Баҳодиҳии сомона
Баходихии сомона
Беҳтарин
Бад не
Наонқадр хуб
Маҳқул нашуд
Хуб

Тақвими хабарҳо;
«    Май 2017    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 
Хабарҳои охирин
Бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва ваҳдати комилу сар- тосарии давлат, ноҳия дар радифи дигар дастовардҳои замон бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои...
Иҷроиши қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Муъминобод аз ҳисоби андозҳои маҳалли дар семоҳаи якуми соли 2017 ба ҷои 2180303...
Рӯзи 24 майи соли ҷорӣ Конференсияи 12-уми ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки раиси но&#я1203;и Амиршозода Тоҳирхон Темур, раиси ҲХДТ дар ноҳия...
Рӯзи 23 майи соли ҷорӣ бахшида Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар майдони варзишгоҳи ноҳи чорабинии фарҳангии баргӯзор гардид, ки дар...
» » Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум

Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум

0
Илова: adminn, 7-10-2015, 07:10 | Дида шуд: 168
Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум
Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум



Санаи 23-юми сентябри соли 2015 расми тантанавии супоридани 16 адад мотосикл ва бо сертификати ҳуқуқӣ таъмин намудани мутахассисони соҳаи бойтории ноҳияи Муъминобод доир гардид. Раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур чорабиниро ҳусни оғоз бахшида қайд намуданд, ки;
Бо баракати соҳибистиқлолӣ ва ҳадафҳои ояндасози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Президенти муаззами кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пайгиронаи рушд роҳандозӣ шуда, мавриди амал қарор дода шудааст.
Дар ин маврид метавон Лоиҳаи Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлонро, ки аз тарафи Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО) дар ноҳияи Муъминобод хеле самарабахш амалӣ гашта истодааст, ёдовар шуд.

Тавассути ин лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳ», ки аз соли 2012 дар ноҳия фаъолият дорад, ба имрӯз 40 адад ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳоро таъсис дода, 26 адади онро бо мизу курсӣ, дастгоҳҳои чопӣ ва дигар ашёву лавозимотҳои корӣ таъмин намудааст.
Лоиҳа дар мавриди омодасозии мутахассисон 15 нафар мутахассисони соҳаи чорводориро ба омӯзиш фаро гирифтааст, ки дар оянда метавонад кори соҳаи бойториро дар низоми талаботҳои меъёрӣ ба роҳ монанд.
Ҳамзамон Раиси ноҳия аз мутахассисони соҳа талаб ва таъкид намуданд, ки устувории лоиҳаро таъмин ва ба халқу миллат содиқона хизмат намоянд.
«Тавассути хизмати аҳлонаву ҳалоли мутахасисони соҳа саршумор зиёд, сифати истеҳсол қавитар мегардад ва яке аз самтҳои соҳаи кишоварзӣ рушд меёбад, ки ин дар пиёда намудани хидоятҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Точикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 дар рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд».- афзуд Раиси ноҳия Амиршозода Тоҳирхон Темур.
Ҳамзамон дар чорабинӣ
Нусратуло Мусоев -Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Виорел Гуцу -Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон, Исроилов Сиҷовуддин -намояндаи Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо, Доктор Меҳрубонӣ Мушовири ФАО дар Осиёи Марказӣ, Шералӣ Вазиров сардори Хадамоти бойтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Розиқов Насрулло сардори хадамоти назорати давлатии бойтории видояти Хатлон, Саллоев Вафо- сардори хадамоти назорати давлатии бойтории минтақаи Кулоб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод



Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум
Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум
Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум
Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум
Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум
Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум
Рушди соҳаи кишоварзӣ омили беҳдошти некуаҳволии мардум

silvenpsp.rusferurezki.ru
Қисмат: Чорабинихо
Меҳмони азиз шумо дар сомона ҳамчун истифодабарандаи бақайдногирифташуда даромадед.
Мо ба шумо тавсия медиҳем киБақайд гиред ё ин ки дар сомона бо номи худ дароед.