Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Январь 2018    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Хабарҳои охирин
Додоҷони Атовуллоҳ дар пароканда шудани Анҷумани нирӯҳои созанда, ки ӯ раҳбарӣ мекард, ҲНИТ ва раисаш Муҳиддин Кабириро айбдор мекунад. Ҷониби дигар мавҷи нави танқидҳои Додоҷони Атовуллоҳ аз ҲНИТ ва Ка...
Таърихи ҳазорсолаҳо аз замони мавҷудаи худ миллати тоҷик, ба хусус мардуми ноҳияро аз таъриху тамадун, арзишҳои миллӣ ва зебокориву зебопарастиҳояш нигоҳ дошта, то имрӯз ба насли муосир боқи монда, дар арсаи байналмилаӣ муаррифи гардида истодааст. Бонувони ноҳия ҳануз ҳам ...
12-январи соли ҷорӣ ҳамоиши бонувони ноҳия таҳти унвони "Мактаби занони роҳбар"бо иштироки фаъолзанон намояндагони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҷавонон баргузор гашт. Дар ҳамоиш оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси О...
Вусъати сарсабзии мо аз Паём омад падид, Ҳарфи паймони сиёсатро чунин бояд шунид. Якдилию якзабонӣ шаҳсутуни давлат аст, Зинданиро баъд аз ин бо чашми дил бояд дид. Кӯҳро хоҳем агар тобад чу арзанд дар назар, Оташи меҳру Ватан бояд фурузем аз шарар. Худ фурӯзему ғанимат ҳар нафасро бишмарем, Об агарки рафт, бар ҷ&...
Ҳақ таъоло дар дари ҷаннат навишт, Ҷои мардони сахи бошад биҳишт. Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014,№АП-159 дар арафаи Соли нави мелодӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давоатии ноҳия, ро...
Раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур аз ҷониби Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии федератсияи Россия ба медали 100-солагии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр сарфароз гардонида шуд. Медал муборак!...
Ба тасвиб расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа боис қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятx...
Рӯзҳои 8-9-уми январи соли ҷори оиди ба омма расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи 3-гуруҳи кори дар ноҳия. ...
Президенти муаззами кишвар зимни ироаи Паёми хеш таъкид намуданд, ки «Тавассути пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро ба суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намудем». Соҳаи иқтисодӣ яке аз соҳаx...
Имрӯз 12.12.2017 дар толори қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки 250 нафар фаъолони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, коллеҷи тиббӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯрӣ доир гардид. дар вохӯри раиси КИ ...
» » Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия

Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия

0
Илова: adminn, 27-05-2017, 08:14 | Дида шуд: 50
Рӯзи 24 майи соли ҷорӣ Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки раиси ноҳи Амиршозода Тоҳирхон Темур, раиси ҲХДТ дар ноҳия Раҷабова Гулсумбӣ, намояндаи КИМ ҲХДТ Турсунзода Рустам инчунин бо аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия ва ТҶҶ Созандагони ватан баргузор гардида кушодашаваии чорабиниро раиси ҲХДТ дар ноҳия Раҷабова Гулсумбӣ оғоз намуд. Баромад доштанд раиси ноҳи Амиршозода Тоҳирхон Темур, раиси ҲХДТ дар ноҳия Раҷабова Гулсумбӣ, намояндаи КИМ ҲХДТ Турсунзода Рустам, раиси Ҷамоати шаҳраки Муъминобод Мирзошарифзода Сабоҳт.





Ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Г.Раҷабова дар Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия
Муҳтарам раис!
Муҳтарам раёсат!
Вакилони арҷманд!

Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия дар даврае гузашта истодааст, ки баъди рузҳои башумор тамоми мардуми кишвар ҷашни тақдирсози миллати тоҷик 20- солагии рӯзи Ваҳдати миллиро бо ифтихормандӣ ҷашн мегиранд.
Дар ин радиф ҲХДТ – ҳизби марҳилаи нави бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳизби даврони истиқлолият ё худ ҳизби зодаи истиқлолият ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёси бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омада дар муддати начандон тулонӣ дар ҷомеа мавқеи арзандаро соҳиб гашта дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст .
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомуш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт . Самараи он таҳкими сулҳу субот , ваҳдати миллӣ пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт ва торафт беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад .
Ҳизби мо ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ аз қабили гуногунандешӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ пайваста талош меварзад. Натиҷаи ҳамин аст, ки намояндагони аксари қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиятҳояшонро дар барномаи ин ҳизб мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд . Амали шудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар иқдомоти ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мисоли таҳкими сулҳу субот, оромии ҷомеа, сохтмони мактабҳо, шифохонаҳо, роҳу неругоҳҳо, дар муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, дар амри дастгирии пайвастаи табақаҳои камбизоати аҳолӣ, ятимону маъюбон ва таъмини зиндагии шоистаи мардум баръало эҳсос мегардад. Воқеан ҳам комёбиҳои беназири мамлакат дар даврони истиқлолият, фазои орому зиндагии ҳар як фарди Тоҷикистон худ амали шудани нақшаю андешаҳои созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ ин амалӣ шудани мактаби беназири давлатдорию сиёсии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар суханрониҳояшон гуфтаанд : «Мо масъулияти бузургу пурифтихореро ба душ дорем Дар маъракаҳои сиёсӣ аксарияти мардум раъяшонро ба ҳизби мо дода, тақдирашонро ба мо пайваста аз мо умедҳои калонро интизор аст. Барои ба дарди мардум расидан , амалӣ гардидани орзую омоли онҳо мебояд шабу рӯз заҳмат кашид.» Ин моро водор месозад, ки бо дарки масъулияти баланд вазифаҳои худро иҷро намоем . Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Муъминобод ин нуқтаро ҳамеша дар мадди назар дошта , фаъолияти худро тибқи Барномаву Оинномаи ҳизб. Дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда бобати баланд бардоштани мақому нуфузи ҳизб фаъолияти худро роҳандозӣ намудааст .
Давраи ҳисоботӣ воқеан ҳам таърихӣ буда дар ин давра бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони фаъоли ҳизб маъракаҳои муҳими сиёсӣ интихоботи вакилони мардумӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят, ноҳия баргузор гардида беҳтарин фаъолони ҳизб аз номи ҳизб пешбарӣ гардида дар ин маъракаи сиёсӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд, ки бори дигар муттаҳидии мардуми ноҳияро дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ҲҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дод .
Чи хеле, ки Шумо огаҳи доред, рӯзи 05.01.2017 дар Бустонсарои Ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат- Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Кумитаии Иҷроияи Марказии ҲХДТ доир гардида фаъолияти солонаи ҳизбиёни ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, Раиси ҲХДТ оиди корҳои анҷомдодашудаи ташкилотҳои ҳизбии ҲХДТ ҳисобот доданд. Пешвои миллат ба он таъкид доштанд, ки ҳизбиён дар таъмини амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ бетераф набуда барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ, эмин нигоҳ доштани Истиқлолияти Тоҷикистон, нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, масъулият нишон дода барои таблиғи дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҳизб саҳм гузоранд. Инчунин Пешвои миллат соли 2017-ро соли Ҷавонон эълон намуда фаъолони ҳизбро вазифадор намуд, ки фаъолияти худро нисбати ҷавонон боло бардошта дар ҷалби ҷавонон ба ҳизб ташкили чорабиниҳои фарҳансию варзишӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ чораҳои амалӣ андешанд .
Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳизбро чун неруи пешбарандаи ҷомеа маънидод намуда , таъкид дошт, ки имрўз ва фардо ҳадафи меҳварии ҲХДТ бояд таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва дар радифи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон қарор гирифтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қарор гирад.
Зиёда аз 113-адад қарорҳои мақомотҳои болоии ҳизб ба Кумитаи иҷроия ворид гардида бо иштироки васеи аъзоёни Кумита , Раёсат ва фаъолони ҳизб баррасӣ гардида оиди иҷрои онҳо дар муҳлатҳои нишондодашуда 310-адад ахбороту маълумотҳо бо мақомотҳои болоӣ ирсол карда шудаанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани, ҷашнҳои Артиши миллӣ, рўзи Модарон, Наврўзи Аҷам, рўзи Ғалаба, рўзи Оила, Раъйпурсии умумихалқӣ, 19-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ва 22-солагии таъсисёбии ҲХДТ таъсисёбии ҲХДТ қарорҳои Кумитаи иҷроияи ноҳия ба имзо расида дар асоси нақша-чорабиниҳо ситодҳои ҳизбӣ таъсис дода шуда бо истифода аз гуруҳҳои таблиғотии доимоамалкунанда як қатор корҳо ба иҷро расонида шуд.
Дар назди Кумитаи иҷроияи ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо теъдоди зиёда аз 500-нафар фаъолони ҳизб Ситодҳои таблиғотӣ ва гуруҳҳои мобилӣ созмон дода шуда дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа чорабиниҳои таблиғотӣ таҳти шиори «Таблиғот тавасути созандагиву бунёдкорӣ» ташкил карда шуда бо иштироки фаъолони ҳизб дар ҳудудӣ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шанбегиҳои ҳизбӣ ташкил намуда зиёда аз 9595-нафар фаъолони ҳизбро сафарбар намуда ба маблағи 49500-сомонӣ корҳои ободонию ниҳолшинонӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Бо мақсади амалӣ шудани барномаҳои ҳизбӣ , робитаи байни ташкилотҳои ҳизбӣ ба аъзоёни Кумитаи иҷроия ва вакилони мардумӣ , ҷалби онҳо бо корҳои ҳизбӣ бо қарори Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия аз 29.06.2016 бо №12 дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия теъдоди 13-нафар Гуруҳи вакилии ҳизбӣ таъсис дода шуда бо интихобкунандагон мулоқоту чорабиниҳои гуногун баргузор карда шуда ҳисоботи роҳбари Гуруҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлиси Кумитаи иҷроия шунида шуда вакилони ҳизб дар ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат менамоянд .
Ва ниҳоят , ҳамаи аъзои ҲХДТ ва ҷонибдорони онро даъват менамоям, ки аз худ намунаи ибрат нишон дода ба хотири рушду таҳкими кишвари соҳибистиқлоламон таҳти шиори ҳизбамон «Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум талош варзем» бароятон сарбаландиву хонаободӣ таманно дорам.

Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия

Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия

Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия

Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия

Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия


итилоъ аз КИ ҲХДТ дар ноҳияsilvenpsp.rusferurezki.ru
Қисмат: Чорабинихо
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.
Ном:*
E-Mail:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамзро дохил кунед: *