Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Май 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Хабарҳои охирин
Бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва ваҳдати комилу сар- тосарии давлат, ноҳия дар радифи дигар дастовардҳои замон бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои...
Иҷроиши қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Муъминобод аз ҳисоби андозҳои маҳалли дар семоҳаи якуми соли 2017 ба ҷои 2180303...
Рӯзи 24 майи соли ҷорӣ Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки раиси но&#я1203;и Амиршозода Тоҳирхон Темур, раиси ҲХДТ дар ноҳия...
Рӯзи 23 майи соли ҷорӣ бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони варзишгоҳи ноҳи чорабинии фарҳангии баргӯзор гардид, ки дар...
» » Таҷлили чашни Рўзи Ваҳдат дар ноҳияи Муъминобод

Таҷлили чашни Рўзи Ваҳдат дар ноҳияи Муъминобод

0
Илова: adminn, 18-07-2016, 07:05 | Дида шуд: 179
27 июни соли 2016 дар маркази ноҳияи Муъминобод тантанаҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ бо як шукуҳу шаҳомат шуруъ гардид.
Аз соати 7- субҳи пагоҳи намоиш фуруши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид, ки мардуми ноҳия аз ин намоишгоҳ махсулотҳои тару тозаро бо нархҳои арзон харидорӣ намуданд.
Ҳамчунин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ба марази тамошо гузошта шуда, хотири меҳмононро болида гардонид.
Бо Паёми табрикӣ раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур аз нақш ва мақоми Ваҳдати миллӣ дар рушду нумўи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия зикр намуда, қайд намуданд, ки;
«Маҳз бо заҳматҳои шабонарўзии Пешвои миллат Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон ва бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ санаи 27 июни соли 1997 фазои Тоҷикистони навинро сулҳу суббот фаро гирифта, мардуми кишвар умед ба оянда ба корҳои созандагӣ камари ҳиммат бастанд. Имрўзу фардоиён бояд дақиқан донанд ва шукрона ба ҷо биёранд, ки мактаби сулҳофарии Пешвои миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Сабақи сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мухолифатҳо ва кишварҳои ҷангзада мавриди корбаст қарор дода мешавад.Ин рўз, ки ба сарзамини Тоҷикистон Ваҳдатро чун ҳадяи олӣ, оромию осоиш, боварӣ ба якдигар, оғўши сулҳхоҳї, дастӣ якдигарро бо нияти бародарию ҳамбастагӣ дароз намуданро ато фармуд рисолати таърихӣ ва омўзишу омўзандагиро дар бағали худ ҷо додааст. Бо муждаи Ваҳдат даричаю равзанаҳо аз пардаи сиёҳ бардошта шуданд.
Қадами умедбахшу устувор дар роҳи бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона гузошта шуд. Андешаи ҳуввият ва худшиносии миллӣ дар кишвар рангу ҷилои нав пайдо кард».
Дар идомаи суханрониаш Раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур аз комёбиву дастовардҳои мардуми ноҳия дар тули 19 соли Ваҳдати миллӣ ёдрас шуданд, ки «Мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани иншоотҳои зебову замонавӣ дар ноҳия ишора ба он аст, ки мо дар ҳамбастагиву муттаҳиди метавонем обод намоем. Аз ободкориҳои хеш ифтихор намоем. Ояндагон аз кардаҳои мо ибрати созандагӣ дошта бошанд
Сипас тантанаи ҷашни Вахдати миллӣ бо барномаи рангини ваҳдатсароӣ хотири тамошобинонро шод гардонид.



Иттилоъ аз Дастгоҳи раиси но ҳия


silvenpsp.rusferurezki.ru
Қисмат: Чорабинихо
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.