҷоз ва раво медонист. Аммо шеваи пур аз макру фиреби муборизаи сиёсии Кабирӣ ва мавқеъгириҳои муғризонаву айбҷӯёнаи мубтанӣ ба фитнаи ӯ далели он аст, ки аслан худи вай шогирди мактаби мазкур аст ва бо огоҳӣ аз роҳкорҳои чунин мактабҳои сиёсӣ ҳарчӣ бештар нисбат ба миллати тоҷику давлати Тоҷикистон дурӯғпароканиву фитнаангезӣ мекунад.
Илова ба ин Кабирӣ дар ин суханронии худ низ боз ҳаракати босмачигариро, ки як падидаи вопасгарову ифротӣ ва зиддимиллӣ буд, ҳамчун ҳаракати милливу озодихоҳӣ маънидод кард. Ӯ бо сарфи назар кардан аз ҳақиқати таърихӣ ва бидуни хиҷолат ин дастаҳои роҳзану ғоратгарро, ки дар паи барқарор кардани Аморати Бухоро, яъне ҳукумати манғитиён буданд, муборизони роҳи Ватан ва ҳатто "қаҳрамонони миллат” унвон додан мехоҳад. Бубинед, ки ин фарди ба сурат инсон ва ба сират шайтон бо чунин афкори сиёҳу дидгоҳи ифротиву ҷангҷӯёна ва ғайримиллии худ боз мехоҳад, ки ҳизби вай дар мақоми ҳизби пешбар ва худи ӯ дар ҷойгоҳи раҳнамои миллати мо бошад. Ин гуна ашхоси вопасгаро, ки диди оянданигарона надоранд, аз лиҳози маънавӣ нобиноянд. Ҳамон Кӯри Шермати замони моянд. Пуштибонии Кабирӣ аз босмачиён бозтоби андеша ва аҳдофи сиёсии гумроҳкунандаи ӯст, ки метавонад фазои ақидатии ҷомеа ва ба вижа зеҳни насли ҷавони моро ба тадриҷ фосид кунад.
Феълан раиси Њизби мамнуъшудаи наҳзати исломи Тоҷикистон – М. Кабирӣ дар мусоҳибаи худ чун ҳамеша тибқи муқтазои табиати ақрабонаи хеш боз бо дурӯғпароканиву фитнаангезӣ иштиғол меварзад ва ба ин васила беҳуда барои тира кардани фазои идеологии ҷомеаи мо талош мекунад.
Ӯ бо ёдовар шудан аз инқилоби Арманистон ба таври ошкор миллати тоҷикро таҳқир кард ва ҳатто ғайримустақим ба он ишора кард, ки гӯё тоҷикон ҳанӯз ҳамчун миллат рушд накардаанд.
Дар воқеъ боиси тааҷҷуб аст, ки ин қабил афрод бо ин ҳама носипосиву риёкорӣ ва фитнаангезӣ ва иғвогарӣ ҳанӯз ҳам худро ҳомии миллат, дину мазҳаб ва одобу ахлоқи исломиву арзишҳои инсонӣ муаррифӣ кардан мехоҳанд.
Кабирӣ бо ин ақли кӯчак ва зарфияти маҳдуди зеҳнии худ бояд донад, ки тасмимгириҳои сиёсӣ дар ҷомеаи мо кори ҳар нохалафу нолоиқе нест, ба қавле "Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан”.
Хусрави Шерзод
19.01.2019 silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|