Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Рӯзи 16.05.2018 дар арафаи моҳи Шарифи Рамазон дар асоси ҳидоятҳои Пешои миллат дар мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар аз 12.05.2018 раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо масъулин ва намояндагони Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон вохурӣ доир намуд.Дар вохурӣ раиси ноҳия бо далелҳои возеҳу рушан ба иштирокдорон мулоқот баргузор намуд. Пеш аз оғози чорабини раиси ноҳия аз фаъолиятҳои анҷомдодаи муасисаҳои маориф тандурустию фарҳанг, мақомотҳои худфаолияти ҷамъиятии ҳудуди Ҷамоат ошнои пайдо намуда дар мулоқот ба онҳо оиди корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ба муносибати "Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”, даҳсолагии байналмилаии амал "Об барои рушди устувор 2018-2028" ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои ояндасоз баён намуд. Аз руи суханронии раиси ноҳия нақша тадбирҳои амалисозии андешаҳо дар ҳудуди Ҷамоат қабул карда шуд.