Главная > Чашмахои шифобахш > Чашмаи рубаҳак

Чашмаи рубаҳак


11-05-2015, 21:39. Разместил: adminn
Чашмаи рубаҳак

Чашмаи рубаҳак


Мувофиқи ривоят ва баёни сарчашмаҳои таърихӣ шаҳ¬раки Муъминобод ба ин ҳолати ҳозирааш бузургу сераҳолӣ набудааст. Макони зисти одамон аз мавзеъи идораи пиллақабулкунӣ оғоз шуда рост ба тарафи шимол, ҳавлии марҳум Бозори Абдураҳмон, мактаби №2, то раҳи тарафи МТС мерафтагӣ давом доштааст. Аҳолии шаҳр аз ҳамин нуқтаҳои ишорашуда боло, тарафи шарқ, зиндагӣ мекарданд. Қисмати ҷанубу шарқи шаҳрак шибарзамину туғаю қамиш¬зор будааст. Дар ин маконҳо паррандаҳо ва баьзе ҳайвонҳои ваҳшӣ, мисли гургу рӯбоҳ, ҷайраю қашқалдок ва ғайраҳо мавҷуд буданд.
Оби чашмаҳои аз қисмати боло омада дар шибарзамини поён қисман ҷамь шуда, ҳолати ногуворе пайдо мегардад, ки дар натиҷа одамон вориди ин найзори воҳимаангез мешуданд. Чашмае, ки дар поёни роҳи калони мошингузари идораи пиллақабулкунӣ (Райшёлк), дар поёни хонаи марҳум бобои Қурбоналӣ зери чинорҳо ҷорӣ мешавад, Чашмаи рӯба¬ҳак ном дорад. Дар наздикии хонаҳои одамони ин гузар ҷуз ин чашма чашмаи дигаре набуд. Одамони гузар то лаби чашма байни қамишзор пайраҳи борике дуруст карда аз об самаранок истифода мекарданд. Дар гирду атрофи қамиш¬зори чашма рӯбаҳо макони зист ихтиёр карда буданд. Одамони ба об омада сари чанд қадам ба ин ҷонварони ваҳшӣ вомехӯрданд. Бинобар ҳамин чашмаи мазкур аз қадим боз номи Чашмаи рӯбаҳакро гирифта, ҳама хурду калон онро бо ҳамин ном зикр мекунанд.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад