Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Баҳор- яке аз фаслҳои сол аст ва аз рӯи тақвими соли мелодӣ-моҳҳои март, апрел ва майро дар бар мегирад. Яке аз идҳое анъанавии милли халқҳои эронитабор, ки бо фарорасии ибаҳор ҷашн гирифта мешавад, байналмилалии наврӯз аст.
Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол аст. Ин фаслро зиндашавии табиат, арӯси сол меноманд.
Баҳор омад садои булбул омад,
Насими фораму бӯи гул омад.
Либоси сабзро саҳро ба бар кард,
Кулоҳи сап сафед олу ба сар кард.
Баҳор яке фаслҳои зеботарини сол дар кишварҳои дунё ба шумор меравад ва ба муносибати фарорасии баҳор дар давлатҳои ҷаҳон иду маросимҳои халқӣ гузаронида мешаванд.
Дар фасли баҳор ҳама мисли гул шукуфон мегарданд. Дар тамоми дунё баҳорро фасли зеботарин ва фасли ризқу рӯзӣ низ меноманд. Дар ватани азизамон
ин фаслро фасли пурфайз меноманд.
Баҳор фасли зеботарини сол ба шумор меравад. Дар фасли баҳор дарахтон гул карда, замин ҷомаи нав ба бар мекунад ва табиат аз нав зинда
мешавад. Дар фасли баҳор дили ҳар як шахс аз нав зинда мешавад, мисли замин.
Баҳор омад ба некрӯзӣ,
Бичин гулҳои наврӯзӣ.
Бипуш тоқии гулдӯзӣ,
Баҳори нав муборак бод.