Чашмаи шифо
Ин чашма дар назикии деҳаи ноободи Мазори бедарак ҷойгир аст. Азбаски ин макон дар гузашта ҷангалзори зичу касногузар доштааст ва касе, ки вориди он мегаштааст, бедарак шуда ниҳоят бо мушкилиҳои зиёде берун мегаштааст, ин деҳаро Мазори бедарак ном гузоштанд. Ҳамчунин дар ин ҷо чанд мазору ҷойҳои муқаддас мавҷуд аст. Чашмаи шифо ана, дар ҳамин макон асрҳо боз арзи вуҷуд мекунад ва бо хосияти шифобахшиаш маълуму маш¬ҳур аст. Оби чашма сарду тунук ва болазату хунук мебошад. Вақте ки кас ба ин макон мебарояд, шир-шири садои гуворою рӯҳбахши он аз таги шӯхҳои қатораи Мазори бедарак назар афканда, аз лаззату хунукӣ ва тунукии он хумори ташнагӣ шикаста, бори дигар ки ба қудрату тавоноӣ ва муъҷизоти Холиқи хеш сари таьзим хам карда, рубоии зеринро замзама месозад: Эй Чашмаи шух, ҷонфизо меоӣ, Пайѓоми ки дорӣ аз куҷо меоӣ. Монанди сиришки ман ниҳон аз мардум, Оҳиставу нарму бесадо меоӣ. Муҳаққиқон чанд хосияти шифобахшии онро таъкид кардаанд. Аз ҷумла, барои табобати узвҳои ҳозима-меъдаю руда, ҷигару талха аҳамияти муҳим дорад. Оби чашма бар ҳазми таом ниҳоят фоидаовар аст. Касалии меъдаю руда аз оби ҷушонидаи он дар муддати як ҳафта истеъмол намудан, аз дард наҷот меёбанд. Барои рафъи дарди талхаю ҷигар онро ноҷушонида, дар ҳолати табииаш истифода мекунанд, ки хеле муфид аст. Қисме беморон аз таҷрибаи худ нақл мекунанд, ки муддати як ҳафта шахсе, ки дар талха, ҷигар ва гурдаю роҳи пешоброн сангреза ё қуми такшиншуда, намак дошта бошад, бетанаффус аз ин чашма нӯшад, шифо меёбад. Дар хусуси таьм лаззат ва ширинии он нақли воқеиро манзури хонандагони гиромӣ месозем. П.С. Арюткин ном муҳандиси русзабон ,ки аз кадом миллат буд, кассе намедонист, вале ҳама эҳтиромаш мекарданд, солҳои 60-70 ум беш аз 10 сол дар ноҳияи Муьминобод хизмати арзандаеро ба ҷо овардааст. Кандани бисёр канал¬ҳои шибарзамини Муъминобод бо сайъ ва ташаббуси ӯ анчом пазируфтанд. Ӯ ҳамчун мутахассиси соҳаи мелиоратсия дар обёрӣ кардани заминҳо, кандани каналу заҳбурҳо, шинонидани дарахтони гуногун, махсусан тут ҳиссаи калон гузошта буд. Ӯ касест, ки қадами нахустинро дар боби тоза кардани чашмаҳои Муъминобод гузошт ва чандин чаш¬маҳои шаҳраки Муьминобод ва гирду атрофи онро таьмиру тармим карда, ба ихтиёри халқи маҳаллӣ вогузор кард. Ӯ аз вазьи обу тамоми чашмаҳои Муьминобод ҳамчун мутахассис огоҳӣ дошт ва ба муҳаққиқони аз марказ омада маслиҳатҳои муфид медод. Боре, ӯ бемор шуда дар хонааш чанд муддат бистарӣ гар¬дид. Орзу мекард, ки ягон дӯст ё шогирдаш аз чашмаи болаззати шифо барои ӯ дар кадуе об биёрад, то хумори ташнагиашро бишканад. Хушбахтона, як шогирдаш ба ҳол¬пурсии устодаш меояд. Баьди ҳолу авҳолпурсӣ. П.С. Арюткин аз шогирдаш хоҳиш мекунад, ки дар ягон зарфе аз Чашмаи шифои Мазори бедарак барои ӯ об биёрад. Шогирдаш «хуб» гуфта берун мешавад ва пои пиёда то деҳаи Момандиён меравад, монда мешавад. Аз дил мегузаронад, ки оби ин чашмаҳоро аз куҷо ӯ фарқ мекунад ва аз чашмаи он деҳа зарфро пур карда назди устодаш меравад. Арюткин зарфи обро нӯшидан баробар мефаҳмад, ки аз чашмаи шифо нест ва норозиёна сар ҷунбонда, шогирдашро чун дуругӯ чанд сухани пасту баланд мегӯяд. Ин суханони устоди дардманди бистарияш шогирдро сахт таьсир карда, сидқан паи иҷрои ин мақсад мегардад. Мард хурҷинашро болои зини аспи талбидааш партофта сӯи Чашмаи шифо равон мегардад. Шогирд баьди тахминан як ду соат ба чашмаи шифо мерасад. Аз асп фаромада сару мангалашро бо оби шифо хуб шустушӯй карда, зарферо аз оби чашма пур сохта нишеб мешавад. Шогирд, ки мисли устодаш аҳли фаҳм ва кунчков буд, дар роҳ фикре ба сараш омада, мувофиқ ба он амал мекунад. Дар як зарфи дигар аз чашмаи деҳаи Деҳлоло об гирифта, назди устодаш ҳозир мешавад. Устод аз оби ҳақиқии овардаи шогирдаш нушида, ҳаловат мебарад ва чандин бор ба ӯ «молодец, спасибо» гӯён миннатдорӣ баён мекунад. Шогирд бо рӯҳи болида ва чеҳраи кушода хонаи устодро тарк мекунад ва мунтазири он буд, ки агар устод воқеан обшиносу мутахассиси асил бошад аз кардаи ӯ дарак меёбад. Рӯзи дигар шогирд боз ба дидорбинии устодаш меояд. Ҳамин ки вориди ҳавлӣ мегардад Арюткин ӯро бо чеҳраи кушода ва хушҳолона бадеҳатан мегуяд: «Ой дурачок, ты какой хитрый, ты всё таки хотел меня испитать, второй флажок ты от куда принёс?» Шогирд устодро ба оѓӯш гирифта, он чӣ карда буд, ҳамаро як ба як нақл кард ва ҳарду то охири ҳаёт ҳамдаму ҳамнафаси ҳамдигар буданд.silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад
|