| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Субҳи 10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти маданӣ-маишӣ ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони сершумор, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони саодатманду ваҳдатсарои ноҳияи Муъминобод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза ва шукргузории комил аз ваҳдату суботи саросарӣ пазироӣ карданд.