Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2017 ироа гардид, даъвати бузурге дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, иқдоми наве дар такмили худшиносии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ин ташабуси бисёр муҳим ва саривақтӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳангу маданияти бою ғании миллати тоҷик, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҷойҳои фарҳангию таърихӣ, пешниҳод намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз фарҳангу миллати тамаддунофари тоҷик дар ниҳоди хонандагон дар ноҳияи Муъминобод пайваста чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардида истодаанд.
Мавриди зикраст, ки маорифчиёни ноҳия бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ барои эҳё намудани фарҳанги волои халқи тоҷик, тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ ва зебоиофарӣ дар ниҳоди насли наврас беш аз пеш кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Дар ин раванд рӯзи 22 январи соли 2018 чорабинии умуминоҳиявии намоиши ҳунарҳои мардумии кормандони соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ 61 муассисаи таълимии ноҳия иштирок намуда, намоиши дастранҷии омӯзгорон, хонандагон ва кормандони муассисаҳои таълимии ноҳияро аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, ҷуроббофӣ, сабадбофӣ, чубтарошӣ, табақтарошӣ, кандакорӣ дар чӯб, кулолгарӣ, заргарӣ, хӯрокҳои миллӣ ба монанди қурутоб, шакароб, фатирмаска, фатирҳои қадмол ва ғайраҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур иштирок ва суханронӣ намуда, ба ташкилкунандагони чорабинӣ барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани намунаи ҳунарҳои мардумии минтақаи Хатлон баҳои баланд доданд. Махсусан намоиши ҳунарҳои мардумии омӯзгорон ва таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти иловагӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1,2,4,6,7,14,15,17,18,19,30 ва боғчаи бачагона аз ҷониби раиси ноҳия ва дигар тамошобинон баҳои баланд дода шуд. Сипас мудири шуъбаи маорифи ноҳия муҳтарам Олимҷон Табаров суханронӣ намуда, барои фаъолона иштирок намудан ва дар сатҳи бисёр баланд гузаронидани чорабинӣ ба ҳамаи иштирокчиён миннатдории хешро баён намуда, ваъда дод, ки ҳамаи иштирокдорони фаъоли чорабинӣ бо ифтихорномаи мудири шуъбаи маориф сарфароз гардонида мешаванд.
Иттилоъ аз шуъбаи маорифи ноҳия
silvenpsp.rusferurezki.ru