Главная > Чашмахои шифобахш > Қиссаи Чашмаи регӣ

Қиссаи Чашмаи регӣ


11-05-2015, 21:42. Разместил: adminn
Қиссаи Чашмаи регӣ

Қиссаи Чашмаи регӣ


Дар деҳаи Шаймирӣ ё Шоҳмирӣ чашмае бо номи Чашмаи регӣ мавҷуд аст, ки таьрихи аҷиб дорад. Солхурдҳои деҳа ривоят мекунаанд, ки аҷдодону гузаштагони мо аслан аз ҳамин чашма об мехӯрданд. То солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945 аҳолии деҳа бисёр дардманду заиф буданд. Одамони ин макон зоҳиран заҳиру хастаҳол менамуданд.
Қиссаи Чашмаи регӣ


Чеҳраҳо зард, афту андомашон вараму осомида, ишкам¬ҳо варамида мисли ҷағдег, почакҳо борику устухони холӣ, базур-базур нафас кашида роҳ мерафтанд. Вақте ки одамон савораи асп бо лаби чашма ҳозир мешуданд, шикамашон он қадар варамида буд, ки обнӯшии аспони худро дида наметавонистанд. Лаҷому нухтаи аспро сар дода, баьди чанд муддат аз ҳамдигар суол мекарданд, ки «Эй ҷӯра, ку бин, аспи ман об хурд ё не?». Ин гуфтаҳо шояд дар назари мардуми имрӯза хандаомез тобанд, вале ҳақиқати ҳол чунин буд. Болотар ишора карда будем, ки мувофиқи шаҳодат ва ривояти ноқилон, аксари одамони деҳаҳои таҳдашти ин ноҳия, махсусан бошандагони деҳаҳои Шулдуқ, Қуруғак, Чорсӯ, шаҳ-раки Муьминобод, Деҳлоло, Кулчашма ба ин иллати ҷисмонӣ гирифтор буданд.
Баьди анҷоми ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 роҳбарони ҳамонвақтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ мутахассисонро ба навоҳии гуногуни мамлакат баҳри омӯзиш равона мекунанд. Баьди таҳқиқу санҷиши муайян мутахассисон ба хулосае меоянд, ки таҳҷои деҳаҳои номбурдаи ноҳия шибарзамин буда, дар қабати болои замин оби зиёде ҷамь шудааст, ки ба саломатии одамон хатари ҷиддӣ дорад ва дар чунин шароит зиндагӣ кардан марговар аст. Олимону мутахассисони обу заминшинос ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ тавсия медиҳанд, ки наҷоти одамон дар кандани заҳбур ва каналҳост. Ба ин васила оби шуру ҳабатаи ифлос ҷамьшуда тавассути каналҳо таровида, қабати болои замин хушқ гардида, ҳам барои зиндагии одамон мусоид ва ҳам барои кишту кору ҳосилдиҳи мувофиқ мешавад. Солҳои 50-уми асри гузашта Ҳукумати Тоҷикистон баҳри амали гаштани ин мушкилот қарори махсус қабул намуд, ки иҷрои он беш аз 10 сол давом кард.
Хулосаи мутахассисон оиди Чашмаи регии деҳаи Шаймирӣ аҷиб буд. Баьди ташхису муоина ба хулосае омаданд, ки дар таркиби оби чашма ким-чӣ хел модаи зараровар (заҳрнок) ошкор гардид ва аҳолиро аз нӯшидани он мань карданд. Як гурӯҳи олимони фидоӣ ҷасорат карда ба кандани ин чашма оғоз карданд. Дар муддати чанд соат тавассути эксваторҳои пурқуват 10-15 метр чашмаро болою чуқуртар канданд. Дар натиҷа аз саргаҳи чашма дар бели (ковиши) эксватор қабат ба қабат морҳои зардчаи бо ҳам печида баромадан гирифтанд, шумораи онҳо бешумор буд. Хуллас, дар муддати як ҳафта чашма пурра канда ва аз нав таьмиру тармим гардид. Он касалии оммос, ки мардум мубтталои он буданд, аз оби ин чашма пайдо мешуду бошандагони деҳаро озор медод, аз байн рафт.
Ҳодисаи дар сарчашмаи деҳаи Шаймирӣ ошкоршуда дар қисмати шимоли деҳаи Файзобод низ ба вуқуь пайваст. Шоҳидони он рӯзҳо, ки айни замон дар қайди ҳаёт нестанд мисли Ҳабибов Неьмат (Шайхи Неьмат), Бобои Гурез, Бобои Ятим, Бобои Саттор, Бобои Наврӯз нақл мекарданд, ки ҳангоми кандани канали калони миёни хонаи Шайхи Неьмат то наздикии чинорҳои Сайидон (масҷиди панҷ¬вақтаи Ҳоҷи Бозор) аз дами бели машинаҳои заминканӣ (экскватор) қабат ба қабат морҳои гуногуни бо ҳам печида берун карда шудаанд.
Хотирасон мекунам,ки каналҳои чуқуру паҳни кандаи он солҳо дар деҳаи Файзобод, Чорсӯ ва чандин хонаҳои бошандагони ин маҳалро аз шиддати сели офатовари соли 1976 ҳама пур шуда, ин макони ободу зебо ба харобазор табдил ёфт. Одамон аз нав ранҷу риёзат кашида ин маконро имрӯз обод карданд.
silvenpsp.rusferurezki.ru
Вернуться назад