ШИОРИ МО !
Нохияи Муъминобод
    ОБОД КАРДАН СУННАТИ ДЕРИНАИ МОСТ[thumb=left]http://muminobod.tj/uploads/posts/2015- ...
Тақвими хабарҳо;
«     2024    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод
16-ноябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки 7 ҳазор нафар бо роҳпаймои рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид. Хотиррасон карданием, ки 15 апрели ҳамин сол дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баррасӣ қарор гирифт
Вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлил намудани 16-ноябр ҳамчун рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудаанд.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур суханрони намуда таъкид намуд, ки имрӯз ба бахти мардуми ноҳия, ҳидоятҳои ояндасозу бунёдкориҳо ва дастгириҳои дилпуронаи Президенти муаззами халқи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия дар радифи иншооти маъмурӣ, иншоотҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз қабили муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дар деҳаи Чашмасор, Қасри фарҳанг, варзишгоҳ дар шаҳраки Муъминобод сохта ба истифода дода шуд.
Зикр гардид, ки 16 ноябр соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд. Чуноне зикр гардид имсол аввалин маротиба ва минбаъда ҳамасола мутобиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун санаи таърихи таҷлил мегардад.
Аз ин ҷост, ки Президенти Федератсияи Руссия ба фаъолияҳои гуногунҷанбаи пурмаҳсули Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои ҳақбибнона гузошта таъкид дошт, ки «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чӣ, ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои бисёр халқҳо ва кишварҳо намунаи ибратаст».
Аз ин баҳои додашуда дар нисбати Ҷаноби Олӣ ҳаққони ифтихор намоем.
Дар анҷоми чамъомад аз тарафи ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон Амрохон Раҳими чорабинии фарҳанги пешкаши ҳозирин гардид.



Иттилло аз дастгоҳи раиси ноҳия

Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод

Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод

Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод

Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод

Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод

Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод

[center]Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод

Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод


Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод

Таҷлили рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Муъминобод[/center]silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.