Главная > Чашмахои шифобахш > ДИЛРЕЗАҲО дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”
ДИЛРЕЗАҲО дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”24-06-2017, 06:49. Разместил: adminn |
|
Санги осиёб бо мадади оби равон чарх мезанад, ҳамин, ки об боз монд, санг низ аз чарх гаштан бозмемонад. “Об манбаи ҳаёт аст” **** Об рӯшнои ва рӯшангари қалб аст, бе рӯшнои ҳаёт ва ҳаёт бе об буда наметавонад. **** Дар лаҳзаҳои вопасин одамӣ талоши об дорад, на чизи дигар. Об зиндагӣ аст. Зиндагии бебозгашт. **** Хун оби рангдодашудааст, “Хунро ба хун не, ба об мешуянд”. Об покизагист. **** Об дар масири зиндагӣ маҷрои худро дорад, ҳамин, ки об маҷрояшро дигар кард, маҷрои зиндагӣ ҳамон гуна дигар хоҳад шуд. **** Лутфу меҳрубонӣ ба об, лутфу меҳрубонӣ ба ҷони хеш аст. **** Об баданро ҷавону зебо мегардонад, агар об поку тозаю ширин бошад. **** Дар ташнагӣ ба обу дар ғурбат ба Ватан бештар эҳтиёҷ дорем. Ҳар дуро наку бояд донист.silvenpsp.rusferurezki.ru Вернуться назад |