ШИОРИ МО !
Тақвими хабарҳо;
«     2026    »
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

 

Паём-кутбнамо барои фардои дурахшон
Илова кард: admin, 18:28Чорабинихо
Доир ба масъалаи рўзномаи вохўри сараввал раиси нохияи Муъминобод мухтарам Амирзода Сайвалї Рањмоналї баромад намуда, иброз доштанд, ки паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсиву стратегӣ самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишварро муайян намудан. Ин паём натиҷаи таҳлили амиқи вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат буда, барои тамоми қишрҳои ҷомеа дастури роҳнамо маҳсуб меёбад. Инчунин иброз доштанд, ки дар паём Пешвои миллат ба масъалаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, рушди энергетика ва инфрасохтор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки танҳо тавассути меҳнати содиқона, истифодаи дониш ва таҷрибаи муосир метавонем ба ҳадафҳои стратегӣ ноил гардем. Ҳамзамон, иброз доштанд , ки дар паём ба соҳаҳои маориф ва илм аҳамияти аввалиндараҷа дода шуд. Пешвои миллат борҳо таъкид намуданд, ки сармоягузорӣ ба инсон, хусусан ба омӯзиши ҷавонон, омили асосии пешрафти давлат мебошад. Баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон ва истифодаи технологияҳои рақамӣ аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таъмини шуғли аҳолӣ, дастгирии ҷавонон ва занон низ дар маркази таваҷҷуҳи паём қарор доштанд. Ин нуќтаҳо нишон медиҳанд, ки сиёсати давлат пеш аз ҳама ба манфиати мо сокинони Тољикистон равона гардидааст. Дар баробари ин, Пешвои миллат ба масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳии шаҳрвандон ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ доданд. Ҳифзи сулҳу субот ва амнияти кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Инчунин муњтарам раис иброз доштанд, ки дар паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин арзишҳо фарҳанги миллии либоспӯшӣ мебошад, ки ҳамчун омили муҳими худшиносии миллӣ ва ифодаи ҳуввияти тоҷикона арзёбӣ мегардад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Либоси миллӣ танҳо як ҷузъи зоҳирӣ нест, балки он ойинаи таърих, тамаддун, ахлоқ ва фарҳанги миллати тоҷик мебошад». Риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, махсусан дар байни занону ҷавонон, ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи суннатҳои ниёгон мусоидат менамояд. Њамчунин дар паём зикр гардид, ки тақлид ба либосҳои барои фарҳанги мо бегона метавонад ба коста гардидани арзишҳои миллӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, мо сокинони Љамоати шањраки Чорсў, бахусус занону ҷавононро зарураст,ки дар интихоби либос ба меъёрҳои ахлоқӣ, анъанаҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангї таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Ҳамзамон, Пешвои миллат бар он таъкид карданд, ки тарғиби либоси миллӣ бояд бо дарназардошти талаботи замон сурат гирад. Омезиши анъана ва истифодаи нақшу нигори миллӣ дар либосҳои муосир метавонад фарҳанги либоспӯшии миллиро боз ҳам ғанӣ гардонад. Бояд гуфт, ки риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ яке аз роҳҳои муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мебошад. Ҳар яки мо бояд бо ифтихор арзишҳои миллии худро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда мерос гузорем. Инчунин муњтарам раис дар фарљом таъкид намуданд, ки иҷрои дастуру супоришҳои дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда масъулияти ҳар яки мост. Мо бояд бо ҳисси баланди масъулият, интизом ва ташаббускорӣ барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ саҳмгузор бошем ва омодагии њамаљонибаи хешро бањри таљлили сазовори Љашни бузурги миллат 35-солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистон дошта бошем. Боварии комил дорам, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат ва бо иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ мо сокинони ноњияи Муъминобод ба дастовардҳои боз ҳам бузург ноил мегардем. Њамзамон вобаста ба сиёсати ҳуқуқии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, таъмини адолат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, иҷрои дастуру супоришҳои дар паём зикршуда Набизода Набї Мирзонаим -прокурори ноњияи Муъминобод мушовири адлияи дараљаи 1 баромад намуда иброз дошт, ки дар паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои таҳкими ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ин масъалаҳо ҳамчун пояи асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва давлати демократӣ арзёбӣ мегарданд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки риояи қатъии қонун, эҳтиром ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ кафили сулҳу субот, амният ва рушди устувори давлат мебошад. Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки қонунро риоя намуда, ба тартиботи ҷамъиятӣ эҳтиром гузорад ва дар пешгирии қонуншиканиҳо саҳмгузор бошад. Яке аз масъалаҳои муҳимми дигаре, ки дар паёми имсола зикр гардид,ин риояи сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи неруи барқ мебошад. Ќайд намуданд, ки дар шароити имрӯза сарфакорона истифода бурдани барқ натанҳо талаботи иқтисодӣ, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафар ба ҳисоб меравад. Муњтарам Набизода Набї Мирзонаим ба њозирин таъкид намуданд, ки исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии нерўи барқ ба иқтисоди миллӣ зарар мерасонад ва нисбат ба чунин амалҳо чораҳои қатъии ҳуқуқӣ дар доираи санадњои меъёрии њуќуќї андешида мешаванд. Дар робита ба ин, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Кодексҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ, тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ҷавобгариро барои истифодаи ғайриқонунӣ, дуздӣ ва исрофи нерўи барқ пурзӯр менамоянд. Ин тағйиру иловаҳо барои таъмини адолат, пешгирии қонуншиканӣ ва баланд бардоштани интизоми ҳуқуқӣ равона гардидаанд. Иброз намуданд, ки татбиқи самараноки қонунҳо танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки мо шаҳрвандон дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошем. Аз ин рӯ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон, аҳамияти калон дорад. Мо бояд шаҳрвандонро ба риояи қонун, сарфакорӣ, эҳтиром ба моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ тарбия намоем. Њамзамон муњтарам Набизода Набї прокурори ноњия ќайд намуданд, ки яке аз нуќтаҳои муҳими паём ин рушди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва омода намудани мутахассисони касбї ба њисоб меравад Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи IT зарурати аввалиндараҷа дорад». Ҷалби ҷавонон ба омӯзиши технологияҳои муосир, барномасозӣ, хизматрасониҳои рақамӣ ва истифодаи технологияҳо дар идоракунӣ омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад, аз ин рў мо бояд дар ин самт фарзандони худро тарбия намоем, то ки аз илмњои муосир бархурдор бошанд. Ҳамзамон, ёдовар шуданд, ки дар паём ба масъалаи истифодаи самараноки замин, ки самти фаъолияти хољагидорони ноњия мебошад таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шуд. Таъкид намуданд, ки ҳар як қитъаи замин бояд оқилона истифода бурда шавад, зеро замин манбаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди иқтисоди ноњия ва кишвар мебошад. Баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар кишоварзӣ ва пешгирии бекор мондани замин аз вазифаҳои муҳими шаҳрвандон ва хоҷагидорон ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин,иброз доштанд, ки Пешвои миллат ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи сиёсати хориҷӣ, махсусан вобаста ба масъалаҳои обу иқлим, таваҷҷуҳ намуданд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои об, истифодаи оқилонаи он ва ҳамкории байналмилалӣ мавқеи кишварро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардоштанд. Ин ташаббусҳо ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд. Ҳамчунин, дар паём андешаи муҳим — «Ободониро аз хонаи худ оғоз намудан» таъкид гардид. Пешвои миллат изҳор доштанд, ки ободии кишвар аз масъулиятшиносӣ ва саҳми шахсии ҳар як шаҳрванд оғоз меёбад. Тозагии манзил, кӯча, маҳалла, муносибати сарфакорона ба табиат ва моликияти ҷамъиятӣ заминаи ободии ҷомеа мебошад. Дар фарҷом, бояд гуфт, ки таъмини ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вазифаи танҳо як ниҳод нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Танҳо бо риояи қонун, интизом ва ҳисси баланди масъулият метавонем ба рушди устувор ва зиндагии шоиста ноил гардем. Дар фарљом муњтарам раис ва прокурори ноњия дар самтњои мухталифи татбиқи нуќтаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорон љињати назорати истифодаи мақсадноки қитъаҳои замин ва пешгирии бекор намондани онҳо; Баланд бардоштани ҳосилнокии замин тавассути ҷорӣ намудани усулҳои муосири кишоварзӣ; Тарғиби фарҳанги истифодаи оқилонаи замин ва ҳифзи он ҳамчун неъмати миллӣ; Ҷалби аҳолӣ ба кишту кори иловагӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ; Тарғиби истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни аҳолӣ ва ташкилотҳо; Пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва исрофи неруи барқ; Дастгирӣ ва тарғиби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, бахусус вобаста ба об ва иқлим; Баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон оид ба нақши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ; Таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо; Татбиқи тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ дар фаъолияти амалӣ; Тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеа дар таъмини ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ; Таъмини тозагӣ ва ободии манзил, кӯча ва маҳалли зист; Иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободонӣ; Тарбия намудани ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист; Тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фарҳанги шаҳрнишинӣ вазифагузорињо ва дастуру супоришњои муфид доданд.silvenpsp.rusferurezki.ru

Маълумот !
Истифодабарандагони мехмон, (Гости), андешаи худро гузошта наметавонанд.