Главная > Асоси > Наврӯз

Наврӯз


24-03-2019, 00:15. Разместил: adminn

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми тоҷиктабор ва як қатор кишварҳоест, ки дар фарҳангу тамаддунашон инсонсолорӣ ва зиндагидӯстист. Ин ҷашни куҳансол ба навиштаи муҳаққиқон таърихи на камтар аз шаш ҳазорсола дорад. Наврӯз, ҷашни ҷаҳонӣ аст, зеро рӯзи шодмонии замин, осмону офтоб, шукуфтанҳост.

Наврӯз мардумро аз зери сақфҳо, дарҳои баста, фазоҳои хафа ба домани озод ва бекаронаи табиат мекашонад. Наврӯз рўзи 21-уми март фаро мерасад ва дар ҳамаи кишварҳои тоҷиктабор ва дигар кишварҳои олам таҷлил мешавад. Наврӯз воқеан ҷашни хурсандию ободӣ ва таваллуди зиндагист.

Аммо то ҳанӯз дар ҷомеаи инсонӣ гурӯҳу нафарони ноогоҳу курдил зиндагӣ доранд, ки тавони дидану пазируфтани хушҳоливу хурсандии мардуми олам, аз ҷумла тоҷиконро надоранд. Яке аз чунин гурўҳҳои золиму бадгуҳар террористони наҳзатӣ ҳастанд, ки дар ҳамин шабу рӯзи нишоту фараҳи мардуми Тоҷикистон бо паҳн кардани ҳар гуна музахрафоти бепояашон мехоҳанд ҳаёти осоиштаро халалдор созанд. Бо ҳар роҳу васила мехоҳанд ин ҷашни қадимаи инсониятро, ки реша дар инсонмеҳварӣ ва зиндагипарастӣ дорад, инкор намоянд. Ин як тактикаи наҳзатиёни террорист аст, ки ду даҳсолаи охир дар ҷомеа анҷом медиҳанд. Новобаста ба ин ифротгариҳову муқобилиятҳои террористони наҳзатӣ Наврӯз дар гузашта ва имрӯз ба унвони як ойини миллӣ, миёни мардуми тоҷику тоҷикистониён ва ҷаҳон маҳбубияти хос дорад.

Наврӯз дар гузашта ва ин замон низ ба дину мазҳаб ҳеҷ мухолифате надошт ва надорад. Дар айёми Наврӯз амалҳои хонатаконӣ, оштикунии каҳрихо, шуруи корҳои деҳқонӣ, аёдати беморону куҳансолон, ба ятимон тӯҳфа додан барин одатҳои хуби ахлоқӣ анҷом дода мешавад, ки ҳамагӣ барои ба ҳам омадани инсонҳо ва беҳтар гардидани зиндагӣ мебошанд.

Дар замони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ Наврӯзро пазируфтааст, зеро он ҷашнӣ зиндагию рушду нишот аст. Ин ҷашн рамзи ободию озодӣ ва хуррамию хурсандист. Аммо роҳбарону масъулони ташкилоти террористии наҳзатӣ, ки мақсадҳои табоҳкорона ва харобиовар доранд, Наврӯзро қабул надоранд ва душмани он ҳастанд. Яъне ин наҳзатиҳои палид душмани зиндагию ободӣ ва пешрафту саодатмандии инсонҳоянд. Маълум аст, ки ин тудаи бадандеш ҳаргиз ба мақсади шуми худ нахоҳанд расид. Зеро ҳамеша неруи некӣ бар бадӣ ғолиб меояд.

 

Хуршеди Мурод

 

silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад