Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Май 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Хабарҳои охирин
Бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва ваҳдати комилу сар- тосарии давлат, ноҳия дар радифи дигар дастовардҳои замон бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои...
Иҷроиши қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Муъминобод аз ҳисоби андозҳои маҳалли дар семоҳаи якуми соли 2017 ба ҷои 2180303...
Рӯзи 24 майи соли ҷорӣ Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки раиси но&#я1203;и Амиршозода Тоҳирхон Темур, раиси ҲХДТ дар ноҳия...
Рӯзи 23 майи соли ҷорӣ бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони варзишгоҳи ноҳи чорабинии фарҳангии баргӯзор гардид, ки дар...
» » Қабули сайёр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров

Қабули сайёр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров

0
Илова: adminn, 16-04-2016, 12:00 | Дида шуд: 151
Қабули сайёр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров
Қабули сайёр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 таъкид намудаанд, ки «Ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар фаъолияти худ пеш аз ҳама бояд риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба мадди аввал гузоранд».
Ҳамчун кафили риояи Конститутсия ва ҳуқуку озодиҳои инсон изҳор намудаанд, ки «Баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи онҳо бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошанд»
Ҳамчунин ба роҳбарони тамоми зинаҳои ҳокимияти давлатӣ дастуру ҳидоятҳо доданд, ки «Қабули шаҳрвандонро ҳар рӯзи шанбе инчунин бо ташкили сафарҳои корӣ дар маҳалҳо ба роҳ монда, ҳаллу фасли арзу шикоятҳои онҳоро таъмин намоянд»
Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ_Пешвои миллат Президенти маҳбубамон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта шуда, дар ин самт тадбирҳои судманд роҳандозӣ шудаанд.
Бо ин мақсад бо қарори раиси ноҳияи Муъминобод аз 5 январи соли 2015, №1 қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқ карда шудааст.
Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва чоршанбе қабули раиси ноҳия бо шаҳрвандон баргузор мегардад. Ҳамчунин қабули сайёр мутобиқ ба Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои аҳолинишин баргузор шуда истодааст.
Санаи 16 апрели соли 2016 қабули сайёри раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров баргузор гардид. Шаҳрвандони миқёси ин ҷамоат аз ин рӯз бархурдор гашта, оид ба манфиатҳои қонунии хеш таклифу муроҷиатҳо намуданд. Бахусус шаҳрвандон оид ба дастгирӣ барои сохтмони толори варзишӣ ва корхонаи хурди дузандагӣ, масъалаи дастгирии оби нӯшокӣ ба сокинони деҳаи Ғофилобод, обёрии заминҳо, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, бунёди боғ, таъмини замини наздиҳавлигӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намудаанд, ки аксарияти ин муроҷиатҳои пешниҳодгардида қаноатбахш гардида, ба дигар масъалаҳо тартиби ҳаллӣ онҳо фаҳмонида дода шуданд.
Ҳамзамон раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур бо аҳли фаъолон ва ҷамоатчигии деҳоти ба номи Нуралишо Назаров оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2016, дастовардҳои даврони истиқлолияти кишвар, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, омодагӣ ва пешвози санаҳои фархундаю таърихии миллӣ ҷашни пуршукуҳи Ваҳдати миллӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои назаррас ва меҳнати аҳлона, ободии ҳар як маҳал, ҷалби соҳибкорон ба обод намудани зодгоҳ ва диёри худ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», маҳфум ва муҳтавои тағйироту илова ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тариқи Раъйпурсӣ санаи 22 майи соли 2016 баргузор мегардад ва дигар масъалаҳо баромад намуда, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ҷалб намуданд.
Шаҳрвандони деҳоти ба номи Нуралишо Назаров оид ба дастгирии сиёсати имрӯзаи Ҳукумати кишвар изҳори ақида намуда, аз сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба даст омадааст, шукргузорӣ намуда изҳор намудаанд, ки дар ҷавоби ғамхориҳои Президенти маҳбубамон дар рушди ҳар як маҳал, ноҳия ва ватани азизамон меҳнати арзанда менамоем.
Чунин вохӯрихо дар дигар ҷамоат ва маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия идома доранд.

Дастгоҳи раиси нохия

Қабули сайёр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров
Қабули сайёр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров
Қабули сайёр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров
Қабули сайёр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров
Қабули сайёр дар Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назаров
silvenpsp.rusferurezki.ru
Қисмат: Чорабинихо
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.