| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Санаи 14-августи соли 2019 Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти аз корҳои ободонию созандагӣ дидан карданд ва барои қабули меҳмонони олиқадр дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Инчунин дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия раиси вилоят бо роҳбарону фаъолон оиди қабули меҳмонони олиқадр маҷлис доир намуд, ки дар кори маҷлис аз ҷониби раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур дар бораи ба истифода додани иншоотҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти муфассал дода шуд.