| « 2025 » | ||||||
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | |||||
| 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
| 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
| 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
| 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Ҳидояти Пешвои миллат !
«…Мардуми Муъминобод Шумо аз ин манзараҳои нотакрор, обҳои сарду дармонбахши чашмаҳо, боду ҳавои форам, заминҳои зархезу серҳосил, боғоти сермеваи шаҳдбор шукрона кунед. Шукрона кунед, ки Худованд ҳамаи муъҷизоти оламро дар ин макон бебаркаш ато кардааст. Дар замони шуравӣ ва пасошуравӣ ҷаҳонро гаштаму дидам. Маконеро пайдо кардан душвор аст, ки чун Муъминобод чор фасли сол зебогиҳои бемислу нотакрорро доро бошад».
Ватанро сидқан бояд дуст дошт !
Дар рузҳои 23-24-уми феврал дар ноҳия ҳашари ободонии умуминоҳиявӣ дар ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо ва боғу токзорҳо доир гардид, дар ҳашар зиёда аз 500 нафар барои нармкунӣ, сафедкунӣ, ва қайчикунии ниҳолҳо ба кор баромаданд, ҳамзамон тоза намудани роҳу роҳравҳо ва ҷуйборҳо аз ҷониби масъулин амали гардида дар ҳамин руз аз тарафи оилаи Ҷобировҳо дар деҳаи Тебалай ба дарозии 1300м мумфарш корҳо оғоз гардид. Раиси ноҳия муҳтарам Амиршозода Тоҳирхон Темур ба ин оилаи саховатпеша барори кор тамано намуда ба масъулин дастур доданд, ки дар ҳар як деҳа саховатмандону эҳсонкоронро ба ин кори хайр ҷалб намоянд.