Ҳидояти Пешвои миллат !
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Хатсайри ноҳия!
Санаи 28-январи соли ҷорӣ дар Беморхонаи марказӣ раиси ноҳия бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳия вохӯрӣ доир карданд. Дар вохӯрӣ муовинони раис, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Сардухтури ноҳия, духтурон, мудирони марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ширкат доштанд.
Ҳамзамон ҳособоти роҳбарияти соҳаи тандурустӣ ва як қатор мудирони марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тибӣ шунида шуд.
Раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур зимни баромадаш аз норасогии кардрҳои соҳа изҳори нигарони карда дастур доданд кадрҳои ҷавон, ки Донишгоҳи тиббиро хатм карданд ба ноҳия ҷалб карда шаванд. Ҳамзамон оиди Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар ин соҳа як қатор марказҳои саломатию бунгоҳҳои тибби ба нақша гирифта шуда сохтмонашон идома
доранд.
Дар маҷлис ба сардухтури ноҳия дастур доданд, ки аз утокҳои корӣ сар карда гирду атрофи беморхонаро тозаю обод карда ниҳолҳои ҳамешасабз, сояфкан, ва гулу гулбудаҳои шинонида ба барои озмуни Сайри лола, Наврӯз ва ҷашнҳои дигари миллиро сазовор истиқбол гиранд.