ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Амали хайр калидест, ки қулфаш боз аст.
Амали хайр калидест, ки қулфаш боз аст.

]Амали хайр калидест, ки қулфаш боз аст.

Бахшида ба Рӯзи маъюбон, ки дар арафаи иди моҳи шарифи Рамазон рост омадааст санаи 4 июли соли 2016 чорабинии идона дар маркази ноҳия баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси нохияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур ҳусни оғоз бахшида аз ҷумла қайд намудаанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии гуруҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон, пирони бесаробон ва оилаҳои камбизоат мебошад. Бо ин мақсад баҳри татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва амалӣ намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ дар ноҳия таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст. Бахшида ба таҷлили санаҳои таърихӣ дар ноҳия ин табақаи ниёзманд ба кумакҳои яквақта фаро гирифта мешаванд. Ҳеҷ вақт ин табакаи ниёзманд аз мадди назар дур намемонад. Ҳамеша зери ғамхории Ҳукумати кишвар қарор дошта аз имтиёзҳои муқарраргардида баҳраманданд.
Муассисаи давлатии маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 101 нафар шахсони ниёзманд дар ноҳия кумак мерасонанд, аз ҳолу аҳволи онҳо доимо бохабар мебошанд.
Раиси ноҳия бо Рӯзи маъюбон ва Иди саиди фитр аҳли ҷамъомадагонро табрику таҳният гуфта ба онҳо рузгори босаодат ва тенҷию амонӣ орзу намуданд.
Ҳамзамон ба онҳо кумакҳои моддию молиявӣ расонида шуданд, ки ҷамъи кумакҳои расонидашуда 10845 сомониро ташкил медиҳад.
Дар анҷоми чорабинӣ ин табақаи ниёзманд аз таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, барои ҷовидонии Ваҳдати миллӣ, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва қимматтарин туҳфа ба миллати тоҷик, арзишмандтарин дастоварди давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад даст суи дуо бардоштанд.
Чунин амалҳои хайрхоҳона дар дигар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия идома доранд.


Амали хайр калидест, ки қулфаш боз аст.
Амали хайр калидест, ки қулфаш боз аст.
Амали хайр калидест, ки қулфаш боз аст.
Амали хайр калидест, ки қулфаш боз аст.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.