Главная > Асоси > Изат Амон ба қаллобӣ гумонбар аст

Изат Амон ба қаллобӣ гумонбар аст


26-03-2021, 21:05. Разместил: admin
Аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбати шаҳрванд Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Холов Изатулло Амонович (Изат Амон) бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Россия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда мегирад.
Холов И.А. дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон корро анҷом надодааст. Ҳамзамон, ба ӯ ягон хел кумаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст.
Ҳангоми мусодираи молу амволи бо роҳи ҷиноят ба даст овардаи Холов И.А. зарари ба ҷабрдидагон расонидашуда ба инобат гирифта мешавад. Телефони «Боварӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21.
Барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ номбурда дар ҷустуҷўи расми қарор дорад.